Загрузил GREZOV GREZOV

КТМ АИСКН 2021 2022

Реклама
Вазорати моариф ва илми Ҷумурии Тоҷикистон
Муассисаи таълимии давлатии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик
Б. Ғафуров
Факултети геоэкология ва туризм
Кафедраи геоэкология ва методикаи таълим
Комплекси таълимӣ – методӣ
аз фанни
Асосҳои истеҳсоли саноат кишоварзӣ ва нақлиѐт.
Хуҷанд – 2023
1
МУЌАДДИМА
Асосњои иќтисодиѐт ва саноат дар љамъият тарафњои зиѐди гуногун дорад. Ба асоси
иќтисодиѐт, саноат ва кишоварзї дохил мешаванд: техника, истењсолот, техналогия,
истеҳсоли мол, муносибатҳои иќтисодї, саноат ва кишоварзї. Дар ин ҷо савол ба миѐн
меояд: дар ин ҳолат предмети иќтисодиѐт, саноат ва кишоварзї аз чи иборат мебошад?
Барои ҷавоб ба ин савол, мо пеш аз ҳама, аз номгӯи мазкур бояд номи объекти дигар
фанҳоро хориҷ кунем. Масалан, техника ва техналогия аз соҳаи омӯзиши асосњои иқтисодї
берун мебошад. Асосњои иқтисодиѐт, саноат ва кишоварзї таърихан илмест, ки дар маркази
диққати он омӯзиши муносибатҳои географияи иқтисодӣ байни синфҳо ва гурӯҳҳои саноати
истењсолї қарор дошт. Ин намуди муносибатҳо асосан ба намуди сарватњои табиӣ ва бањои
иќтисодї ба онњо мебошад, вобастагӣ дорад.
Мусаллам аст, ки дар соҳаи маориф пешравиҳои назаррасу комил ба чашм мерасад ва
мукотибаи хаттии байниҳамдигарӣ, раванди самарабахши он ба суръати баланди тараќќиѐти
техникаи муосир дар асри XXI ба вуљуд омад, ки ихтирои мошинаҳои махсуси барои соњањои
саноат, љамоварии мањсулоти кишоварзї ба гурӯҳи зиѐди одамон мусоидат намуд. Маҳз бо
воситаи истифодаи технологияи муосири иттилоотию коммуникативӣ инсон метавонад
шахсият ва мавқеи худро ба вуҷуд оварад.
Аз ин лиҳоз, зарурате ба миѐн меояд, ки бояд инсон барои зистан дар шароити нави
ҳаѐт, яъне дар муҳити автоматикунонидашудаи иттилоот омода бошанд ва бар замми ин аз
самаранок истифодабарии технологияҳои муосир дар коркарди мањсулоти соњањои саноат,
кишоварзї ва тарзҳои ҳифзи онњо, саноати истењсолї барои ташаккули рушди иќтисодиѐт,
саводнокии иттилоотии комуникативии инсон, назаррас бошад.
МАВЗӮИ 1. МАҚСАД ВА ВАЗИФАИ ФАННИ АСОСЊОИ ИЌТИСОДИЁТ,
САНОАТ ВА КИШОВАРЗЇ.
ҚУВВАҲОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДА ВА
СОЊАЊОИ ИСТЕЊСОЛОТИ НЕЪМАТЊОИ МОДДӢ.
НАҚША:
Соҳаҳои истеҳсолот ва техналогияи соҳаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ
Ќуввањои истењсолкунанда дар истеҳсоли неъматҳои моддӣ
Соҳаи кишоварзӣ ва роли он дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ
Соҳаҳои савдо ва роли онҳо дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ
Ќонуниятњои инкишоф ва љойгиршавии унсурњои комплексњои истењсолии мамлакат
(ањолї, саноат, кишоварзї, сохтмону савдо, наќлиѐт ва ѓайра) ва ноњияњои алоњида дар
кураи Замин илми љамъияти буда, дар асоси ќонуниятњои љамъиятӣ амал мекунад. Фањмиши
илмњои иќтисодиѐт ва саноат аз он гувоњи медињад, ки дар љараѐни инкишофи тӯлонии худ
(аз сода ба мураккаб, аз маълум ба номаълум ва аз шакли паст ба олй) якзайл ба ќисмњои
махсус таќсим шуда, шохањои гуногунро ба амал овардааст. Ин ќисмњо бо њам зич
алоќаманданд ва дар асоси ягонагии томи диалектикї (таълимот дар бораи ќонунњои кули
инкишофи табиат, љамъият ва таффакур) инкишоф меѐбанд.
Вазифањои муњимтарини иќтисодиѐт - омӯхтани инкишоф ва љойгир кардани
истењсолот дар мавќеи муайян дар шароити мутобиќи муњити географї: омӯхтани таъсири
шароити табий ва хусусиятњои инкишоф ва љойгиркуни, шакл ва равияњои истифода
намудани унсурњои табиат ба манфиати љамъият буда, њалли онњо зарурати донишњои
соњањои саноатро талаб менамояд.
Инсон бояд алоќамандии унсурњои неъматњои моддирро ба назар гирад. Тараќќиѐти
љамъият аз рӯйи тарзи истењсолоти љамъиятї, муносибатњои истењсолї ва дараљаи инкишофи
ќуввањои истењсолкунанда муайян карда мешавад. Ин омилњо дараљаи таъсири инсонро ба
табиат низ муайян мекунанд. Дар он оид ба хусусиятњои инкишоф ва љойгиронии ќуввањои
истењсолкунанда (саноат, кишоварзй, наклиѐт, сохањои ѓайриистењсолї), маълумот медињад.
Ба таври куллӣ тағйирѐбии муносибатҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ, сохторҳои хоҷагидорӣ
ва истифодабарии сарватҳои табиӣ дар назди мутахассисони соҳаҳои гуногуни
истеҳсолкунанда, идоракунанда яке аз вазифаҳои басо муҳим ва ҳалталаб беҳтар намудани
шароити ҳозираи иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани доираи ҷаҳонбинии техникию
иқтисодии мебошад.
Мақсади асосии фан бо соҳаҳои асосии фаъолияти асосҳои техникии истеҳсолот, бо
сохторҳои технологӣ ва сарфаи ашѐи хом, сӯзишворӣ, қувваи барқ, маводҳои ѐрирасон,
1.
2.
3.
4.
2
истеҳсоли он, истифодабарии он дар истеҳсолот омилҳои қувваи ҷойгиршавии он шинос
намудан аст. Омӯхтани маводҳои ин фан барои ҳосилшавии донишҳои иқтисодӣ-географӣ ва
пайдарҳам дарк намудани қонуниятҳои ҷойгиршавии истеҳсолот, ташкили маҷмааи
истеҳсолӣ, агломератсияи истеҳсолот ва ташкили территориявии он маълумот медиҳад.
Пеш аз ҳама додани маълумот оид ба қуваҳои истеҳсолкунандаи соҳаи истеҳсолот
дарки маънои сохторҳои хоҷагии халқ ҳамчун маҷмааи ягонаи хоҷагӣ дар истеҳсолот,
гурӯҳбандии соҳаҳои саноат ва сохтори стандарткунонии саноати дар шароити
ташаккулѐбии прогресси илмӣ-техникӣ; шароит ва омилҳое, ки ба истеҳсолот таъсир
мерасонад. Соҳаҳои саноати истеҳсолкунанда ва коркардабарояндаро ба гурӯҳҳои “А” ва
“Б” яъне дар бораи “Консентратсия”, “Тахассусгардонӣ”, “Стандарткунонӣ”,
“Кооперативонии истеҳсолот,” Комбинат ва ғайраҳо номида мешавад.
Технологияи коркарди маҳсулоти кӯҳӣ, маҷмааи саноати сӯзишворӣ-энергетикӣ,
маҷмааи байнисоҳавии саноати кимѐвӣ, маҷмааи байнисоҳавии саноати металлургӣ ва
мошинасозӣ, маҷмааи агросаноатӣ ва роли он дар ташкили истеҳсолоти ҷамъиятӣ.
Асосҳои иќтисодиѐт, саноат ва соҳаҳои кишоварзӣ коркарди замин ва талаботҳои
экологӣ ба он, шаклгирии маҷмааҳои махсуси агросаноатӣ, чорводорӣ ва мавқеи он дар
соҳаҳои кишоварзӣ, маҷмааи байнисоҳавии соҳаи нақлиѐт. Тавсифи муқоисавии соҳаҳои
нақлиѐти роҳи оҳан, баҳрӣ, дарѐӣ, автомобилӣ, ҳавоӣ ва қубурӣ. Роли нақлиѐт дар истеҳсол
ва коркарди маҳсулот дар сохторҳои гуногуни хоҷагии халқ.
Мутахассиси географияи иқтисодӣ, профессор Н.Н. Баранский аҳамияти фанни
Асосҳои иқтисодии истеҳсолотро барои географҳо чунин таъриф менамояд. Донишҳои
техникӣ барои географ-иқтисодчӣ аҳамияти ѐрирасонро дорост ва он фанни зарурӣ мебошад.
Географ-иқтисодчӣ бояд дар бораи соҳаҳои асосии паҳншудаи истеҳсолот, тарзи истеҳсоли
маҳсулотҳои он маълумот пайдо намояд. Бе ин унсурҳои дониш географ – иқтисодчӣ оид ба
ҷойгиршавии соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ маълумот пайдо карда наметавонад.
Дар хоҷагии халқ саноат мавқеи пешбаранда дошта, монанди дигар соҳаҳои
хоҷагидорӣ дар натиљаи тақсимшавии меҳнат ба вуҷудомадааст.
Аввалин зинаи соддаи тақсимоти меҳнат ин људошавии чорводорӣ аз заминдорист.
Дигар зинаҳои тақсимоти меҳнат, ки сабаби асоси бавуҷудоии шаҳрҳост, људошавии
ҳунармандӣ аз заминдорӣ мебошад. Зинаи саввумин тақсимшавии меҳнат ин бавуҷудоии
соҳаи савдо мебошад. Ин соҳаҳо дар истеҳсол ва коркарди қувваҳои асосии истеҳсолкунанда
ба шумор меравад.
Дар давраи феодализм дар шаҳрҳо ҳунармандӣ ташаккул ѐфта, ба соҳаҳои алоҳида људо
мешавад, ки дар натиҷа чармгарӣ, пойафзолдӯзӣ, коркарди шиша, оҳангарӣ, кулолгарӣ,
дуредгарӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолот ба вуҷуд меоянд.
Дар давраи капитализм тақсимшавии меҳнат дар саноат ба дараҷаи аъло мерасад.
Соҳаҳои нав ва мустақил ба вуҷуд меоянд. Соли 1913 саноат аз 20 соҳаи алоҳида иборат
бошад алҳол он ба 160 соҳаи алоҳида ва ба зиѐда аз 500 намуд ҷудо мешавад. Соҳаи саноати
муосир муассисаҳои алоҳидаи саноатеро дар бар мегирад, ки ба он фабрикаҳо, заводҳо,
электроистгоҳҳо, (конҳо, шахтаҳо ва дигар соҳаҳо ки маводи истеҳсолотро ба вуҷудоранд
дохил мешаванд. Инчунин ба он истеҳсоли сӯзишворӣ, ашѐи хом, маҳсулотҳои ҷангал,
истеҳсол ва коркарди маҳсулотҳои баҳр - моҳидорӣ низ дохил мешаванд. Соҳаи саноат дар
хоҷагии халқ аз рeи нишондодҳо яке аз ҷойҳои асосиро ишғол мекунад. Соҳаи саноат
маводҳои меҳнатиро барои дигар соҳаҳои хоҷагии халқ муҳайѐ месозад. Ду типи асосии
муассисаҳои саноати аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ки ба ин завод ва фабрика дохил мешавад.
Завод чунин муассисаи саноат мебошад, ки он асосан барои истеҳсоли олоти истеҳсолот хос
гардонида шудааст. Фабрика чунин муассисаи истеҳсолоти саноатӣ мебошад, ки ба он
истеҳсоли маҳсулотҳои соҳаҳои саноати сабук ва озуқаворӣ дохил мешавад.
Муассисаҳои саноатӣ-завод ва фабрикаҳо звеноҳои асосии соҳаҳои саноат буда, аз
ҳамдигар аз рӯи сохторҳои истеҳсолӣ ва техникӣ фарқ мекунанд. Муассисаҳои истеҳсолӣ аз
рӯи истеҳсолот содда ва маҷмааӣ мешаванд, ба муассисаҳои истеҳсолкунандаи ашѐи хом
соҳаи саноати металургия, бофандагӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд. Омилҳои техникию
технологӣ ва прогресси техникӣ омилҳое мебошад, ки ба истеҳсолот ва ҷойгиркунии он
таъсири калон мерасонанд.
Омилҳои баландбардории соҳаи истеҳсолот паст намудани сарфаи ашѐи хом,
сӯзишворӣ, захираи оби истифодаи нақлиѐт пеш аз ҳама ба истифодабарии техника ва
3
технология вобастагӣ доранд. Бинобар ин ҳар як географ-иқтисодчӣ бояд барои
баландбардории дониши худ, ташаккули техникии истеҳсолотро омӯзад.
Асоси хоҷагии халқро соҳаи кишоварзӣ ташкил менамояд, ки баъд аз соҳаи саноат
соҳаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар системаи хоҷагии халқ мавқеи асосиро соҳаи хоҷагии
кишоварзӣ ташкил менамояд, он асоси дастрасткунандаи озуқаворӣ барои ҷамъияти инсонӣ
ва маҳсулоти хошоки чорво, ашѐи хом барои соҳаи саноат мебошад.
Манбаи ҳаѐти ин мебошад. Тараққиѐти соҳаҳои саноат, аз қаннодӣ, истеҳсоли равған ва
шир ба соҳаи кишоварзӣ такя мекунад, ки 80 % ин соҳаи саноат ба маҳсулоти соҳаи
кишоварзӣ вобаста аст. Соҳаи кишоварзӣ дар собиқ шӯравӣ ду шакли идоракунӣ давлатӣ
(совхозҳо) ва кооперативӣ, (колхозҳо) амал мекард, дар шароити имрӯзаи гузариш ба
иқтисоди бозоргонӣ шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ба монанди хоҷагиҳои деҳқонӣ,
кооперативӣ, шахсӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва ғайраҳо ба он илова шуданд.
Замин асоси истеҳсолоти хоҷагии кишоварзӣ ба шумор меравад, ки инсоният онро аз
ҷиҳати кимѐвӣ, геологӣ ва механикию физикӣ ҳамчун манбаи истеҳсолот истифода мебарад.
Асоси истеҳсолоти кишоварзиро ҳосилнокии замин ташкил мекунад. Вақти истеҳсоли
маҳсулот ва қувваи корӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба шароити табии маҳал ва обу ҳаво эътибор
медиҳанд. Организмҳои зинда ҳайвонот ва растанӣ дар рафти истеҳсолот бо хусусиятҳои
мураккаби биологӣ ва физиологии худ таъсир расонида, олоти истеҳсолот ба шумор
мераванд.
МАВЗӮИ 2. САРВАТҲОИ ТАБИӢ. АШЁИ МИНЕРАЛӢ, ЗАХИРАҲОИ ЗАМИНӢ,
ОБӢ ВА ҶАНГАЛПАРВАРЇ
НАҚША:
1. Захираҳои ашѐи минералӣ
2. Захираҳои заминӣ
3. Захираҳои об
4. Захираҳои ҷангал
Сатҳи кураи Замин дорои захираҳои беҳамтою гуногуни табиӣ мебошад, вале дар ҳама
қитъаю материкҳо баробар ҷойгир нашудаанд. Шумо аз дарсҳои гузаштаи география
медонед, ки захираҳои табиӣ ба навъҳои захираи ашѐи минералӣ, Замин, манбаи об, ҷангал
ва ғайра тақсим мешаванд. Дар навбати худ онҳоро ба навъҳои барқароршаванда ва
барқарорнашаванда ҷудо мекунанд. Нобаробар ҷойгиршавии онҳо дар сатҳи Замин, пеш аз
ҳама ба шароитҳои иқлимию гуногунии ҷараѐни пайдоиши канданиҳои фоиданок дар
давраҳои гузаштаи геологӣ вобаста аст. Ин боиси нобаробар пайдо ва тақсимшавии
захираҳои табиӣ дар ҳама ноҳияи мамолики ҷаҳон гардидааст. Масалан, қисми зиѐди
давлатҳои Осиѐю Амрикои Ҷанубӣ бо бешаҳои тропикӣ ва давлатҳои Шарқи Наздик
бошанд, бо захираи нафту гази табиӣ фарқ мекунанд.
Дар дунѐ давлатҳое ҳастанд, ба мисли ИМА, Русия ва Ҷумҳурии мардумии Чин
(Хитой), ки қариб бо тамоми навъи сарватҳои табиӣ таъминанд. Ба ин гурӯҳ Њиндустон,
Бразилия, Австралия ва боз якчанд давтаҳои дигар ҳам (гарчанде бо баъзе навъи сарватҳои
табиӣ аз давлатҳои номбурда қафо меистанд, вале онҳоро низ ҳамчун мамлакатҳои бо
захираи сарватҳои табиӣ таъминбуда эътироф мекунанд) дохил мешаванд.
Умуман, дар сайѐраи мо давлате вуҷуд надорад, ки ин ѐ он навъи сарвати табиӣ
надошта бошад. Њангоми кам ва ѐ набудани ин ѐ он навъи захираи табиӣ ба дигар давлатҳо
муроҷиат мекунанд. Бо вуҷуди дар ҳудуди Љопон набудани бисѐр навъҳои захираҳои табиӣ
бо истфиода аз ашѐи хом, сӯзишвории кашонда ва комѐбиҳои илму техника ба дараҷаи
ниҳоят баланди пешрафти иқтисодӣ ноил гардидааст. Бар хилофи Ҷопон давлатҳои зиѐде
вомехӯранд, ки бо вуҷуди захираҳои зиѐди сарватҳои табиӣ дараҷаи инкишофи иҷтимои
иқтисодии онҳо назарнорас аст.
Њамин тавр, нобаробар ҷойгиршавии сарватҳои табиӣ дар кураи Замин аз як тараф ба
ҷараѐни тақсимоти байналмилалии меҳнат ва муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ
имконият медиҳад, аз тарафи дигар ба аксари давлатҳое, ки аз норасоии сарватҳои табиӣ
танқисӣ мекашанд, мушкилиҳои иловагӣ љам мекунад.
Яке аз роҳҳои истифодаи сарватҳои табиӣ ин баҳои иқтисодӣ додан ба ҳаҷму сифату
тарзи истифодабарии онҳо мебошад. Сарфи назар аз давлатҳои мутараққӣ дар аксари
мамлакатҳо ба ин масъала диққати ҷиддӣ намедиҳанд, ки боиси талаф ва ғайриоқилона
истифодабарии миллионҳо тонна захираи бебаҳои сарватҳои табиӣ мегардад.
4
Њамин тавр, сарватҳои табиӣ яке аз омилҳои муҳими инкишофи ҷамъияти инсонӣ
мебошанд ва танҳо истифодаи оқилонаи онҳо дар асоси пешрафти комѐбиҳои илму техника
боиси пурзӯр гардидани иқтидори иқтисодии ин ѐ он мамлакат хоҳад гашт.
Захираҳои ашѐи минералӣ - Канданиҳои фоиданок аз қадимулайѐм ҳадафи фаъолияти
меҳнатии инсон буданд. Ин ҳолат дар замони чунин давраҳои таърихии тамаддуни ҷамъияти
инсонӣ, мисли асри сангин, асри биринҷӣ, асри фулузот таҷассум ѐфтанд. Мувофиқи ҳисоби
олимон инсоният дар тӯли тамоми ҳастиаш аз қаъри Замин 180 млрд тонна ангишт, 85 млрд
тонна нафт, 40 млрд тонна маъдани оҳан, 280 млн тонна маъдани мис истихроҷ кардааст.
Дар айни замон соле аз қаъри Замин зиѐда аз 100 млрд тонна ашѐи гуногуни минералӣ ва
сӯзишворӣ истихроҷ карда мешаванд, ки агар ба қатораҳо бор кунем, пас дарозии ин
қатораҳо (вагонҳои роҳи оҳан) ба 700 ҳазор километр мерасад ва ин дарозӣ метавонад, ки
атрофи хати экваторро 17 маротиба печонад.
Таҳқиқоти геологӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки захираи навъҳои гуногуни канданиҳои
фоиданок дар кураи Замин як хел нест.
Захираи ҷаҳонии баъзе навъи канданиҳои фоиданок
Њаљми умумии
Маълумот (сол)
Навъи канданиҳои фоиданок
Ангишт
891531млн. тонна
2014
Нафт
192млрд. тонна
2014
2,4млрд. тонна
2010
Маъдани оҳан
175 трнл м3
2014
Гази табиӣ
Ангишт
Нафт
Осиѐи ҷанубу Шарќї
Осиѐи Ҷанубу Шарќї
Аврупо
ИДМ
Давлатњои боќимонда
Аврупо
ИДМ
Амрикои Шимолї
Амрикои Љанубї
Африќо
Австралия
Осиѐ
Амрикои Лотинї
Осиѐ
Амрикои Шимолї
ИДМ
Африќо
Аврупо
Шарќи наздик ва
миѐна
Канада
Австралия
Ќазоќистон
Давлатњои боќимонда
Тавре маълум аст, ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок дар сатҳи Замин ба қонуниятҳои
геологӣ сахт алоқаманд мебошад.
Захираҳои сӯзишворӣ пайдоиши таҳшинӣ дошта, аксар дар қабат ва ҷойҳои қатшудаи
платформаҳои қадима вомехӯранд. Муайян карда шудааст, ки дар кураи Замин қариб 4 ҳазор
ҳавзаю кони ангишт вуҷуд дорад, ки дар якҷоягӣ 15 дарсади сатҳи хушкиро дар бар
мегиранд. Захираҳои калонтарини ангишт дар қисмати шимолии қитъаи Осиѐ, Амрикои
Шимолӣ ва Аврупо паҳн гардидаанд. Њавзаҳои бузургтарини ангишти ҷаҳонӣ дар Русия
(6800 млрд тонна), ИМА (3600 млрд тонна), Чин (1500 млрд тонна), Австралия (700 млрд
тонна), Канада (550 млрд тонна) ва ғайра ҷойгир шудаанд.
Миқдори ҳавзаҳои кашфшудаи нафту газ дар кураи Замин бештар аз 600 ва
истихроҷшаванда қариб 460 буда, миқдори умумии конҳои нафт бошад, ба 50 ҳазор мерасад.
Захираҳои зиѐди нафт дар нимкураи Шимолӣ дар қабати ҷинсҳои давраи мезозой воқеанд.
Аз рӯйи миқдори ҳавзаҳои бузурги нафт халиҷи Форс ва ҳавзаҳои газ Сибири Ѓарбӣ фарқ
мекунанд.
Уран, ки барои ҳавзаҳои истеҳсоли энергияи атомӣ зарур аст, дар кураи Замин ба
миқдори зиѐд паҳн шудааст. Захираҳои таҳқиқшудаи уран қариб 1,5 млн тонна буда, бештар
5
дар Австралия, Канада, ИМА, давлати Африкаи Љанубї, Нигерия, Бразилия, Намибия ва
Русия маълум карда шудаанд.
Канданиҳои фоиданоки маъданӣ одатан дар ҳудуди шикастаҳои платформаҳои
қадимаи қисмати чиндори кураи Замин пайдо шудаанд. Дар чунин ҷойҳо маъданҳо баъзан
бо дарозӣ хеле кашол ѐфта, минтақаҳои калони маъданиро ташкил кардаанд (минтақаи
маъдании Алпу Њимолой, Уқѐнуси Ором ва ғайра). Қаламрави ин минтақаҳо заминаи
ташаккули саноати маъдани кӯҳӣ буда, аксар тахассуси хоҷагидории ноҳияҳои алоҳида ва
як қатор давлатҳоро муайян мекунанд. Мавҷудияти канданиҳои фоиданоки маъданӣ омили
муҳимми пешрафти иқтисодии ин ѐ он мамлакат аст. Хусусан, маъдани оҳан дар ҳаѐти
гузаштаю ҳозираи инсоният мавқеи бағоят бузург дошт. Њавзаҳои калони маъдани оҳан дар
Руссия, ИМА, Чин, Њиндустон ва ғайра ҷойгиранд. Кофтуковҳои геологӣ солҳои охир
захираҳои калони маъдани оҳанро дар мамлакатҳои Осиѐю Африка ва Амрикои Лотинӣ
муайян намуданд.
Аз металлҳои ранга бештар алюминий паҳн шуда, захираҳои калони ашѐи хоми он
(боксит, нефелин, алунит ва ғайра) дар Фаронса, Италия, Њиндустон, ИМА, ғарбии Африка,
давлатҳои ҳавзаи баҳри Кариб ва Русия воқеанд.
Мамлакатҳои Замбия, Зоир, Чили, Канада аз захираи мис, ИМА, Канада, Австралия аз
руҳу сурб Сингапур, Малайзия, Боливия бошанд, аз қалъагӣ бойанд.
Дар айни замон на ҳамаи мамлакатҳои мутараққӣ миқдори кофии маъдани металлӣ
доранд ва ҳамеша муҳтоҷи дигар давлатҳо мебошанд. Масалан, Олмон аз маъдани оҳан,
Италия аз мис, Фаронса аз металлҳои ранга ва Љопон бошад, аз захираи саноатии қисми
зиѐди маъданҳо танқисӣ мекашанд. Аз рӯйи захираю истихроҷи як қатор маъданҳои металлӣ
мамлакатҳои рӯ ба инкишоф мақоми баланд доранд: Габон – марганетс, Чили, Замбия, Зоир,
Перу, Мексика- мис, Бразилия, Њиндустон- оҳан, Гвинея, Ямайка, Суринам – боксит ва
ғайра.
Дар ҷаҳони имрӯза аҳамияти ашѐҳои хоми минералии химиявӣ – сулфуру фосфоритҳо,
намаки калий, инчунин масолеҳи бинокорӣ, графит ва ғайра низ калон аст. Дараҷаи
паҳншавии онҳо дар кураи Замин як хел нест. Масалан, масолеҳи бинокорӣ қариб дар ҳама
ҷо, вале фосфориту сулфур ва графит дар як қатор мамлакатҳо нисбатан кам вомехӯранд.
Чунин ҳолат на ин ки барои барпо кардани саноати истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, балки
ба тахассуси хоҷагидории ҳар мамлакат таъсири назаррас мерасонад.
Њоло дар кураи Замин конҳои хушсифату дастраси сарватҳои зеризаминӣ хеле кам
шудаанд. Чунончӣ, коркарди босуръати конҳои маъдани оҳан дар Лотарингия (Фаронса),
Урал (Русия), Кӯлҳои Бузург (ИМА), конҳои мис дар Замбияю Зоир, фосфорит дар Науру
боиси қариб тамомшавии захираҳои онҳо гардидааст.
Аз тарафи дигар, аз миқдори ниҳоят зиѐди ҷинсҳои кӯҳӣ, ки аз қаъри Замин истихроҷ
мешаванд, танҳо каме аз 20 дарсад бештараш барои истеҳсоли маҳсулоти тайѐр истифода
мешаваду халос. Тавассусти чунин истифодаи нооқилона дар таркиби партовҳо солҳои зиѐд
садҳо миллиард тонна ҷинсҳои кӯҳӣ ҷамъ шудаанд, ки дар таркибашон миллионҳо тонна
металлу дигар партовҳои барои саноати химияю масолеҳи бинокорӣ зарур маҳфуз
мебошанд.
Самаранок истифодабарии захираҳои минералӣ ба таври маҷмӯи истифодабарии
онҳоро тақозо мекунад. Ин маънои онро дорад, ки дар ҷараѐни истеҳсолот ашѐи хом пурра
ба маҳсулоти тайѐр табдил меѐбад.
Аксари донишмандон такроран истифодабарии захираҳои табииро тавсия додаанд.
Яъне, партовҳои саноатии як соҳа барои соҳаи дигар ашѐи муҳим шуда метавонад. Масалан,
ҳангоми коркарди маъдан дар саноати кӯҳӣ аз он партовҳо боқӣ мемонанд, ки онҳо дар
назди фабрикаҳои маъдантозакунӣ ғарамҳои бузургро ташкил медиҳанд. Ин ғарами
партовҳо барои саноати масолеҳи бинокорӣ ашѐи хоси асосӣ буда, аз он хишту шағал,
сементу оҳак ва ғайра тайѐр кардан мумкин аст.
Мамлакатҳои Аврупои Ѓарбӣ, ИМА ва Љопон дар ҷодаи ба таври маҷмӯи
истифодабарии ашѐи хом ва партовҳои саноатӣ ба дараҷаи баланд ноил гаштаанд. Онҳо аз
чунин партовҳо миқдори хеле зиѐди металлҳои алюминий, мис, металлҳои рангаю нодир ва
ғайра истеҳсол менамоянд.
Њамин тариқ, захираҳои минералӣ сарчашмаи муҳими ашѐи хоми гуногун барои
иқтисодиѐти ҷаҳонӣ мебошанд. Онҳо дар сайѐраи мо вобаста ба сохти геологӣ он
6
нобаробаро ҷойгир шудаанд. Қисме аз захираи канданиҳои фоиданок дар натиҷаи
истифодаи ғайрисамаранок хароб ва ѐ тамом шуда истодаанд. Комѐбии илму техника ба
истифодабарии такрории захираи канданиҳои фоиданок дар оянда мусоидат менамояд.
Захираҳои заминӣ - Замин яке аз захираҳои муҳимми табиат ва манбаи ҳаѐт мебошад.
Сатҳи хушкӣ 29 дарсади қабати болоии Заминро ишғол мекунад. Миқдори умумии захираи
замини ҷаҳонӣ ба 13,1 млрд га баробар аст, вале на ҳама қисматҳои он барои истифодабарӣ
мувофиқанд. Заминҳои киштшаванда қимати зиѐд дошта, 88 дарсади маҳсулоти истеъмолии
одамонро медиҳанд. Заминҳои киштшаванда аз 25 то 32 млн км2 –ро ишғол карда,
боқимондаро кӯҳу яхбандиҳои доимӣ, биѐбону пиряхҳо ва ботлоқу бешаҳои касногузар дар
бар мегиранд. Фазои калони қутбӣ дар Гренландия ва шимолии Русияю Австралия ва ғайра
барои кишту кор мувофиқ нестанд. Миллионҳо гектар замин дар зери маҳалҳои
аҳолинишини шаҳру деҳот, роҳҳои нақлиѐт, хатти барқ, обанбору заминаҳои ҳарбӣ ва дигар
иншоотҳо банд мебошанд.
Заминҳои киштшаванда асосан дар минтақаи беша, бешадашт ва дашти кураи Замин
паҳн шудаанд. Аҳамияти заминҳои чарогоҳу марғзор низ кам набуда, онҳо бештар аз 10
дарсади талаботи ба хӯрокворӣ доштаи инсониятро таъмин мекунанд.
Замини киштшавандаи ҷаҳон бештар дар нимкураи шимолӣ-қисми ғарбию шарқии
Аврупо, ҷануби Сибир, қисми шарқӣ, шимолу шарқӣ ва ҷануби Осиѐ, ҳамвориҳои Канада ва
ИМА паҳн шудааст.
Захираи замини дунѐ ва қитъаҳои калон
(бо ҳисоби %)
Фонди умумии Заминҳои хоҷагии
Қитъаҳо
Марғзору Беша Заминҳои
замин
дигар
кишоварзӣ, киштзор чарогоҳ
100
100
100
100
100
Ҷаҳон
Аврупо
20
27
16
10
16
15
15
10
20
14
Амрикои Шимолӣ
15
8
17
22
9
Америкои Ҷанубӣ
Осиѐ
25
32
18
27
34
Африка
19
15
24
17
22
Австарлия ва Океания
6
3
15
4
5
Таркиби миқдори умумии Замин доимӣ нест. Айни замон дар истифодаи замин ду
ҳолати бо ҳам мухолиф ба назар мерасад. Аз як тараф, дар тӯли ҳазорсолаҳо инсоният баҳри
зиѐдкунии майдони кишт мубориза мебарад. Танҳо дар давоми асри 20 майдони кишт ду
баробар афзуд. Дар ин давра миқѐси васеи замини навкорам ба ҳиссаи собиқ Иттиҳоди
Шӯравӣ, ИМА, Канада, Чин ва Бразилия рост меояд.
Майдон ва сохтори фонди замини ҷаҳонӣ:
- Замини киштшаванда;
- Марғзор ва чарогоҳ;
- Беша ва буттаҳо;
- Шаҳру деҳот ва саноату нақлиѐт;
- Заминҳои камҳосилу беҳосил (ботлоқ, биѐбон, пиряхҳо ва ғайра).
Давлатҳои хурду камзамин, вале сераҳолӣ (Ҷопон, Нидерландия ва ғайра) минтақаҳои
назди соҳили баҳрҳоро ишғол намуданд. Дар Нидерландия тӯли садсолаҳо ба воситаи
оббанду дарғот аз 1\3 қисми масоҳати мамлакатро аз ҳисоби баҳр васеъ намуданд.
Аз тарафи дигар, ҳоло харобшаквии Замин ва аз доираи истеҳсолоти кишоварзӣ
баромаданаи он ҳодисаи доимӣ гаштааст. Њисоб карда шудааст, ки айни замон дар натиҷаи
эрозия (шусташавии замин) соле 6-7 млн га замин талаф меѐбад. Дар натиҷаи ботлоқшавию
афзоиши шӯразамин низ соле то 1,5 млн га замини саѐраи мо аз истифода берун мемонад.
Афзоиши аҳолӣ ва аз ин ҳисоб зиѐдшавии сохтмону нақлиѐт ва шаҳрҳо боиси кам гардидани
майдони замини кишоварзӣ шуда 0,45 га замини кишт ва дар аввали солҳои 90- ум 0,28 га
рост меомад, пас ҳоло он ба 0,20 га расидааст.
Яке аз ҳодисаҳои хафвноки сайѐраи мо ин таҳдиди биѐбоншавии заминҳои кишоварзӣ
мебошад. Њисоб карда шудааст, ки дар натиҷаи дахолати антропогенӣ биѐбоншавӣ зиѐда аз
900 млн га заминро фаро гирифтааст. Дар 30 соли оянда ин ҳодиса метавонад ба тариқи
илова боз майдони баробари ними Аврупои Ѓарбиро фаро гирад. Хусусан, биѐбоншавӣ ба
7
тариқи хеле васеъ дар қитъаи Осиѐ, Африка, Амрикои Шимолию Ҷанубӣ ва Австралия авҷ
гирифтааст. Дар ҳудуди чунин майдонҳо бештар аз 80 млн нафар одамон умр ба сар
мебаранд. Яке аз сабабҳои асосии биѐбоншавӣ ин аз ҳад зиѐд истифодаи заминҳои
кишоварзӣ, коркарди нодурусти замин, несткунии ҷангалзор ва аз меъѐр зиѐд истифодаи
чарогоҳ мебошад. Барои пешгирии ин ҳодисаи хавфнок ва барқарор намудани майдони
замин маблағи зиѐд ва муҳлати дуру дароз лозим меояд.
Мубориза баҳри нигоҳ доштани захираи заминии дунѐ яке аз вазифаҳои муҳимтарини
инсоният аст. Ин талаб мекунад, ки талафи заминҳои ҳосилхез пешгирӣ карда шуда,
шаклҳои беҳтарини инкишофи кишоварзӣ ва маданияти зироаткорӣ барқароркунӣ
(рекултиватсия) – и қабати хок дар заминҳои истихроҷи канданиҳои фоиднок ва корҳои
сохтмонӣ аҳамияти калон пайдо намудааст.
Захираҳои об - Об сарчашмаи ҳаѐт ва зисту зиндагӣ дар кураи Замин аст. Саҳми он дар
таърихи пайдоиши Замин, ҳаѐт ва ташаккулѐбии иқлим ниҳоят бузург аст. Бе об мавҷудияти
организмҳои зинда имконнопазир мебошад.
Қисми зиѐди захираҳои об дар Уқѐнуси ҷаҳонӣ ҷойгир мебошад, вале таркиби он
сермаҳсул буда, барои нӯшокӣ ва корҳои технологӣ мувофиқ нест. Њаҷми Уќѐнуси ҷаҳонӣ
1338 млн км3 ва ѐ 96,5 дарсади тамоми обҳои кураи Заминро ташкил медиҳад. Майдони
умумии уқѐнусу баҳрҳо нисбат ба қаламрави хушкӣ 2,5 баробар зиѐд буда, он аз 1\4 ҳиссаи
кураи Заминро бо ғафсии 4 метр пӯшонидааст. Ба яхҳои Арктикаю Антарктида 24 млн км3 ѐ
ки 65 дарсади ҳамаи обҳои нӯшокии Замин рост меояд.
Захираи обҳои нӯшокӣ маҳдуд буда, ҳамагӣ 2,5 дастраси он дар сатҳи Замин нобаробар
тақсим шудааст. Масалан, агар дар Африка фақат 10 дарсади аҳолӣ ба таври доимӣ бо об
таъмин бошад, пас дар Аврупо бештар аз 95 дарсад аст. Чунин фарқияти таъмини об дар
қитъаю мамолик пеш аз ҳама ба омилҳои иқлимӣ, сатҳи релефу ҷойгиршавии маҳал
вобастагӣ дорад. Талабот сол то сол дар сайѐраи мо ба оби нӯшокӣ зиѐд мешавад ва дар
соли 2010 зиѐда аз 4 ҳазор км3 –ро ташкил намуд. Қисми асосии сарфи об ба хоҷагии
кишоварзӣ, ки аксар барои обѐрӣ харҷ мешавад ва сипас ба соҳаҳои саноату хоҷагии
коммуналӣ рост меояд. Њоло дар ањолии мамлакатҳои мутараққӣ дар як шабонарӯз аз 300 то
400 литр об сарф мекунад. Њол он ки дар замонҳои қадим истеъмоли шабонарӯзии об ба ҳар
кас 12-18 литр рост меомад. Ин нишондиҳанда дар асри 19 ба 40-60 литр буд. Айни замон
танҳо як шаҳрванди Ню-Йорк дар як шабонарӯз 1045 литр, шаҳрванди Париж 500 литр об
сарф мекунад. Олимон муқаррар кардаанд, ки барои тандурустии инсон дар як шабонарӯз 2
литр об кифоя аст.
Ѓайр аз миқдор боз ба сифати об диққати ҷиддӣ бояд дод. Истифодаи обҳои ифлос
манбаи аз 3\4 ҳиссаи бемориҳои гуногун ва 1\3 ҳиссаи ҳодисаҳои фавти одамон мегардад.
Њоло дар қитъаи Осиѐ зиѐда аз як миллиард, дар африка 350 млн ва дар Амрикои Лотинӣ
бештар аз 100 млн одамон аз оби тозаи нӯшокӣ маҳрум мебошанд. Аз ин рӯ, дар Африка
бештар аз 80 дарсади бемориҳо ба сифати пасти об ва бад будани шароитҳои санитарию
гигиенӣ ва набудани иншоотҳои обтозакунӣ алоқаманд мебошанд. Ќисми зиѐди иншоотҳои
обтозакунӣ дар аксари давлатҳои ҷаҳон такмил наѐфтаанд, ки омехтаҳои ғайриорганикӣ
(азот, фосфор, калий, намакҳои заҳрноки металлҳои вазнин ва ғайра) мегардад. Барои
истифодаи оби нӯшокӣ дар бисѐр давлатҳои ҷаҳон, аз он ҷумла дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ
якчанд нақшаҳои азими ба всоитаи канал ба ноҳияҳои камоб овардани об дар назар дошта
шуда буд. Вале бо сабаби оқибатҳои экологӣ бисѐрии ин нақшаҳо амалӣ нагардиданд. Дар
давлатҳои атрофи халиҷи Форс, назди баҳри Миѐназамин, Туркманистон, ҷанубии ИМА,
Ҷопон ва ҷазираҳои баҳри Кариб бошад, кайҳо боз нӯшокикунии оби баҳр гузаронида
мешавад. Хусусан, давлати Қувайт яке аз истеҳсолкунандаи асосии чунин обҳо мебошад. Оби
нӯшокӣ аллакай дар бозори тиҷорат мавқеъ пайдо намудааст. Айни замон як қатор
нақшаҳои калони аз соҳилҳои Антарктида ба минтақаҳои беоб кашонидани айсбергҳо дар
назар дошта шудааст.
Обро бештар ҳамчун манбаи муҳимми истеҳосли нерӯйи барқ истифода мебаранд. Њоло
иқтидори ҷаҳонии захираи он ба 10 трлн кВт –соат баҳо дода мешавад, ки қисми зиѐди он ба
ҳиссаи 6 мамлакат: Русия, Чин, ИМА, Конго, Канада ва Бразилия рост меояд.
Захираҳои ҷангал - Захираҳои ҷангал ва бешазор дар ҳаѐти табиат ва инсон аҳамияти
бағоят бузург доранд. Онҳо пай дар ҳам миқдори оксигенро афзун намуда, танзими обҳои
зери заминиро нигоҳ дошта, вайроншавии қабати хокро пешгирӣ менамоянд. Нестшавии
8
бешазор боиси пастшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, камшавии оби кӯлу дарѐҳо ва
хушкгардии қабати хок мешавад. Муддати чандин аср боз ҷангалзор сарчашмаи масолеҳи
сохтмонию сӯзишворӣ буда, минбаъд яке аз ашѐи муҳими соҳаҳои саноати химияю
селлюлоза ва истеҳсоли қоғазу спирт ба шумор меравад. Умуман аз чӯб бештар аз 200
номгӯйи маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Њисоб карда шудааст, ки ҳар инсон дар давоми
умри худ тақрибан 200 дарахтро (барои сохтмон, мебел, қоғаз, дафтар, гӯгирд, бозича барои
кӯдакон ва ғайра) истифода мебарад. Фақат ба хотири гӯгирд соле 1,5 млн м3 чӯб бурида
мешавад. Майдони умумии бешазор 4,1 млрд га ѐ 30 дарсади сатҳи хушкии заминро ишғол
намуда, он анбӯҳи бузурги гази карбонро фурӯ мебарад. Њеҷ як экосистемаи Замин аз рӯйи
маҳсулнокии биологӣ ба бешазор баробар шуда наметавонад. Як гектари ҷангалзори
санавбар (сосна) дар як сол 30 тонна ва ҷангали дарахтони шамшод (бук) қобилияти фурӯ
бурдани 68 тонна чангро доранд.
Аксари майдони ҷангалзор дар Осиѐ ва камтар дар Австралия воқеанд. Вале анбӯҳи
бешазор дар Амрикои Ҷанубӣ сатҳи хеле зиѐдро ишғол намудааст.
Захираи ҷангалзори дунѐ
Қитъаҳо
Майдони
ҷангалзор (млн га)
Дунѐ
4100
Африка
660
790
Амрикои Шимолӣ
845
Амрикои Ҷанубӣ
Осиѐ
1050
Аврупо
380
Австралия ва Океания
155
Ба ҳисоби дарсад нисбати
майдони бешазори ҷаҳон
100
17
20
22
27
10
4
Ҷангалнокӣ ба
ҳисоби дарсад
26
22
29
36
23
34
10
Майдони ҷангалзор (млн га)
Дунѐ
Африка
Амрикои Шимолӣ
Амрикои Ҷанубӣ
Осиѐ
Аврупо
Австралия ва Океания
Њангоми баҳои иқтисодӣ додан ба ҷангалзор нишондиҳандаи захираҳои он аҳамияти
аввалиндараҷа пайдо мекунад. Аз рӯйи ин нишондиҳанда қитъаи Осиѐ, Амрикои Ҷанубию
Шимолӣ ва дар байни давлатҳои ҷаҳон Русия, Канада, Бразилия ва ИМА дар мадди аввал
меистанд. Баробари мамлакатҳои камҷангал боз давлатҳое вомехӯранд, ки умуман ҳудуди
онҳо аз ҷангал холист (Қатар, Баҳрайн, Ливия ва ғайра).
Боигарии муҳимми кураи Замин бешаҳои намноки ҳамешасабзи тропикӣ мебошанд, ки
аксар дар нимкураи ҷанубӣ ҷойгир шуда, дар афзоиши ҳаѐти органикии сайѐраи мо саҳми
бағоят бузург доранд. Аз ҷиҳати географӣ онҳо асосан дар Амрикои Марказию Ҷанубӣ,
Африкаи экваториалӣ, инчунин дар ҳудуди Њиндустону Шри-Ланка, Малайзия, Индонезия,
ҷазираҳои Океания ва ғайра паҳн гардидаанд. Бешазори намноки тропикӣ майдони бештар
аз 1 млрд га-ро дар бар мегирад. Њоло дар Амрикои Лотинию Осиѐ қариб 40 дарсад ва дар
қитъаи Африка зиѐда аз 50 дарсади майдони чунин бешазорҳо нобуд карда шудаанд. Ба
гуфти олимон то миѐнаи асри 21 таҳдиди нестшавии ин бешазорҳо вуҷуд дорад. Камшавӣ ва
нобудшавии майдони бешазор дар сайѐраи мо боиси авҷгирии шусташавӣ (эрозия)-и хоки
сатҳи Замин ва камшавии захираи оксиген дар атмосфера мегардад. Њол он ки тайи 200 соли
9
охир майдони ҷангалзори кураи Замин ҳадди ақал ду баробар кам шудааст. Њар сол дар дунѐ
125 ҳазор км2 ҷангалзор нобуд карда мешавад, ки ин ба масоҳати Австрия ва Швейтсария
(дар якҷоягӣ) баробар аст.
Яке аз сабабҳои асосии буридани ҷангал ин васеъкунии майдони кишт ва истифодаи он
барои соҳаҳои саноат мебошад. Қисми зиѐди дарахтонро инчунин барои гузаронидани
хатҳои алоқа, роҳҳои автомобилию роҳи оҳан мебуранд. Масалан, шоҳроҳи тарсамазонкаи
Амрикои Ҷанубӣ аз миѐни бешаҳои тропикӣ ва роҳи васеи автомобилии Хуросон аз миѐни
анбуҳи ҷангали Мозандарон гузаронида шудаанд. Одатан қад-қади чунин роҳҳо маҳалҳои
аҳолинишин пайдо шуда, бо мурури замон ба дохили ҷангалзор васеъ мешаванд.
Бешазор бо якҷоягии дигар набототу ҳайвонот биомассаи Заминро ташкил медиҳанд.
Дар айни замон 98 дарсади тамоми биомасса ба ҳиссаи олами набото ва қариб 2 дарсад ба
ҳиссаи олами њайвонот рост меояд. Њамин тавр, бояд инсон муносибати худро ба ҷангалзори
сайѐраи мо дигар кунад, зеро он яке аз воситаҳои асосии ҳаѐтбахшӣ зебогии табиат мебошад.
МАВЗӮИ 3. ЗАХИРАҲОИ САРВАТҲОИ УҚЁНУСИ ҶАҲОНӢ ИЌЛИМЇ,
КАЙЊОНЇ ВА РЕКТЕАТСИОНЇ.
НАҚША
1.Уқѐнуси ҷаҳонӣ захираи беҳамтои табиат
2.Канданиҳои фоиданоки қаъри уқѐнус
3.Захираҳои биологии қаъри Уқѐнуси ҷаҳонӣ
4. Иқлимӣ, кайҳонӣ ва рекреатсионӣ.
Уқѐнуси ҷаҳонӣ дорои захираҳои беҳамтои табиӣ мебошад. Дар қаъри он шумораи
зиѐди набототу ҳайвонот ва захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок мавҷуданд. Таркиби
оби баҳр бештар аз 75 навъи унсурҳои химиявиро дорост. Њануз мисриѐни қадим ва
хитоиҳо усули аз таркиби оби баҳр гирифтани намакро медонистанд. Оби баҳр манбаи
муҳими аз он ҳосилкунии магний, бром, йод ва дигар унсурҳо мебошад.
Дар байни канданиҳои фоиданоки қаъри уқѐнус мавќеи нафту газ бағоят калон аст ва аз
рӯйи ҳисобот ба ҳиссаи онҳо 1\3 қисми захираи ҷаҳонӣ рост меояд. Аз рӯйи пешомадҳои
мавҷуда дар аввали асри XXI бештар аз нисфи нафту гази истихроҷшаванда аз ҳисоби
Уқѐнуси ҷаҳонӣ ба амал бароварда мешавад. Њоло истихроҷи бештари нафти уқѐнусӣ дар
халиҷи Форс, баҳри Шимолӣ, баҳри Каспий, халиҷи Венесуэлла, халиҷи Мексика ва
соҳилҳои Калифорния ҷой дорад. Аз дигар навъи канданиҳои фоиданок маъдани оҳану
марганетс захираҳои бузургро доро мебошад. Ин навъи канданиҳои фоиданок дар қаъри
Уқѐнуси ҷаҳонӣ ҳанӯз солҳои 70-уми асри XIX аз тарафи киштии тадқиқотию илмии
англисҳо “Челенҷер” кашф шуда буд. Захираи умумии ин навъи маъданҳо ба 2-3 трлн тонна
ва захираи дастрасаш бошад, ба 250-300 млрд тонна мерасад. Ќисми зиѐди ин захираҳо дар
қаъри уќѐнуси Ором маҳфузанд. Ѓайр аз оҳану марганетс дар таркиби ин захираҳои
кашфшуда ба миқдори зиѐд маъдани мис, кобалт, никел, титану молибден ва дигар унсурҳои
нодиру камѐфт муайян карда шудааст. Истихроҷи маъдани қаъри баҳру уқѐнусро бори аввал
ИМА дар ҷазираи Гавай ва баъдтар Русия, Ҷопон ва дигар давлатҳо ба роҳ мондаанд.
Бисѐре аз ҳодисаҳои табиӣ дар Уқѐнуси ҷаҳонӣ сарчашмаи энергия мебошанд. Масалан,
ҳодисаи мадду ҷазр, ки тавассути он нерӯи барқ ҳосил кардан мумкин аст. Њисоб карда
шудааст, ки иқтидори умумии қувваи мадд дар сайѐраи мо ба 6 млрд квт мерасад. Муқаррар
шудааст, ки имконияти сохтани стансияҳои барқии маддӣ дар мамлакати ҷаҳон вуҷуд дорад.
Захираҳои калони қувваи маддӣ дар Фаронса, Канада, Британия, Австралия, Аргентина,
ИМА ва Русия ҷой доранд.
Дар Фаронса ҳанӯз дар асри XII бо қувваи мавҷҳои мадд чархи осиѐбро ба ҳаракат
оварда буданд. Бо ин усул ҳоло стансияҳои ҳозиразамони барқӣ сохта мешаванд, ки
турбинаҳо ҳангоми мадд ба як тараф ва ҳангоми ҷазр ба тарафи дигар ҳаракат мекунанд.
Дар айни замон захираҳои биологии қаъри Уқѐнуси ҷаҳонӣ низ мавқеи хос доранд.
Онҳо аз навъҳои ниҳоят гуногуни набототу ҳайвонот иборат мебошанд. Биомассаи Уқѐнус
бештар аз 140 ҳазор навъро муттаҳид менамояд, ки дар якҷоягӣ зиѐда аз 35 млрд тоннаро
ташкил медиҳанд. Бештар аз 85 дарсади биомассае, ки инсон аз баҳру уқѐнус истифода
мебарад, ба моҳиҳо рост меояд. Боқимондаи онро молюскаҳо, харчангшаклҳо ва баъзе
ҳайвоноти ширхӯри баҳрӣ ташкил медиҳанд. Умуман, ҳар сол то 70-75 млн тонна моҳӣ,
харчанг, моллюска ва дигар навъи ҳайвонот аз баҳру уқѐнусҳо гирифта мешавад, ки он
10
бештар аз 20 дарсади талаботи бо сафедаи ҳайвонот доштаи одамонро таъмин мекунад.
Неъматҳои Уқѐнусро ҳамчун ашѐи хом барои истеҳсоли хӯроки серғизои ҳайвонот низ
истифода мебаранд.
Дар айни замон чунин суръати баланди шикори захираҳои баҳру уқѐнус боиси ташвиш
гардидааст. Аз ин хотир, дар даҳсолаҳои охир усулҳои афзоиш додани бисѐр навъи
организмҳои обӣ (хусусан молюскаҳо) хеле паҳн шудааст. Дар муҳити оби баҳр плантатсия
ва фермаҳои сунъӣ ташкил дода, барои афзоиши организмҳои зинда шароит муҳайѐ
мекунанд. Чунин чойҳоро марикултура меноманд. Ин усул анъанаи қадимӣ аст. Масалан,
дар Ҷопон 200 сол қабл то милод моҳии устрисро бо ин роҳ афзоиш медоданд. Дар айни
замон плантатсияи устритсро ғайри Ҷопон дар Чин, ИМА, Нидерландия, Фаронса,
Австралия ва ғайра дидан мумкин аст.
Захираи сарватҳои иқлимӣ ва кайҳонӣ - Тавассути инкишофи пешравии илмию техникӣ
дар арсаи ҷаҳонӣ захираҳои нави нерӯи барқ мавриди истифода қарор мегиранд. Ин ҷо
сухан оид ба истфиодаи қувваи Офтоб, шамол, мадду ҷазр, мавҷи баҳр ва қувваи
геотермалию термоядроӣ меравад. Ин захираҳоро аксар ғайрианъанавӣ низ меноманд.
Њаѐтро бе қувваи офтоб тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз рӯйи ҳисоби олимон
иқтидори қувваи Офтоб чунон бузург аст, ки он даҳҳо маротиба нисбат ба тамоми қувваи
захираҳои таҳқиқшудаи сӯзишвории ҷаҳонӣ бештар аст. Вале миқдори зиѐди қуввае, ки аз
офтоб ба Замин мерасад, мавҷуданд истифода намешавад. Пешомадҳои хуби истифодаи
қувваи Офтоб дар мамлакатҳои минтақаи тропикӣ, ки дар онҳо дар як сол миқдори рӯзҳои
офтобӣ то 300 рӯз мерасад. Иникшофи гелио-энергетика (аз юнонӣ гелио-Офтоб)
пешомадҳои бузургеро дар минтақаҳои биѐбонию нимбиѐбонӣ дорост. Ин пеш аз ҳама
дастгоҳҳои тайѐркунии хӯрок, ҳаммом, дастгоҳи тозакунии обҳои шӯр, конденсионер ва
ғайра мебошанд. Стансияҳои брақии офтобӣ ҳоло дар ИМА, Русия, Фаронса, Љопон амал
мекунанд. Барои истифодаи қувваи Офтоб дар Италия, Њиндустон, Бразилия, Исроил ва
ғайра корҳои зиѐде ба ҷо оварда мешаванд.
Қувваи шамол низ ба иқтидори бузург ноил буда, ба ифлосшавии муҳит роҳ намедиҳад.
Қувваи шамол (бод) аз қадимулайѐм дар хизмати инсон аст. Дар Њиндустону Чин ва Миср 2
ҳазор сол қабл ҳаракатдиҳандаи одии бо қувваи бод коркунанда истифода мешуданд. Дар
даҳсолаҳои охир вобаста ба мушкилиҳои энергетикию экологӣ рағбати инсон нисбат ба
қувваи бод аз нав эҳѐ гардид. Дар Фаронса, Дания, ИМА, Британия, Италия ва ғайра оид ба
такмилу истеҳсоли дастгоҳҳои қувваи бод корҳи зиѐд анҷом ѐфтаанд. Вале доимӣ набудани
самту қувваи шамол дар ин кор мушкилиҳои зиѐдеро пеш меорад. Аз ин хотир, истифодаи
самти бодҳои доимӣ – пассатҳо, шамолҳои қутбӣ, муссонҳо ва ғайра ба мақсад мувофиқ
дониста мешавад.
Дар ҷаҳони имрӯза рағбати истифодаи қувваи дохили замин низ хеле зиѐд гардидааст.
Ин пеш аз ҳама истифодаи имкониятҳои техникӣ дар роҳи коркарди қувваи гидротермалӣ
мебошад. Амалишавии чунин нақшҳо дар ҷойҳое муяссар мегардад, ки захираи обҳои гарми
зеризаминӣ ва буғҳои тафсон муҳайѐ бошад. Чашмаҳои гейзерии соҳили Исландия,
Камчатка, ғарбии ИМА, Мексика ва Зеландияи Нав аз ҳамин қабиланд.
Обҳои геотермалиро дар гармкунии биною хонаҳои истиқоматӣ, гармхонаҳо ва қувваи
онро барои истеҳсоли барқ васеъ истифода бурдан мумкин аст. Стансияҳои барқии
геотермалӣ дар Камчатка, Италия, Исландия, Зеландияи Нав ва Љопон амал карда
истодаанд. истифодаи васеи ин навъи захираи табиӣ дар Исландия бештар мебошад.
Гармкунии пойтахти он – Рейкявик қариб пурра аз ҳисоби қувваи обҳои геотермалӣ ба роҳ
монда шудааст.
Захираҳои рекреатсионӣ - Захираҳои рекреатсионӣ ба қатори захираҳои муҳимтарин бо
мақсади истифодаи истироҳату туризм ва табобат равона карда шудаанд. Захираҳои
рекреатсионӣ ҳамонро меноманд, ки онҳо ба хизматрасонии аҳолӣ истифода мешаванд. Ба
мафҳуми захираҳои рекреатсионӣ воситаҳои табиӣ ва қисмҳои алоҳидаи онҳо (релеф, иқлим,
олами наботот, обанбор), ѐдгориҳои таърихӣ – маданӣ, шаҳру дигар нуқтаҳои аҳолинишин,
иншоотҳои техникии нодир дохил мешаванд. Захираҳои рекреатсионии курортӣ, табобатӣ,
варзишӣ ва сайѐҳатӣ (экскурсионӣ) фарқ мекунанд.
Дар замони ҳозира захираҳои рекреатсионӣ аҳамияти бузург пайдо кардаанд. Махсусан
ҷойҳои истироҳату табобатӣ ва сайѐҳат. Ин захираҳо пурра табиӣ буда наметавонанд, зеро
онҳо пайдоиши антропогенӣ ҳам доранд. Масалан, ѐдгориҳои таърихӣ-меъмории Петергофи
11
Санкт-Петербург, Версали Париж, Колизеи Рим, Акрополи Афина, пирамидаҳои Миср,
Тоҷмаҳали Агра (Њиндустон) Девори Кабири Чин. Бо вуҷуди ин, асоси захираҳои
рекреатсиониро унсурҳои табиат – соҳили баҳр, бешазор, соҳили дарѐ, ноҳияҳои кӯҳсор ва
ғайра ташкил медиҳанд.
Њар як мамлакат дар дохили худ ягон навъи захираи рекреатсиониро дорост. Њоло
одамонро на ин ки соҳилҳои зебоманзари баҳри Миѐназамин, Африкаи тропикӣ, ҷазираҳои
Гавай ва Кавказу Қрим, балки қуллаҳои пиряхии Анду Њимолой, Помиру Тѐншон ва Алпу
Кавказ ба худ ҷалб мекунад.
Сайѐҳати уқѐнус низ имкониятҳои калон дорад. Фазои беканори уқѐнусҳои Орому
Атлантик, Њинд ва баҳрҳои сершумор барои одамон шароити хуби тамошову истироҳатро
муҳайѐ карда, ба онҳо имкон фароҳам меорад, ки лаҳзаҳои хастагиро фаромӯш сохта,
фараҳмандона фароғат намоянд.
Сайѐҳонро он давлатҳое, ба монанди Италия, Испания, Фаронса, Швейтсария,
Њиндустон, Туркия, Мексика, Миср ва ғайра ҷалб мекунанд, ки дар баробари захираҳои
бойи табиӣ-рекреатсионӣ боз ѐдгориҳои бузурги таърихю меъморӣ доранд. Инкишофи
туризми байналмилалӣ ба давлатҳои алоҳида даромади зиѐд меорад.
МАВЗӮИ 4. ИФЛОСШАВИИ ТАБИАТ ВА МАСЪЛАҲОИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
НАҚША
1. Манбаи ифлосшавии муҳити зист
2. Сарчашмаи асосии ифлосшавии муҳити зист
3. Ифлосшавии гидросфера
4. Ифлосшавии атмосфера
Манбаи ифлосшавии муҳити зист ин дар шаклҳои гуногун ба табиат ворид гардидани
миқдори ниҳоят зиѐди партову ифлосиҳое мебошанд, ки дар ҷараѐни истеҳсолоту истеъмоли
ҷамъияти инсонӣ ҳосил мешаванд. Агар миқдори ин партовҳо солҳои 70-уми асри 20 ба 40
млрд тонна расида бошад, дар аввали даҳсолаи асри 21 то ба 300 млрд тонна расид.
Умуман, аз тарафи инсон ифлоскунии табиат таърихи тӯлонӣ дорад. Њанӯз сокинони
Афина дар Юнони қадим нисбат ба ифлосшавии бандари Пирей изҳори ташвиш намуда
буданд. Дар Рими қадим низ шаҳрвандон аз ифлосшавии дарѐи Тибр изҳори нигаронӣ
намудаанд. Нахустин қонуни ҳифзи муҳити зистро шоҳи англис Эдуарди 1 соли 1273 қабул
кард, ки мувофиқи он дар Лондон ба сифати сӯзишворӣ истифода ангиштсанг манъ карда
мешуд. Соли 1338 шоҳ Эдуарди 3 ба воситаи парламент қонун оид ба манъи ба дарѐи Темза
партофтани ҳар гуна ифлосиро қабул кард. Дар асри 15 шоҳи Фаронса низ нисбати дарѐи
Сена чунин қарор қабул намуд.
Ифлосшавии муҳити зист аслан натиҷаи дахолати антропогенӣ буда, он ҳоло ва дар
оянда ба қабатҳои Замин, гидросфера, атмосфера ва умуман ба набототу ҳайвонот ва
саломатии инсон метавонад зарару нохушиҳои зиѐд орад.
Дар қабти Замин ифлосшавии сатҳи он дар натиҷаи фаъолияти саноату сохтмон ва
соҳаҳои кишоварзӣ ба амал меояд. Сарчашмаи асосии ин ифлосшавӣ партовҳои металлу
омехтаҳои он, нуриҳои минералӣ, моддаҳои заҳрдори химиявӣ ва моддаҳои радиоактивӣ
мебошанд. Њолати беҳад зиѐд ҷамъшавии охлотҳои соҳаи маишӣ низ ташвишовар аст.
Тӯдаҳои бузурги партовҳои ҷамъшуда аломати характерноки атрофи шаҳрҳо гардидааст. Ба
ҳар як шаҳрванди Москва дар як сол 700 кг, Аврупои Ѓарбӣ 150-300 кг ва ИМА 700 кг ахлот
рост меояд.
Қабатҳои Замин дар натиҷаи коркарди маъдан аз ҷониби соҳаҳои саноати кӯҳӣ хеле
хароб мегарданд. Онҳо на ин ки дар чуқуриҳои калон ба қабатҳои хоку ҷинсҳои кӯҳӣ иснод
меоранд, балки партовҳои ин соҳа майдони ҳазорҳо гектар заминҳоро аз кор баровардаанд.
Ифлосшавии гидросфера бошад, дар натиҷаи ба оби кӯлу дарѐ ва баҳрҳо рехтани обҳои
ифлоси корхонаҳои саноатӣ, соҳаи коммуналӣ ва хоҷагии кишвоарзӣ мебошад. То аввали
соли 2010 ҳаҷми умумии партовҳои оби ифлос дар сайѐраи мо ба 5 ҳазор км3 дар як сол
баробар шуд. Њоло аз ҳама дарѐҳои Ифлостарини кураи Замин Рейн, Дунай, Сена, Темза,
Тибр, Волга, Днепр, Дон, Днестр, Нил, Ганг ва ғайра ба ҳисоб мераванд. Ифлосшавии
Уқѐнуси ҷаҳонӣ низ меафзояд. Соле ба он бештар аз 100 млн тонна партовҳои гуногун
ҳамроҳ мешавад. Олимони амрикоӣ муайян намудаанд, ки танҳо дар қисмати шимолии
12
уқѐнуси Ором дар аввали солҳои ҳаштодуми асри 20 чандин млн пакети пластикӣ, 70 млн
зарфҳои шишагӣ шино мекард. Аз ҳама бештар баҳрҳои канорӣ – Миѐназамин, Шимолӣ,
Сиѐҳ; баҳрҳои дохилӣ – Япон, Яван, Кариб ва халиҷҳои Бискай, Форс, Мексика ва Гвиней
ифлос гаштаанд. Масалан, баҳри Миѐназамин, ки дар соҳилҳои он 18 мамлакат ҷойгир асту
130 млн нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад, 260 бандар дорад. Ба замми ин, баҳри Миѐназамин
яке аз калонтарин роҳи киштигардии ҷаҳонӣ аст. Дар ҳудуди он дар як вақт 2,5 ҳазор
киштиҳои дурсафару 5 ҳазор киштии сафари наздикдошта шино карда, ҳар сол ба воситаи
ин баҳр 300-350 млн тонна нафт кашонида мешавад.
Ифлосшавӣ қисмҳои марказии сатҳи Уқѐнуси ҷаҳониро низ фаро гирифтааст. Хусусан,
дар пастхамиҳои таги баҳр гӯр кардани моддаҳои заҳрноку радиоактивӣ ниҳоят хавфнок
аст.
Барои Уқѐнуси ҷаҳонӣ хавфи ифлосшавӣ аз партовҳои нафт беҳад зиѐд шуда истодааст.
Дар натиҷаи ғарқшавии танкерҳои нафткашонӣ, коркарди нафт соле қариб то 10 млн тонна
нафт ва маҳсулоти он ба Уқѐнус ҳамроҳ мешавад. Аз рӯйи таҳқиқотҳои кайҳонӣ аллакай аз
1\3 қисми сатҳи оби Уқѐнуси ҷаҳонӣ бо пардаи тунуки нафтӣ пӯшонида шудааст, ки он ба
ҳолати буғшавии об ва алоқамандии сатҳи оби уқѐнусу атмосфера халали ҷиддӣ мерасонад.
Ифлосшавии атмосфера тавассути корхонаҳои саноатӣ ва нақлиѐт рӯй дода, онҳо соле
дар якҷоягӣ ба ҳавои атмосфера бештар аз 200 млрд тонна ҳар гуна дуду чанг ва газҳои
заҳролуд мепартоянд. Қабати атмосфера бештар аз ҳисоби гази карбон ва гази сулфур, ки
маҳсули сӯзишвории ҳархела мебошанд ва инчунин дигар газу пайвастагиҳои металлӣ ифлос
карда мешавад, газҳои сулфурдор асоси пайдошавии боронҳои кислотагӣ дар қитъаи Аврупо
ва Амрикои Шимолӣ гардидаанд. Ин боронҳо натиҷаи хушкшавии бешазор, пастшавии
ҳосилнокии зироат, зарар дидани биною хонаҳои истиқоматӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш
мегарданд. Масалан, муқаррар намудаанд, ки дар натиҷаи боронҳои кислотагӣ дар 20 ҳазор
кӯли давлатҳои Скандинавия навъи беҳтарини моҳиҳо нобуд гаштаанд. Ѓайри давлатҳои
Аврупои Ѓарбӣ аз ин ҳисоб нестшавии бешазор дар Русия низ мушоҳида мешавад.
Агар дар асри 20 ҳаҷми партовҳои гази карбон ба атмосфера ҳамагӣ 6 млрд тоннаро
ташкил медод, ҳоло ин нишондиҳанда қариб ба 27 млрд тонна раисдааст. Ба ин ҳодиса
саҳми давлатҳои мутараққӣ ва як қатор давлатҳои рӯ ба инкишоф хеле зиѐд аст. Чунин
суръати баланди партовҳои гази карбон (СО2) боиси ҳодисаи “эффекти парникӣ” ва
тағйирѐбии иқлиму зиѐшдавии ҳарорати сайѐраи мо хоҳад гашт. Ин ҳодиса боиси хавотиру
ташвиши аҳли башар мегардад. Ифлосшавии муҳити зист дар назди инсон як қатор роҳҳои
муҳимми пешгирӣ ва тоза нигоҳдории унсурҳои табиатро мегузорад. Аз ҷумла:
- Роҳи якум, ин сохтмони ҳар гуна иншоотҳои тозакунандаи ифлосиҳо, истфиодаи
сӯзишвориҳое, ки дар таркибашон миқдори ками сулфур доранд, коркарду несткунии ҳар
гуна ахлот, сохтмони трубаҳои дудбарояшон баланд, рекултиватсия (аз нав барқароркунӣ)-и
Замин ва ғайра. Вале иншоотҳои беҳтарини ҳозиразамон ҳоло қудрати то охир тозакунии
партову ифлосиҳоро надоранд. Трубаҳои дудбаро бошанд имконияти дар маҳал кам кардани
консентратсияи модда ба газҳои зарарнокро доранд. Онҳо метавонанд газу ифлосиҳоро ба
масофаи дур паҳн намоянд. Масалан, трубаи баландии 250 метр дошта моддаҳои заҳролудро
то 70-75 километр паҳн менамояд;
- Роҳи дуюм, ин коркарду истифодаи технологияи пешқадам, ки асоси онро истеҳсолоти
бепартов ташкил менамояд. Бо ин усул аслан истифодаи такрории об ва дар ин асос ба оби
ҷӯю дарѐҳо кам ва ѐ худ тамоман нарехтани обҳои ифлос ба амал бароварда мешавад. Вале
усули мазкур бо вуҷуди самаранокии худ хароҷоти зиѐдеро талаб мекунад ва на ҳар
мамлакат ба ин қудрат дорад;
- Роҳи сеюм, оқилона ҷойгиркунии корхонаҳои ба муҳити зист зараррасонро дар назар
дорад. Ба ин корхонаҳои соҳаҳои саноати химия, нафту химия, металлургияи ранга, қоғазу
селлюлоза, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ дохил мегарданд.
Аз ин хотир, ҳанӯз соли 1970-80-ум қисми зиѐди давлатҳои мутараққӣ фаъолияти ҳифзи
муҳит ва сиѐсати экологиро пеш гирифтанд. Як қатор қонунҳои ҷиддии ҳифзи табиат ва
барномаҳои дарозмуддати беҳтаркунии муҳит пайдо шуд. Дар аксари давлатҳо вазорату
мақомотҳои махсуси ҳифзи табиат ташкил ѐфта, ҳаракатҳои оммавии ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи
муҳит авҷ гирифт. Дар бисѐр мамлакатҳо ҳифзи табиат фаъолият намуданд, ки дар байни
онҳо “Њизби зелѐнных” (сабзҳо) эътибори зиѐд пайдо кард. Дар натиҷаи як қатор
чорабиниҳои солҳои наваддуми асри бист сатҳи ифлосшавии муҳити зист дар бисѐр
13
давлатҳои мутараққӣ камтар гардид, вале бояд гуфт, ки дар аксари давлатҳои рӯ ба инкишоф
ҳолати экологӣ хеле мураккаб аст.
Дар айни замон фаъолият оид ба ҳифзи табиат ва сиѐсати экологӣ дар қисми зиѐди
давлатҳо мувофиқи табъ нест. Ин масъала ҳатман ҷидду ҷаҳди якҷояи ҳамаи давлатҳоро зери
сарварии Созмони миллали мутаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ба миѐн
мегузорад. Соли 1972 дар Стокголм нахустин конференсияи СММ оид ба масъалаи ҳифзи
муҳити зист баргузор гардид. Ин рӯзро (5-уми июн) рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи табиат эълон
намуданд. Баъдан бо ташаббуси СММ боз як ҳуҷҷати муҳим – “Стратегияи умумиҷаҳонии
ҳифзи табиат” қабул шуд, ки дар он барномаи васеи ҳамкории ҳамаи давлатҳои дунѐро оид
ба ҳифзи табиат нишон дода шудааст. Соли 1992 дар Рио-де-Жанейро конференсияи махсуси
ҳифзи табиат даъват шуд, ки он “Рӯзномаи асри 21” ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳимро нисбат ба
ин масъала қабул намуд. Њоло дар назди СММ мақомоти махсус – Барномаи СММ оид ба
ҳифзи муҳит (ЮНЕП) таъсис ѐфтааст, ки он кору таҷрибаи тамоми давлатҳои дар ин ҷода
бударо ҷамъбасту роҳнамоӣ мекунад. Инчунин, нисбат ба масъалаи ҳифзи табиат фаъолияти
Иттифоқи байналмилалии муҳофизати табиат (МСОП), Иттиҳоди байналмилалии географҳо
ва ғайра назаррас аст. Солҳои 1980-90-ум бо ташаббуиси ин ташкилотҳо як қатор
шартномаҳои байналмилалӣ оид ба кам кардани партовҳои гази карбон, фреонҳо ва ғайра
қабул шудаанд. Охири солҳои 90-уми асри ХХ дар сайѐраи мо қариб ин ҳудудҳои зарурӣ дар
ИМА, Австралия, Канада, Чин ва Њиндустон воқеъ гаштаанд. Миқдори умумии паркҳои
миллии дунѐ ба 2 ҳазор ва мамнӯъгоҳҳои биосферӣ бошанд, ба 350 расидааст.
Асри XXI дар назди ҳар фарди сайѐраи мо, аз он ҷумла дар назди ҳар хонанда
масъулияти бениҳоят калонро нисбат ба ҳифзи табиати дилангез, муҳити он талаб менамояд.
МАВЗӮИ 5. ШАРОИТ ВА ЗАХИРАЊОИ ТАБИӢ ТАЪСИРИ ОН БА
ЉОЙГИРКУНИИ СОЊАЊОИ ИСТЕЊСОЛОТИ ЉАМЪИЯТӢ
НАҚША
1.Маълумот оид ба шароити табиӣ ва захираҳои табиӣ. Табиат манбаи асосии
қонеъкунандаи талаботи моддӣ ва маънавии инсон
2.Ќувваҳои истеҳсолкунанда ва таъсири он ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ
3. Захираи табиӣ ва гурӯҳбандии он
4.Ашѐи хом ва таъсири он ба ҷойгиркунии соҳаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ
Аз нуқтаи назари иқтисодӣ омилҳои табииро дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба ду гурӯҳ
ҷудо менамоянд. Шароити табиӣ ва захираҳои табиӣ.
А.А. Минц шароити табиӣ ва захираҳои табииро таҳлил намуда, чунин таъриф додааст.
“Дар зери маҳфуми шароити табиӣ мо он ќисм ва қувваи табиатро мефаҳмем, ки дар
шароити муайяни додашудаи тараққиѐти қуваҳои истеҳсолкунанда барои ҳаѐт ва амалиѐти
организмҳои зинда шароит муҳайѐ менамояд. Лекин дар истеҳсоли маҳсулоти ҷамъиятӣ
иштирок наменамоянд”.
“Таҳти маҳфуми захираҳои таби ќисм ва қувваи табиатеро мефаҳмем, ки дар шароити
муайяни додашудаи тараққиѐти қувваҳои истеҳсолкунанда, барои қонеъ гардонидани
талаботи љамъияти инсонӣ дар раванди истеҳсолоти моддӣ иштирок менамоянд”.
Шароити табиӣ ва захираҳои табиӣ аз рӯи нишондоди А.А.Минц омилҳои шароити
табиӣ ҳаѐти ҷамъиятиро ташкил медиҳад.
Дар зери маънои баҳои иқтисодӣ ба захираҳои табиӣ мо тавсифи сифатӣ ва миқдории
захираҳоро ҳамчун омил дар шароити истеҳсолоти ҷамъиятӣ мефаҳмем. Дар зери маънои
муҳити табиӣ моро иҳотакунанда xамъи захираҳои табиӣ ва боигариҳои табииро мефаҳмем,
ки бевосита ба инсон ва объектҳои моро иҳотакунанда дар алоқамандӣ мебошад ва ба
амалиѐти хоҷагии инсон таъсир мерасонад.
Ташаккулѐбии қувваҳои истеҳсолкунанда дар замони ҳозира оҳиста-оҳиста сарҳади ин
ду омилҳои табийро барҳам доданаш мумкин аст. Дар аввал ҳаҷми истифордабарии
шароитҳои табиӣ ҳамчун захираҳои табиӣ зиѐд гардида истодааст. Мисол, истифодабарии
ҳавои оксигени қабати атмосфера ҳамчун ҳалкунанда барои сӯхтани сӯзишвории органикӣ.
Яъне атмосфера аз имконияти шароити табиӣ ба захираи табиӣ мубаддал гардидааст.
Њамчун захираи табиӣ ба миқдори зиѐд истифодабарии бешазорҳо, ки онҳо дар навбати худ
шароити табииро ташкил медиҳанд. Дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ ҷалб намудани элементҳои
ғайримаънавии муҳити табиӣ, ки ба ин мисол мешавад, истифодабарии захираҳои
14
геотермалии қабати болоии замин. Дар вақти омӯхтани сифатнокии муҳити табиӣ бояд ба
мафҳуми системаи иқтисодӣ-экологӣ аҳамият додан лозим аст.
Дар зери маънои системаи экологӣ-иқтисодӣ мо бо ҳам алоқамандии обектҳои табиӣ ва
иқтисодиро мефаҳмем, ки амалиѐти он ба шароит ва захираи табиӣ вобаста буда, онҳо дар як
майдони муайян ҷойгир шудаанд ва дар алоқамандии якдигар ташаккул меѐбанд.
Истифодабарии захираҳои табиӣ дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ ҳолати онҳоро тағйир медиҳад.
Табиат ва захираҳои табиӣ ин омили асосие, мебошад, ки дар он инсон зиндагӣ
мекунад. Табиат асоси қонеъкунандаи талаботи моддӣ ва маишии инсон мебошад. Фридрих
Энгелс дар китоби худ “Диалектикаи табиат” менависад: “ҳайвонот фақат аз табиат ба
тариқи тайѐр истифода мебарад ва ба тариқи содда ба он таъсир мерасонад. Инсон баробари
ба он таъсир кардан онро дигаргун менамояд ва маљбур менамояд, ки ба манфиати инсон
хизмат намояд ва аз болои он ҳукмронӣ мекунад. “Њаминро гуфтан лозим аст, ки дар вақти
бешуурона муносибат кардан ба табиат он аз инсон қасос мегирад, ки ин қасосгирии табиат
хеле даҳшатнок буда, метавонад ба харобиҳо ва нобудшавии инсон оварда расонад”.
Захираҳои табиӣ намудҳои муайян ва алоқамандии материя ва қувваи мебошад, ки инсон дар
раванди меҳнат ва ҳаѐтгузаронии худ истифода мебарад, ба монанди таркиби ҳавои
атмосферӣ, об, хок, (тарашшeҳот)-и космикӣ ва офтобӣ, канданиҳои фоиданок, иқлим, олами
растанӣ, ҳайвонот ва ғайраҳо.
Шарти асосие, ки ҷойгир намоӣ истеҳсолотро дар ин ѐ он макон муайян менамояд, ба
тарзи истеҳсоли неъматҳои моддӣ барои ҳаѐти инсон вобаста аст. Тарзи истеҳсолот ба
пешрафти қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъиятӣ вобаста аст. Қувваҳои истеҳсолкунандаи
ҷамъият аз маблағ, аслиҳаҳои меҳнат, ки одамон дар раванди меҳнат истифода бурда,
неъматҳои моддӣ истеҳсол мекунанд, вобаста аст. Дар раванди меҳнат инсон неъматҳои
моддиро истеҳсол менамояд, алоқаи байни ҷамъият ва муҳити табиро алоқаи муносибатҳои
байни ѐ истеҳсолӣ меноманд.
Њар як сохти ҷамъиятӣ тарз ѐ усули ба худ хоси истеҳсолотро дорост, ки он ба ҷойгир
намудани истеҳсолот ва сохтори ҷамъиятӣ вобаста аст.
Њаматарафа ҷойгир намудани соҳаи саноат ба монанди дигар соҳаҳои истеҳсолот
барои баланд шудани ҳосилнокии меҳнат ва даромаднокии иқтисодии истеҳсолот таъсири
калон мерасонад. Барои муваффақ шудан ба ин, муассисаҳои истеҳсолотро ба ашѐи хом,
сӯзишворӣ, қувваи, маводҳои ѐрирасон, қувваҳои корӣ таъмин намудан лозим аст. Омили
асосие, ки хусусиятҳои асосии ҷойгир намудани истеҳсолотро муайян менамояд, ин тарзи
истеҳсоли неъматҳои моддӣ мебошад. Тарзи истеҳсолот ба дараҷаи тараққиѐти қувваҳои
истеҳсолкунандаи ҷамъият вобаста мебошад.
Ќувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъиятиро воситаи истеҳсолот, олоти меҳнат ва шахсоне,
ки воситаи меҳнат ва олоти меҳнатро истифода бурда, ин ѐ он маҳсулотро истеҳсол
менамояд, ташкил медиҳад. Љамъи олоти меҳнатро техника меноманд, ки он моддӣ-техникии
ҷамъиятиро ташкил медиҳанд. Дар раванди истеҳсоли неъматҳои моддӣ одамон бо ѐрии
техника ба табиат таъсир расонида, онро барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ истифода
мебаранд. Аз ин ҷо табиат ва истифодабарии он ба манфиати ҷамъият аз дараҷаи тараққиѐти
техника вобаста аст. Муносибати ҷамъияти инсонӣ байни ҳамдигар дар раванди истеҳсоли
маҳсулот муносибатҳои истеҳсолӣ номида мешавад. Барои ҷойгир намудани истеҳсолот
дараҷаи тараққиѐти техника, ташкили истеҳсолот, нақлиѐт, шароити табиӣ ва иқтисодӣ
таъсири калон мерасонад.
Ашѐи хом ин асоси меҳнат дар истеҳсолоти саноатӣ мебошад. Ашѐи хоме, ки ба гурӯҳи
якум дохил мешавад дар соҳаи истеҳсолкунанда ва ѐ хоҷагиҳои кишоварзӣ дастрас карда
мешавад. Гурӯҳи дуюм ин чунин ашѐи хоме мебошад, ки аз партовҳои истеҳсолот дастрас
карда мешавад ва он дар навбати худ ба ашѐи хоми асосӣ ва ѐридиҳанда ҷудо мешавад.
Ашѐи хоми асосӣ ин маводҳое мебошад, ки дар раванди истеҳсоли маҳсулотҳои асосӣ
истифода бурда мешавад. Ба ин дохил мешавад, лаблабуи қанд, шакар, маъдани оҳан, чӯян
ва ғайраҳо.
Ашѐи хоми ѐридиҳанда-гурӯҳи дуюм дар раванди истеҳсолот барои тайѐр кардани
маҳсулот иштирок намуда, маводи асосиро ташкил намедиҳанд. Масалан дар истеҳсоли чӯян
агар маводи асосӣ маъдани оҳан бошад, флюс ѐридиҳанда мебошад. Як ашѐи хом дар як
ҳолат ашѐи хоми асосӣ ва дар дигар ҳолат ѐридиҳанда шуда метавонад.
15
Сӯзишворӣ аз ҷиҳати истифодабариаш ба маводи ѐридиҳанда дохил мешавад, аммо
вобаста ба хусусияти асосиаш он ба гурӯҳи махсус дохил мешавад. Сӯзишворӣ ба
сӯзишвории энергетикии сӯзанда ҷудо мешавад. Аз ҷиҳати пайдоишаш ашѐи хом ба ашѐи
хоми саноатӣ ва кишоварзӣ ҷудо мешавад. Ашѐи хоми саноатӣ дар навбати худ ба маҳсулоти
соҳаи истеҳсолкунанда ва маҳсулоти коркардабароянда ҷудо мешавад. Ба ашѐи хоми
кишоварзӣ, маҳсулотҳои заминӣ ва ҳайвонот дохил мешавад. Аз ҷиҳати пайдоиш ашѐи хом
ба ашѐи хоми органикӣ ва кимѐвӣ ҷудо мешавад. Ашѐи хоми минералӣ ин истеҳсоли
маҳсулотҳои кӯҳӣ, ки захираҳои минералӣ аз қаъри замин истихроҷ карда мешавад, яъне ба
он канданиҳои фоиданок дохил мешаванд.
Ашѐи хоми органикӣ ин пайдоиши рустанигӣ ва ҳайвонӣ дошта, аз хоҷагиҳои
кишоварзӣ дастрас карда мешавад. Ашѐи хоми кимѐвӣ- ин намуди ашѐи хом бо роҳи кимѐвӣ
истеҳсол шуда, аз ашѐи хоми минералӣ ва органикӣ гирифта шудааст. Ашѐи хом аз ҷиҳати
сифат низ гурӯҳбандӣ карда мешавад. Ба он маводҳои зарурӣ навъ, устуворӣ, ҳаҷм (нахи
пахта, азбест) ва ғайраҳо дохил мешавад. Захираҳои ашѐи хоми минералӣ аз рӯи шароити
техникӣ-иқтисодӣ ва истифодабариашон ба ашѐи хоми балансӣ ва ғайрибалансӣ ҷудо
мешаванд.
Ашѐи хоми балансӣ чунин захираҳояанд, ки 3 талаботи асосиро қонеъ мегардонад: А.
Онро кор карда, аз ҷиҳати тавсифи геологӣ ва гидрологӣ муайян карда мешавад. Б. Хосияти
технологии коркардабароии он маълум мебошад. В. коркарди он аз ҷиҳати иқтисодӣ
даромаднок мебошад. Чунин ҷойгиршавии ашѐи хоми минералӣ, ки нишондиҳандаҳои дар
боло номбаркардашударо қаноатманд намегардонад, ашѐи хоми ғайрибалансӣ меноманд. Ба
захираҳои балансӣ асосан канданиҳои фоиданок дохил мешаванд, ки онро ба категорияҳои
А В С ҷудо карда мешавад. Категорияи А ин ашѐи хоме, ки пурра муайян шудааст ва барои
истеҳсоли он баҳо дода мешавад. Категорияи В ин чунин ашѐи хоме, ки захираи он муайян
шудааст ва он барои дар оянда истеҳсол намудан ба нақша дароварда мешавад. Категорияи
С ин ашѐи хоми пешниҳодшаванда ва барои дар оянда истифода бурдан ба ҳисоб гирифта
мешавад.
МАВЗӮИ 6. ТЕХНОЛОГИЯИ КОРКАРДИ ИСТЕЊСОЛИ
МАЊСУЛОТЊОИ САНОАТИ КӮҲӢ
НАҚША:
1. Саноати истеҳсоли маъданҳои кӯҳӣ соҳаи асосии саноат.
2. Ҷустуҷӯҳои геологӣ ва истифодабарии пешрафти илмию-техникӣ.
3. Гурӯҳбандии канданиҳои фоиданок.
4. Гурӯҳбандии байналхалқии захираҳоӣ маъданӣ.
5. Гуруҳҳои фарқкунандаи истифодабарии маҳсулотҳои кӯҳӣ.
Тараққиѐти истеҳсолот пеш аз ҳама саноат, дар замони ҳозира ба истифодабарии
канданиҳои фоиданок вобаста аст. Дар натиҷаи тадқиқотҳои илмии соҳаи заминшиносӣ
саноати куҳӣ оид ба сохтори майдонҳои тадқиқотӣ қонуниятҳои шаклгирии он ва
ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок ба муваффақиятҳои калон ноил гардидааст. Барои
баланд бардоштани маҳсулнокии кор дар ҷустуҷӯҳои заминшиносӣ ва мувозинат нигоҳ
доштани арзиши он бояд ҳаматарафа дар инкишофоти заминшиносӣ муваффақиятҳои
хозираи раванди пешрафти илмию техникӣ, усулҳои радифӣ, ҷустуҷӯҳои аэроэлектрикӣ,
суръатгирии кайҳонӣ, ҳавоӣ, аэрокосмикиро дарк намудан лозим аст.
Канданиҳои фоиданок ва маҳсулоти кӯҳӣ ин моддаҳои табиӣ, минералие мебошанд, ки
дар шароити ҳаматарафаи истифодабарии пешрафти техникию-иқтисодӣ маҳсулнокона дар
хоҷагии халқ истифода бурдан мумкин аст. Вобаста аз таркиби кимѐвӣ ва тарзи
истифодабарӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқ канданиҳои фоиданокро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо
мекунанд:
1. Канданиҳои фоиданоки сӯзанда.
2. Канданиҳои фоиданоки фулузот (маъданҳое, ки дар таркибашон намудҳои гуногуни
метал дорад).
3. Канданиҳои фоиданоки ғайримаъданӣ, ки ба он дохил мешавад ва боқимондаҳои
канданиҳои фоиданок, ки ҳамчун ашѐи хом дар саноати кимѐвӣ, саноати маҳсулоти сохтмонӣ
ва ғайраҳо истифода бурда мешавад.
16
Ашѐи хоми минералӣ мумкин аст ба таври комплексӣ вохурад. Дар баъзе захираҳои
минералӣ на яка элемент, балки якчанд намуди он вохӯрданаш мумкин аст. Ба таври
комплексӣ омӯхтани захираҳои табиӣ талаб менамояд, ки онҳоро чуқур омӯзанд ва бепартов
пурра истифода бурда, ба ҳифзи муҳити табиӣ ҳиссагузор бошанд.
Дар таҷрибаи чаҳонӣ чунин гурӯҳбандии ҳамаи намудҳои захираҳои табиӣ ҷойгир
карда шудааст.
Дар иттиҳоди давлатҳои мустақил чаҳор гурӯҳи захираҳоро вобаста ба дараҷаи
тадқиқотӣ ва муайян намудани таркиби сифаташон аз ҳам фарқ мекунанд, ки ба он гурӯҳҳои
А, В, С1 ва С2 дохил мешаванд. Манбаи захираҳо ба категорияи А дохил мешаванд. Ин
захираҳое мебошанд, ки пурра азхуд шудаанд ва бевосита онро истеҳсол кардан мумкин аст.
Категорияи В ин чунин гурӯҳи захираҳои табиӣ, ки нақша ва захираи он пурра тартиб дода
шудааст ва он дар оянда истифода бурда мешавад. Категорияи С1 ва С2 ин чунин манбаи
захираҳо, ки он пешниҳод шудааст ва дар оянда барои истеҳсоли он корҳои иктишофотӣ
бурда, барои тартиб додани нақшаҳои коркарди технологӣ маблағ ҷудо намудан лозим аст.
Захираҳои ҷустуҷӯшудаи канданиҳои фоиданоке, ки аз љиҳати сифат, захира, дастрасӣ
ва истифодабариашон ба талаботи ҳозираи саноатӣ ҷавоб медиҳад, ба захираҳои балансӣ
(мувозинатӣ) дохил мешаванд. Захираҳое, ки ба талаботи дар болономбаршуда ҷавоб
намедиҳанд (миқдори ками металл дорад, технологияаш мураккаб ба талабот љавоб
намедиҳад), захираҳои ғайрибалансӣ номида мешаванд.
Саноати истеҳсоли маъданҳои кӯҳӣ
Барои нишондиҳандаҳои баланс дар соҳаи саноати коркарди маҳсулоти кӯҳӣ ва
технологияи ҳозиразамон ва истифодабарии он аҳамият додан лозим аст. Барои ноил шудан
ба он ба чунин ҷиҳатҳои асосӣ аҳамият дода шавад.
1. Баланд бардоштани истеҳсоли канданиҳои фоиданок аз қаъри замин.
2. Ба таври маҷмааӣ истифода бурдани ҳамаи манбаъҳое, ки дар истеҳсолот кор
фармуда мешавад.
3.Кам кардани нобудшавии захираҳо ва арзиши он дар вақти кор кардан ва дастрас
намудан то истеъмолкунанда.
4. То ба охир сарфакорона истифодабарии канданиҳои фоиданок ва истифода бурдани
технологияи бепартов.
5. Истифода бурдани намудҳои нави маводҳо ва қувваи.
1. То њол ҳангоми истеҳсоли намудҳои канданиҳои фоиданок ҷисми зиѐди он дар қаъри
замин боқӣ мемонад. Мисол дар вақти истеҳсоли ангишт 30%, маъдани оҳан –20%, фосфат
30%. Барои дастрас намудани захираҳои табиӣ, тарзҳои нави истеҳсоли канданиҳои
фоиданок, ашѐи хом ва ѐ коркарди аввали онро дида баромадан лозим аст. Барои ин мисол
мешавад, дар истеҳсоли нефт, маҳсули пармакунии чуқурии чоҳҳо ба тариқи уфуқӣ ва намуди
зиѐд намудани фишор ва бо роҳи ҳамроҳ кардани об ва ѐ буғ ва ғайраҳоро кор мефармоянд.
Дар Тотористон аз ҳисоби истифодабарии усулҳои нави физико-кимѐвӣвӣ дар як сол
истифодабарии технологияи бепартов дар саноати кӯҳӣ. Зиѐда аз 1тонна нефт, ки пештар
гирифтани он ғайриимкон буд, истеҳсол карда мешавад.
Аз ҳисоби зиѐд кардани қутри қубурҳои газгузар ва зиѐд намудани фишор кашонидани
газ дастрас намудани он, арзиши вай ба истеъмолкунанда арзон гардидааст. Бо
истифодабарии технологияи ҳозиразамон дар металлургияи сиѐҳ ва ранга маъданҳое, ки дар
таркибашон 30% оҳан аст, ба таври маҷмаавӣ истифодабарии ашѐи хом, васеъ паҳн шудааст.
17
Дар таркиби маъданҳои оҳан, хром, марганес дар якҷоягии титан, ванадил, кобалт, рeҳ,
сулфур, фосфор ва дигар элементҳо истеҳсол карда мешаванд Дар вақти кор карда
баромадани маъдани мис боз 13 элемнтҳои ҳамсафари он ва дар коркарди сурб (сланец) ва
руҳ (цинк) зиѐда аз 17 элементҳоро дар якљоягӣ истеҳсол карда мешаванд.
МАВЗӮИ 7. СОЊАЊОИ ХОЉАГИИ ҶАҲОН ВА МАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЛЁБИИ
ТАҚСИМОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТ
НАҚША
1.Мафҳуми хоҷагии ҷаҳонӣ
2.Тақсимоти байналмилалии географии меҳнат
3.Интегратсияи иқтисодии байналмилалӣ
4. Давра ва марҳилаҳои асосии рушди хоҷагии ҷаҳон.
Хоҷагии ҷаҳонӣ маҷмӯи хоҷагиҳои миллии ҳамаи мамлакатҳои дунѐ буда, онҳоро
муносибатҳои иқтисодии умумиҷаҳонӣ ва тақсимоти байналмилалии меҳнат алоқаманд
кардааст. Он тамоми мамлакатҳои дунѐро фаро гирифтааст ва ба он зиддиятҳои дохилӣ хос
мебошад.
Пайдоиши хоҷагии ҷаҳонӣ аҳамияти таърихӣ дорад ва қариб тамоми таърихи
инсониятро фаро мегирад.
Кашфиѐтҳои бузурги географӣ боиси дар қитъаҳои Аврупою Осиѐ ва Амрико ривоҷ
гирифтани соҳаи чорводорӣ гардид. Муомилоти мол дар байни қитъаҳои олам боиси
ташкилѐбии бозори ҷаҳонӣ шуд. Васеъшавии минбаъдаи ин бозорро тараққии нақлиѐт
таъмин намуд. Нақлиѐти баҳрӣ ва нақлиѐти роҳи оҳан алоқаи доимии байниқитъавию
дохилқитъавиро васею устувор намуданд. Барқароршавии алоқаҳои доимии тиҷоратӣмолиявӣ ва истеҳсолӣ дар байни мамлакатҳо, ноҳияҳо ва қитъаҳо ҷудоиҳои бисѐрқарнаи
миллӣ-хоҷагиро, ки садди роҳи пешравиҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷаҳон буданд, аз байн
бардошт.
Ибтидои пайдоиши хоҷагии ҷаҳонӣ аз давраи мануфактураи тараққиѐти капитализм
(асрҳои XVI-XVII) оғоз ѐфта, дар овони асрҳои XIX-XX ташкилѐбии он ба охир расидааст.
Дар ин давра дар мамлакатҳои Аврупо индустрияи калони мошинӣ инкишоф ѐфта, он
овардани ашѐи хоми зиѐдеро талаб мекард. Пайдоиши сохтори мустамликадорӣ ба
иқтисодиѐти аксарри мамлакатҳои мустамликаро ба манбаи ашѐи хоми давлатҳои
империалистӣ табдил дод.
Сармоягузорӣ ҳокими ягонаи хоҷагии ҷаҳонӣ гардид. Вале ин ҳолат дер давом накард.
Аз олами сармоядорӣ берун шудани Россия дар соли 1917 ва нагузаштани ба сохти
сотсиалиятӣ бо минтақаҳои тобеаш, сонитар гузаштани як қатор давлатҳои Аврупои Шарқӣ
ва Осиѐ ба ин шакли давлатдорӣ хоҷагии ҷаҳониро ба ду сохтор ҷудо намуд. Вале он
ягонагии мавҷудияти худро гум накард. Зеро ба муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ монеаҳои
иҷтимоӣ бегонаанд.
Робитаҳои иқтисодии мамлакатҳои Шарқ ва Ѓарб то рафт мухталиф мегарданд, ки
муҳимтаринаш савдои тарафайн, таъсиси корхонаҳои муштарак, алоқаҳои илмию техникӣ ва
ғайраҳо мебошанд. Ѓарб барои маҳсулотҳои худ бозори фурӯш, Шарқ бошад, ба ивази
молҳои ба бозори ҷаҳонӣ баровардаи худ технологияи нав ва таҷҳизоти дигари зарурӣ
мегиранд. Табиати инсоният ягона аст, ки аз ин ҷиҳат, ҷамъияти инсонӣ ҳатман ба ташкил
додани сохтори иқтисодии барои ҳаѐташ беҳтарин мекӯшад. Боэътимодӣ ба пешрафти
иқтисодии ҷаҳонӣ боиси қафомонӣ дар ҳама гуна мамлакат мегардад.
Тақсимоти байналмилалии географии меҳнат ва интегратсияи (ҳамгироии) иқтисодии
байналмилалӣ. Тақсимоти географии меҳнат қисми таркибии тақсимоти ҷамъиятии меҳнат
аст. Он ҳолати махсусгардонии ҳудуд ва муомилоти маҳсулоти тахассусѐбӣ дар байни онҳо
мебошад. Тақсимоти меҳнат натиҷаи тараққиѐти ҳатмии ҷамъияти инсонӣ мебошад. Њатмӣ
будани он аз он сар мезанад, ки байни қаламравҳои алоҳида ҳамеша тафовут вуҷуд дорад
(дар мавқеи географӣ, дар шароиту истифодаи захираҳои табиӣ, дар шароитҳои иҷтимоӣ –
иқтисодӣ). Чунин фарқиятҳо боиси он мешаванд, ки бисѐре аз истеҳсолотҳои саноатию
кишоварзӣ гӯѐ ба ҳудуди муайян вобаста карда мешаванд, яъне ин қаламравҳо ҳар кадоме ба
истеҳсоли навъи алоҳидаи маҳсулот махсус гардонида мешаванд.
18
Барои пайдоиши чунин тахассус шароитҳои зарурӣ лозиманд. Ин шароитҳо; - 1)
мамлакате, ки дар тақсимоти меҳнат иштирок дорад, бояд ягон бартарие дошта бошад
(масалан, аз ҷиҳати боигариҳои табиӣ); 2) бояд мамлакати ба ин маҳсулот ниѐзманд мавҷуд
бошад;
3) хароҷоти кашонидани маҳсулот то ҷойи фурӯш ба мамлакати фурӯшанда бояд фоидаовар
бошад.
Тақсимоти байналмилалии географии меҳнат бо мурури замон тағйир меѐбад.
Махсусгардонии мамлакатҳои алоҳида ба навъи истеҳсолоти муайяни маҳсулот ва
хизмат ҳаминро дар назар дорад, ки ин навъҳо на фақат барои қонеъгардонии талаботи худ,
балки инчунин барои фурӯш дар бозори ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешаванд. Ин ҳолат дар
ташкилѐбии соҳаҳои байналмилалии тахассус ифода меѐбанд, яъне ҳамон соҳаҳое, ки ба
исетҳсоли
маҳсулоти содиротӣ машғуланд. Беҳуда нест, ки симои хоҷагии аксари
мамлакатҳоро тахассуси байналмилалиашон муайян мекунад. Масалан, Љопон аз рӯйи
истеҳсоли автомобилҳо дар ҷаҳон дар ҷойи аввал буда, тақрибан нисфи онҳоро ба бозори
ҷаҳон мебарорад. Канада аз ҷиҳати истеҳсоли ғалладона, Булғористон аз ҷиҳати истеҳсоли
маҳсулоти маҷмӯи агросаноатӣ, Замбия аз ҷиҳати истеҳсоли мис дар ҷаҳон дар ҷойи
авваланд. Яъне, ин соҳаҳо соҳаи тахассуси байналмилалии ин мамлакатҳо ба ҳисоб
мераванд.
Дараҷаи ба тақсимоти байналмилалии меҳнат (ТБМ) воридшавии ҳар кадом мамлакат
ба дараҷаи камолоти қувваҳои истеҳослкунандаи он вобаста аст. Аз ин рӯ, мамлакатҳои
тараққикардаи индустриявӣ дар тақсимоти байналмилалии меҳнат мавқеи асосӣ дошта,
давлатҳои ҷавони Осиѐ, Африка ва Амрикои Лотинӣ мавқеи худро дар ТБМ аз ҳисоби бо
захираи ашѐи хом таъмин кардани мамлакатҳои мутараққӣ баланд мебардоранд. Ин
тахассуси мероси давраи мустамликавист. Ба иштироки мамлакатҳо дар ТБМ омилҳои
географӣ низ таъсири
назаррас доранд. Ин омилҳо мавқеи географи, мавҷудияти
боигариҳои бойи табиӣ ва ғайра мебошанд. Масалан, Англия тавассути дар сари роҳҳои
баҳрӣ ҷойгир буданаш дар гузашта “фабрикаи ҷаҳонӣ” гардиду захираҳои бузурги нафт
бошад, мамлакатҳои Шарқи Наздикро заминаи калони сӯзишворӣ-энергетикии ҷаҳон
гардонад.
Вале, омили асосии ҳалкунанда дар ТБМ шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисод мебошанд.
ТБМ ҷараѐни пешқадаму ҳатмии ташкилѐбии хоҷагии ҷаҳон ва асоси объективии
байналмилалгардонии ҳаѐти хоҷагӣ мбеошад.
Интегратсияи иқтисодии байналмилалӣ - хоҷагии ҷаҳонӣ ва тақсимоти байналмилалии
географии меҳнат имрӯз тамоми мамлакатҳои дунѐро фаро гирифта, онҳо торафт васею
чуқуртар, ҳам мураккабу ҳам нав шуда истодаанд, васеъшавии тахассуси байналмилалӣ ва
муомилот боиси боз ҳам зич бо ҳам алоқаманду вобасташавии хоҷагии милии як қатор
мамлакатҳо ва пайдоиши зинаи нави тақсимоти байналмилалии географии меҳнат гардид,
ки ин шакл интегратсияи иқтисодии байналмилалӣ ном гирифтааст. Вай ҷараѐни объективии
тараққиѐти устувори алоқаи тарафайни гурӯҳи мамлакатҳо буда, ба гузаронидани сиѐсати
барои мувофиқ асос ѐфтааст.
Љараѐни интегратсияи иқтисодии пурра ташкилѐфта панҷ зинаи тараққиѐтро аз сар
мегузаронад: ташкили гурӯҳҳои интегратсияи ноҳияви Иттиҳоди Аврупоӣ, Ассотсиатсияи
Шимоли Амрикоии савдои озод (НАФТА), Ассотсиатсияи давлатҳои ҷанубу шарқии Осиѐ
(АСЕАН), Бозори умумии мамлакатҳои конуси Љанубӣ (МЕРКОСУР) ва гурӯҳҳои соҳавӣ –
Ташкилоти мамлакатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ва ғайраҳо мебошанд.
Дар замони нав интегратсия нахустин бор соли 1957 дар Аврупои Ѓарбӣ оғоз ѐфта,
зинаҳои зиѐдро тай намуд. Њоло пурра ташкил ѐфтаасту ба худ номи “Иттиҳоди Аврупо”-ро
гирифтааст ва ба ҳайати он 15 мамлакати Аврупои Ѓарбӣ шомиланд. Шумораи умумии
аҳолии иттиҳод беш аз 350 млн нафар аст. Иттиҳоди мазкур иттиҳоди иқтисодию асъори
ягона ва иттиҳоди сиѐсиро эълон намуда, 1-уми январи соли 1999 пули ягона – “евро” ба
муомилот бароварда шуд.
МАВЗӮИ 8. ХОЉАГИИ ЉАҲОН ДАР ДАВРАИ ИНҚИЛОБИ
ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
НАҚША:
19
1. Пешрафти илмию-техникӣ ва ҷойгир намудани истеҳсолоти ҷамъиятӣ
2. Давраҳои ташаккулѐбии пешрафти илмию-техникӣ
3. Истифодабарии навигариҳои пешрафти илмию-техникӣ дар соҳаҳои истеҳсолоти
ҷамъиятӣ
4. Таъсири пешрафти илмию-техникӣ дар ташкили шаклҳои асосии истеҳсолоти
саноатӣ
Яке аз омилҳое, ки ба ҷойгир намудани соҳаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ таъсири калон
мерасонад, ин техника ва раванди технологӣ дар истеҳсолот мебошад. Пешрафти техникӣ на
фақат ба маҳсулнокии истеҳсолот таъсир мерасонад, балки вай вобастагии онро аз табиат,
боигариҳои табиӣ низ озод мекунад. Дар давраҳои қадим қувваи ҳаракатдиҳандаи
истеҳсолот бозуи инсон ва ҳайвоноти корӣ буд. Баъдтар аз қувваи шамол, об, шаршараҳо
истифода мебурданд. Шохаҳои пешрафти илмию-техникӣ, истеҳсолоти давраи манафактурӣ
дар асрҳои ХVI-ХVIII мебошад. Баъдтар зинаҳои РИТ ба инқилоби саноатӣ дар асри ХVIIIХIХ ба механиконӣ, мошинкунонии истеҳсолот вобаста мебошад, ки маҷмӯи мураккаби
дониш табдил ѐфта, робитаи он бо истеҳсолот олоти меҳнат аз коргар ба механизмҳо
мегузарад.
Зина ба зина мошинаҳо ташаккул меѐбанд. Дар нимаи дуюми асри ХIХ мошинаҳои
муҳаррики буғӣ, муҳаррики дарунсӯз, моторҳои барқи ба вуҷудомада, суръати коркарди
маҳсулот тез мегардад.
Муҳаррикҳои дарунсӯз ҷойҳои муҳаррикҳои буғиро ишғол мекунад, ки он ба пайдо
шудани нақлиѐти автомобилӣ ва ҳавоӣ сабаб шуд. Дар истеҳсолот истифодабарии қувваи
барқи табаддулоти калон дар саноат ба вуҷудовард. Қувваи барқ на фақат қувваи
ҳаракатдиҳанда, балки манбаи равшанию гармӣ ва ашѐи хоми саноати кимѐви мебошад. Бо
қувваи барқи ба ҷойҳои мушкилгузар ва районҳои дурдаст соҳаҳои гуногуни саноатро ҷой
дода, шароити истеҳсолӣ фароҳам меоранд. Соли 1954 якумин истгоҳи барқии атомӣ дар
майдони собиқ Шуравӣ ба кор даромад. Пешрафти техникӣ имконият дод, ки пӯлоди ба
оташ тобовар ва устувор ихтироъ карда шавад, ки аз ин навъи пeлод алмоси сунъӣ, асбобҳои
электронӣ, асбобҳои металлургӣ ва пармакунанда истеҳсол карда мешавад.
Пешрафти илмию техникӣ дар хоҷагии ҷаҳони имрӯза дигаргуниҳои нави сифатӣ ба
амал оварда истодааст. Ин дигаргуниҳо дар ду омили асосӣ ифода меѐбанд: аввалан, илм ба
афзуда истодааст. Истеҳсолот ҳарчӣ бештар бо роҳи электронӣ, автоматикунонии маҷмааӣ,
инкишофи тезу тунди биотехнологӣ ва энергетикаи атомӣ, истеҳсолӣ, материалҳои нав ва
ривоxи саноати авиаксомикӣ пеш меравад. Дар солҳои 90-уми асри ХХ дар љаҳон шумораи
МЭЊ ба 1 млн. адад, роботҳои саноатӣ ба 400-500 ҳазор адад, реактивҳои атомӣ ба 400 ва
истеҳсоли қувваи барқ дар онҳо ба 13% мерасанд.
Асри ҳозира, яъне асри ХХI давраи гузариш аз ахбороти ќоғазӣ ба мошинӣ мебошад.
Пешрафти илмию-техникӣ ба инқилоби илмию техникӣ оварда расон ба роҳ монда шуданд,
ки он дар такмилѐбии усулҳои кӯҳна ва анъанавии истеҳсол ифода меѐбад. Чунончӣ дар
саноати ангишт механиконӣ ва васеъ љорӣ кардани тарзи кушоди истеҳсол, дар металлургияи
сиѐҳ -љорӣ кардани усули нави пeлодгудозӣ, дар саноати нефту газ –кофтани чоҳҳои ниҳоят
чуқур (5-8 ҳазор м). Дар нақлиѐт зиѐд кардани суръати ҳаракати воситаҳои нақлиѐтї ба
мушоҳида мерасад.
Бо таъсири инқилоби илмию техникӣ дар соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ низ дигаргуниҳои
куллӣ ба амал омада истодаанд. Иқтидори саноати мошинсозӣ ва кимѐви аз ҳисоби тараққӣ
додани микроэлектроника, техникаи роботӣ, синтези органикӣ ва ғайра торафт афзуда
истодааст. Ин ду соҳа дар баъзе мамлакатҳо то 2/3 маҳсулоти умумии саноатиро истеҳсол
мекунанд. Дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқи ҷаҳонӣ 45 %-и қувваҳои меҳнатӣ банд буда, сол то
сол дараљаи интенсификатсияи он афзуда истодааст. Чунончӣ, парки тракторӣ дар 30 соли
охир қариб 3,0 баробар афзуда, алҳол ба 28 млн. адад мерасад.
Дарозии умумии роҳҳои нақлиѐтии љаҳон ба 30 млн. км мерасад. Соле бо воситаи
нақлиѐт зиѐда аз 100 миллиард тонна бор ва 1 триллион мусофир кашонида мешавад.
Пешрафти илмию-техникӣ барои ташкилѐбии шаклҳои асосии истеҳсолоти саноатӣ,
раванди муттаҳидгардонӣ ва истеҳсолоти мувофиқ таъсири калон мерасонад.
Яке аз шакли асосии ташкили истеҳсолоти саноати ҳозиразамон ин тамаркузи
истеҳсолот мебошад. Яъне ин муайян намудани манбаи истеҳсолот, қувваи корӣ ва истеҳсоли
20
маҳсулот дар муассисаҳои калони саноатӣ мебошад, ки дар натиҷаи он бо таври муназзам аз
нав намудан ва ҷиҳозонидани ашѐҳои корӣ, кам намудани ҳаљми маблағгузорӣ, сарфакорона
истифодабурдани қувваи корӣ, ашѐи хом, сӯзишворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии
меҳнат ва кам намудани арзиши он мебошад. Мисол дар вақти зиѐд кардани ҳаҷми истеҳсоли
мошинаҳои якхела дар заводи машинасозӣ миқдори он аз 1 ҳазор то 30 ҳазор дар як сол зиѐд
шуда, арзиши он аз 3 то 4 баробар кам шуданаш мумкин аст.
Дигар шакли ташкили истеҳсолоти саноатӣ, ки дар натиҷаи он истеҳсоли маҳсулотҳои
гуногуни саноатӣ дар як муассиса дар муттаҳидӣ истеҳсол карда мешавад. Ин раванди
комбинатии истеҳсолии маҳсулот мебошад. Комбинат аз ягонагии технологӣ ва қаламрав, ки
тарзи истеҳсолотро дар як майдони муайян бо пойгоҳи ягонаи энергетикӣ, сӯзишворӣ,
таърихӣ, системаи бо обтаъминкунии ягона, анбори хоҷагӣ, системаи ягонаи идоракунии
маъмурӣ ва идоракунии техникӣ иборат мебошад.
Се намуди тарзи комбинатии истеҳсоли маҳсулоти саноатиро аз ҳам фарқ мекунанд:
1. Дар асоси зинаҳои пайдарҳам кор карда баромадани ашѐи хом, мисол комбинатҳои
бофандагӣ, ки ба таркибашон ресандагӣ, дӯзандагӣ, рангубордиҳӣ ва дигар намудҳои
истеҳсоли маҳсулот дохил мешавад.
2. Дар асоси истифодабарии партовҳои истеҳсолот кор бурда мешавад. Мисол
партовҳои маҳсулоти ҷангал барои гирифтани спирти гидролизи, ки дар истеҳсолот кор
мефармоянд.
3. Чунин тарзи ташкили истиеҳсолоти ҷамъиятӣ, ки дар пойгоҳи тарзи маҷмааии
коркардабарории ашѐи хом ва сӯзишворӣ ба вуҷудомадааст. Мисол тарзи энергетикии
истифодабарии сӯзишворӣ яъне истифодабарии он барои гирифтани маҳсулотҳои кимѐвӣ,
қувваи барқ ва гармӣ дар истгоҳҳои барқии аловӣ.
Тахассусгардонии истеҳсолот ин чунин раванди ташкили истеҳсолотӣ мебошад, ки дар
натиҷаи он ҷудошавӣ ва мутобиқшавии соҳаҳо ба истеҳсоли маҳсулоти алоҳидаи тайѐр ва ѐ
қисмҳои он равона карда мешавад.
Се намуди тахасусгардониро аз ҳам фарқ мекунанд:
1. Тахасусгардонии предметиву-ашѐвӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти муайяни тайѐр
машғул мебошад, ки ин мисол мешавад: Заводи истеҳсоли автомобил, фабрикаҳои
пойафзолдӯзӣ ва ғайраҳо.
2. Тахсусгардонӣ бо қисмҳои алоҳида, мисол истеҳсоли қисмҳои маҳсулотии мошинаҳо,
подшипникҳо ва ѐ радиоприѐмникҳо.
3. Тахасусгардонии зинавӣ-технологияҳое, ки барои истеҳсоли амалиѐтҳои алоҳидаи
технологӣ банд мебошад. Ба ин мисол мешавад, қисмҳои рехтагарӣ, васлкунӣ ва ғайраҳо.
Дигар сохти ташкили истеҳсолоти ҷамъиятӣ ин раванди кооперативонӣ ва
мутаҳҳидгардонии истеҳсолот мебошад. Тарзи истеҳсолоти кооперативӣ асосан чунин тарзи
истеҳсолот мебошад, ки муассисаҳои алоҳида дар алоқамандии байниҳамдигар барои
истеҳсоли маҳсулот дар мутаҳҳидшавӣ иштирок менамоянд ва дар истеҳсолоти маҳсулоти
тайѐр ҳиссаи худро мегузоранд. Дар байни муассисаҳои кооперативӣ ба муассисаҳои асосӣ,
ки он барои ба таври пурра истеҳсол намудани маҳсулот љавобгар мебошад ва муассисаҳои
ҳамкор, ки аз рӯи супориши муассисаҳои асосӣ ин ва ѐ он маҳсулотро дастрас ва тайѐр
мекунанд, ки он барои истеҳсоли маҳсулоти тайѐр истифода бурда мешавад ҷудо мешавад.
Мисол заводи автомобилбарории шаҳри Горкий бо тарзи кооперативӣ наздик бо 700
муассисаҳои саноатӣ дар алоқамандӣ буда, аз заводҳои ҳамкорикунанда маҳсулоти
дастрасшаванда наздик 40%-и арзиши автомобилро ташкил медиҳад.
Мутамарказонии истеҳсолот ин дар якљоягии бо воситаи истеҳсолот, олоти меҳнат,
қувваи корӣ, ки дар як марказ муттаҳид гардонидашуда, истеҳсоли маҳсулот дар
муассисаҳои калони санотӣ мебошад. Муассисаҳои калони саноатӣ нисбат ба муассисаҳои
хурд имтиѐзҳои калон доранд. Муассисаҳои калони саноатӣ метавонад, технологияи нави
дорои иқтидори баланди истеҳсолӣ доштаро истифода барад. Дар вақти сохтани
муассисаҳои саноатӣ маблағгузорӣ нисбат ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот кам мегардад.
Маводҳои моддӣ сарфакорона истифода бурда мешавад. Вазни хоси аппаратҳои
идоракунанда ва ѐрирасон кам мегардад, ки он ба арзиши маҳсулоти истеҳсолкунанда
бетаъсир намемонад.
МАВЗӮИ 9.
МАЉМАИ САНОАТИ МАСНУОТБАРОРИИ ҶАҲОН
21
НАҚША:
1. Саноати металлургия.
2. Саноати химия.
3. Саноати сабук.
4. Саноат ва муҳити атроф
Металлургия хоҷагии ҷаҳонро бо металлҳои сиѐҳу ранга таъмин менамояд. Муддати
тӯлонӣ ҳаҷми гудозиши металлҳо иқтидори иқтисодии мамлакатро муайян менамуд. Вале
суръати афзоиши металлургия дар солҳои 70-уми асри 20 суст гардид, зеро пластмасса дар
истеҳсолот ҷой гирифта, металлро иваз намуд. Бо вуҷуди ин, бисѐр навъҳои металлҳо ҳоло
ҳам масолеҳи беҳтарини иқтисодиѐти ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.
Истеҳсоли солонаи пӯлод аз 1300 млн тонна гузаштаасту 80 дарсади он ба ҳиссаи
мамлакатҳои рӯ ба инкишоф рост меояд. Истеҳсолчиѐни асосии пӯлод Ҷопон, ИМА, Чин,
Олмон буда, аксари мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ маъдани оҳанро аз хориҷа меоранд. 50
дарсади маъдани оҳани истихроҷшударо ба бозори ҷаҳон мебароранд.
Ҷойгиршавии металлургияи сиѐҳ дар бисѐр мамлакатҳо ба ноҳияҳои соҳиӣ ҳаракат
дорад (дар аксари мамлакатҳои Аврупои Ғарбию Ҷопон). Танҳо дар ИМА ва Олмон
марказҳои дохилии ин соҳа бартарӣ доранд. Дар ИМА онҳо дар атрофи кӯлҳои Бузург
(Чикаго, Детройт), дар Олмон дар ноҳияи саноатии Рур ва Саара ҷойгиранд.
Пайдоишу тараққии корхонаҳои металлургияи сиѐҳ дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф
дар солҳои 80-уми асри 20 (дар беш аз 30 мамлакат) дар географияи ин соҳа тағйирот ба
амал овард. Ҳоло Бразилия аз рӯйи истеҳсоли пӯлод аз Англия ва Фаронса, Ҳиндустон
бошад, аз Белгияю Нидерландия пеш гузаштаанд.
Металлургияи рангаи ҷаҳон ҳар сол беш аз 40 млн тонна металлҳои гуногун истеҳосл
менамояд, ки дар байни онҳо алюминий мавқеи асосӣ дорад. Ин металл дар соҳаҳои
авиатсия, ракетасозӣ, автомобилсозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сабуки конструксионӣ васеъ
истифода бурда мешавад. Мамлакатҳои асосии истихроҷи боксит (ашѐи хоми алюминий)
Австралия, Гвинея, Ямайка, Бразилия; истеҳослкунандаир металли алюминий ИМА, Руссия,
Ҷопон, Канада, Олмон мебошанд. Дар ҳамаи ин мамлакатҳо мавзеи истеҳосли металл дар
ноҳияҳои истгоҳи калони барқидошта ҷойгир аст.
Маркази калони саноати мис дар ҷаҳон Африкаи Марказӣ (Зоир, Замбия) мебошад.
ИМА, Ҷопону Олмон низ мис зиѐд истеҳсол мекунанд.
Аз дигар металҳои ранга зиѐдтар сурбу руҳ истеҳосл карда мешаванд.
Истихрокунандагони асосии маъдани ин металлҳо Австралия, ИМА, Канада, Перу, Мексика
буда, истеҳсоли онҳо дар ИМА ва мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ беш аст.
Мошинсозӣ - Аз рӯйи таркиби худ ин соҳа аз ҳама мураккабу сершохатарини саноати
ҷаҳон аст. Аз ин сабаб, дар ин соҳа 100 млн нафар коргарони фаъол шуғл доранду (ҷойи
якум) аз ҷиҳати нархи маҳсулот ҳам дар байни тамоми соҳаҳои саноати ҷаҳон дар ҷойи якум
меистад. Вобаста ба маҳсулоти истеҳсолмекардагӣ мошинсозии энергетикӣ, нақлиѐтӣ,
кишоварзӣ, дастгоҳсозӣ ва истеҳсоли таҷҳизот (барои дигар соҳаҳои саноат) фарқ мекунанд.
Мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон, инчунин Русияю Чин қариб тамоми навъҳои
мошинсозиро доранд. Мамлакатҳои Аврупои Ѓарбию Шарқӣ ва баъзе мамлакатҳои рӯ ба
инкишоф (бразилия, Сингапур, Корея, Ҳиндустон ва дигарон) одатан ба истеҳсоли ин ѐ он
навъи маҳсулоти мошинсозӣ махсус гардонида шудаанд. Дар аксари мамлакатҳои ҷаҳони 3юм мошинсози дар маънои ҳақиқӣ вуҷуд надошта, корхонаҳои металлкоркунӣ (устухонаҳои
таъмирӣ) амал мекунанд ва онҳо хизматрасонии нақлиѐт, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ ва ғайра
мебошанд.
Корхонаҳои металлталаби ин соҳа дар назди саноати химия, металлургияи сиѐҳ,
энергетика (шимолу шарқи ИМА, Рури Олмон, Донбасси Украина, Силезияи Болои
Лаҳистон), соҳаҳои дастгоҳсозӣ, радиоэлектроника, асбобҳои дақиқ дар ноҳияҳои захираҳои
меҳнатии баландихтисос, корхонаҳои истеҳсоли мошину асбобҳои маишӣ бошанд, дар
ноҳияҳои серхаридор ҷойгир карда мешаванд. мамлакатҳои тараққикарда 9/10 қисми
маҳсулоти ин соҳаро истеҳсолш менамоянду дар ҳудуди онҳо се ореали мошинсозӣ ҷойгир
аст: ИМА, Аврупои Ғарбӣ, Ҷопон.
22
Соњањои саноати химия
Мамлакатҳои рӯ ба инкишоф аз даҳ як ҳиссаи маҳсулоти саноати мошинсозиро
истеҳосл менамоянд. Дар байни онҳо Ҳиндустон, Бразилия, Аргентина, Мексика, Кореи
Ҷанубӣ пешсафанд. Аксари заводҳои ин мамлакатҳо ба сармояи хориҷӣ вобастаанд.
Яке аз соҳаҳои асосии саноати мошинсозӣ автомобилсозӣ аст. Ҳар сол дар ҷаҳон зиѐда
аз 60 млн мошинҳои боркашу сабукрав истеҳсол карда мешаванд, ки дар ин ҷода ИМА ва
Ҷопон дар ҷойи аввал буда, ҳар яки онҳо бештар аз 10 млн автомобил истеҳсол мекунанд.
Ширкати калонтарини дунѐ “Ҷенерал моторс”, “Форд”, “Крайслер” (ИМА), “Тоѐта”,
“Хондо”, “Нисан”, (Ҷопон), “Фолксваген” (Олмон), “Фиат” (Италия) ва дигаронанд.
Дар истеҳсоли ҷаҳонии киштиҳои калонҳаҷм Фаронса, Ҷопон, Корея, Британия, Олмон
ва Чин пешсафанд.
Саноати химия - Дар замони мо ин соҳаест, ки дараҷаи азнавсозиҳои иқтисодии ҳама
гуна мамлакатро нишон медиҳад. Аврупои шарқӣ, ИМА ва Чин 1/5 қисми маҳсулоти
химияро истеҳсол мекунанд. Дар ин мамлакатҳо коркарди ашѐи хоми гуногуни минералӣ ва
нафту химиявӣ инкишоф ѐфтааст. Дар мамлакатҳои тараққикарда химияи илмталаб,
полимерҳо, истеҳсоли нуриҳои минералӣ инкишоф ѐфтаанд. Дар мамлакатҳои рӯ ба
инкишоф дар ибтидо саноати кӯҳӣ –химиявӣ, ки маҳсулоташ содиротӣ буд, инкишоф ѐфта
буд. Аз ибтидои солҳои 70-уми асри ХХ сар карда, онҳо соҳаҳои нурибарор, полимерҳо,
химияи нафтиро инкишоф медиҳанд. Дар Арабистони Саудӣ, Қувайт, Эрон, Индонезия,
Алҷазоир, Мексика, Венесуэла, Бразилия маҷмӯи калони нафту химия ба кор даромадаанд.
Соњањои саноати
химияи асосї
Саноати химияи кӯњї
Нурињои химиявї
Саноати сабук- Саноати сабук соҳаи қадима буда, дигаргуниҳои географиро бештар
дар шохаи пешсафи он-саноати бофандагӣ мебинем. Њоло дар ҷаҳон беш аз 130 млрд. м2
газвор истеҳсол карда мешавад, ки қариб нисфи он ба ҳиссаи Чин ва ммамлакатҳои Аврупои
Шарқӣ рост меояд. Аз мамлакатҳои тараққикарда дар ин ҷода ИМА ва Љопон пешсаф
мебошанд.
Дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф истеҳсоли газвор торафт меафзояд (Шарқ ва Ҷанубу
Шарқии Осиѐ, Амрикои Лотинӣ). Ба ин меҳнатталабии ин соҳа сабаб шудааст. Дар
мағозаҳои ИМА, Аврупои Ғарбӣ, Ҷопон газворҳои арзони Кореяи Ҷанубӣ, Гонконг,
Ҳиндустон, Колумбияро хеле зиѐд мефурӯшанд.
Саноат ва муҳити атроф - Фаъолияти саноатии инсон ба муҳити атроф зич алоқаманд
аст, зеро саноат истеъмолкунандаи асосии захираҳои табиӣ, ба вуҷуд оварандаи
ландшафтҳои антропогенӣ (саноати маъдани кӯҳӣ, шаҳрӣ) буда, дар баробари ин афзоиши
саноат бисѐр масъалаҳои истифодаи табиатро мураккаб гардонидааст. Дар ин бора
истеҳсолоти бо ном “ифлос” ҳиссаи зиѐд дорад.
Иншоотҳои асосии ифлоскунандаи муҳити атроф саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ,
истгоҳҳои барқии сӯзишворӣ, металлургия, химия, нақлиѐт, муассисаҳои коммуналӣ ва
ғайраҳо мебошанд. Инкишофи саноати истихроҷ манзараҳои табииро вайрон мекунанду
23
азнавбарқароркунии онҳо маблағи зиѐдро металабад. Истгоҳҳои барқӣ, корхонаҳои саноати
химия, нақлиѐт, металлургия ба ҳавои атмосферӣ моддаҳои заҳрнокро дар шакли газ, чангу
ғубор мебароранд, обҳои саноатию коммуналӣ дар таркибашон унсурҳои зиѐновар доранду
обҳои равони рӯйизаминӣ хокро заҳролуд мегардонанд. Неругоҳҳои барқии обӣ майдони
калони заминҳои коршоямро ишғол мекунанд.
Оқилона истифодабарии сарватҳои табиӣ масъалаҳои экологии саноат ба вуҷуд
овардаро ба таври мусбат ҳал мекунад.
Се роҳи асосии ҳалли масъалаи ҳифзи муҳити атроф мавҷуд аст: ба вуҷуд овардани
иншоотҳои тозакунанда, ҷорикунии технологияи кампартову бепартов, оқилона
ҷойгиркунии истеҳсолоти “ифлос”.
МАВЗӮИ 10. ГЕОГРАФИЯИ СОЊАЊОИ САНОАТИ
СӮЗИШВОРЇ - ЭНЕРГЕТИКӢ
НАҚША:
1. Географияи соҳаҳои саноат
2. Саноати сӯзишворӣ-энергетикӣ
3. Саноати нафт
4. Саноати газ
5. Саноати ангишт
Саноат соҳаи асосии истеҳсолоти моддӣ буда, дар он беш аз 500 млн нафар одамон
шуғл доранд. Дар таркиби соҳавии саноат 9/10 қисмаш ба саноати коркардабароӣ (маснуотӣ)
рост меояд. Дар давраи ИИТ се соҳаи он (“авангарди сегона” номида шудаанд): мошинсозӣ,
химия ва электроэнергетика бо суръат аз ҳама боло инкишоф ѐфта истодаанд. Ба ҳисоби
миѐна дар ҷаҳон ба ҳиссаи ин сегона 50 дарсад, дар мамлакатҳои аз ҳама тараққикарда 55-60
дарсад маҳсулоти умуумии саноатӣ рост меояд.
Соҳаҳои навтарини илмталаб-микроэлектроника, техникаи ҳисоббарор, роботсозӣ,
индустрияи ахборотӣ, истеҳсолоти атомию аэрокайҳонӣ, химияи синтези органикӣ ва
саноати микробиологӣ дар сафи пеш баромадаанду ба онҳо “катализаторҳо”-и ИИТ ном
ниҳодаанд.
Њиссаи саноати истихроҷ торафт кам шуда истодаст, ки сабабҳои асосиаш доимо
камшавии қувва ва масолеҳталабии он, ивазкунии ашѐи хоми табиӣ бо масолеҳи синтетикӣ
мебошад. Бо вуҷуди он, соҳаҳои истихроҷ ҳам дар замони ИИТ ба тағйиротҳо дучор
шудаанд. Ин тағйиротҳоро мо дар васеъшавии усулҳои кушоди истихроҷкунии канданиҳои
фоиданоки хушкию баҳрӣ ва ғайра мебинем.
Саноати сӯзишворӣ-энергетикӣ - Некӯаҳволии инсоният ба азхудкунии навъи
мухталифи сӯзишворӣ ва энергия алоқаманд аст. Ҳоло ҳам онҳо асоси хоҷагии ҷаҳонӣ,
тамоми ҷараѐнҳои пешқадами иқтисодиѐт мебошанд. Дар замони ИИТ истифодаи энергия
хеле афзуд. Танҳо дар асри 20 истфиодаи он 15 баробар афзудааст. Истеҳсолу истеъмоли
ҷаҳонии захираҳои аввалини энергетикӣ аз 1 млрд тонна сӯзишвории шартӣ (СШ) –и соли
1900 дар солҳои 1990 то ба 10-11 млрд тонна ва дар охири соли 2010 қариб ба 20 млрд тонна
расидааст. Истеъмолу истеҳсоли он дар мамлакатҳои тараққикардаю рӯ ба инкишоф фарқ
дорад. Агар таносуби истеҳсол 1:1 бошад, пас таносуби истеъмол 5:1-ро ташкил медиҳа. Ин
чунин маъно дорад, ки қисми зиѐди неруи барқи дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф
истеҳсолшударо олами тараққикарда аз худ менамояд. Ба ҳиссаи мамлакатҳои тараққикарда
ҳамагӣ 16 дарсади аҳолии дунѐ, вале 60 дарсади истеъмоли ҷаҳонии захираҳои энергия рост
меояд.
Дар тӯли тамоми асри 19 ва нимаи аввали асри 20 истифодаи ангишт бартарӣ дошт (910 қисми нерӯи барқ). Афзоиши иқтисодиѐти ҷаҳонро дар солҳои баъдиҷангӣ ба истифодаи
газу нафт алоқаманд медонанд, ки ин ба самаранокии истифодаи онҳо вобаста аст.
Конҳои калонтарини нафти дар Шарқи наздик бударо монополияҳои калон пурра дар
ихтиѐри худ дошта, ба он нархи арзони монополӣ ҷорӣ менамуданд. Нархи нафт дар бозори
ҷаҳонӣ нисбат ба нархи ангишт пасттар буд.
24
Соли 1960 Ташкилоти мамлакатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) таъсис дода шуду
аъзои тадриҷан истихроҷи нафтро ба ихтиѐри худ гирифтанд. Ба монополияҳо лозим омад,
ки ба нархи дар бозори ҷаҳон муқарраркардаи мамлакатҳои ин ташкилот розӣ шуда, пули
зиѐд диҳанд. Ин ҳолат онҳоро ба ҷустуҷӯ ва ҷорикунии технологияи қувваи сарфакунанда
водор намуд.
Солҳои 70-уми асри ХХ дар тараққиѐти саноати сӯзишворӣ-энергетикии ҷаҳон тағйирот
ба амал омад, ки ба номусоидиҳои шароитҳои кӯҳӣ-геологӣ, ба ноҳияҳои шароиташон
мураккаб рӯ оврадани истихроҷи сӯзишвориҳо, зиѐдшавии талаботҳои экологӣ ва ғайраҳо
вобаста аст.
Пайваста ба ин, дар ин давра зиддиятҳои хоҷагии ҷаҳони капиталистӣ тезу тунд
гардида, муборизаи мамлакатҳои рӯ ба иникишоф баҳри захираҳои худ афзуд, ки ин боиси
боз ҳам зиѐдшавии нархи нафт (15-20 дарсад) гардид. Таъмикунии хоҷагии ҷаҳон бо энергия
ба яке аз масъалаҳои муҳимми рӯз табдил ѐфт.
Саноати нафт - Нафтро қариб 100 мамлакати ҷаҳон истихроҷ мекунад. Хосияти
географии ин соҳа симои мамлакатҳои асосии истихроҷкунандаи нафтро муайян мекунад.
Барои аксари ин мамлакатҳои саноатӣ нафт, соҳаи муҳимми тахассуси хоҷагӣ аст.
Мамлакатҳои асосии истихроҷи нафт Русия, ИМА ва Арабистони Саудӣ мебошанд.
1/3 қисми нафти истихроҷишуда ба бозори ҷаҳонӣ бароварда мешавад. Содиротчиѐни
асосӣ мамлакатҳои ОПЕк мебошанд. Дар байни онҳо мамлакатҳои халиҷи Форс бартарӣ
доранд. Дар ин ноҳия беш аз 2/3 қисми захираҳо ва 1/3 қисми истихроҷи нафти ҷаҳонӣ
ҷойгиранд.
Умуман, дар саноати нафт номувофиқатии байни ноҳияҳои истихроҷу истеъмоли
мавҷуд аст, ки ин ҳолат боиси ба масофаҳои хеле дароз кашонидани он гардидааст.
Кашонидани нафт аз бандарҳои калони нафтии халиҷи Форс сар шуда, он ба Аврупои
Ғарбӣ ва Ҷопон бурда мешавад. Танкерҳои калон масофаи гирди Африка, танкерҳои хурд
Канали Суэтсро тай менамояд. Аз мамлакатҳои Амрикои Марказӣ (Венесуэла, Мексика)
нафт ба ИМА ва Аврупои Ғарбӣ, аз Аляска ба ИМА кашонида мешавад.
Саноати газ - Истихроҷи гази табиӣ танҳо дар нимаи дуюми асри 20 инкишоф ѐфт.
Истихроҷкунандагони асосӣ Русия, ИМА, Канада, Нидерландия мебошанд. Солҳои охир
истихроҷи газ дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф зиѐд шудааст. Самтҳои асосии газгузаронӣ
дар ИМА аз ҷануб ба шимолу шарқ, аз Нидерландия ба дигар давлатҳои Аврупо буда, ба
воситаи қубурҳои зери об ба баҳри Шимолӣ ба Англия, Норвегия, Дания, Олмон, аз
Алҷазоир ба ҷазираи Ситсилияи Италия фиристода мешавад.
Содиркунандагони асосии газ Русия, Нидерландия, Канада ва Норвегия буда,
воридкунандаи асосӣ Ҷопон мебошад.
Қариб 85 дарсади газро худи мамлакатҳои истихроҷкунанда истеъмол мекунанд.
Саноати анргишт - Дар давраҳои истеъмоли нафти арзон ин соҳа қафо монда, баъдтар
бо суръати тез тараққи кард. Ангиштро беш аз 60 мамлакати ҷаҳон истихроҷ мекунанд. Вале
аломати географияи ин соҳа мамлакатҳои пешсафро муайян менамояду барои онҳо саноати
ангишт соҳаи муҳимми тахассуси байналмилалӣ аст. Захираҳои бузурги ангишт низ дар
ҳамин мамлакатҳои ҷойгиранд (Чин, ИМА, Русия, Лаҳистон).
Дар Чин қисми зиѐди конҳои истихроҷи анргишт дар ноҳияҳои шарқи мамлакат, дар
ИМА дапр ҳавзаи Аппалач (бо усули кушод), дар Русия дар шарқ ҷойгиранд.
Содиркунандагони ангишт мамлакатҳое мебошанд, ки дар онҳо истихроҷи он арзон аст
(Австралия, ИМА, Љумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ЉАЉ). Воридкунандагони асосии анргишт
Љопон ва мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо буда, истихроҷкунандаи асосии ангишти сиѐҳтоб
Олмон аст.
Хусусияти асосии географияи саноати ангишт: қисми зиѐди истихроҷи он ба ҳиссаи
мамлакатҳои тараққикарда меафтад, вале онҳо 9/10 ҳиссаи захираҳои ангиштро доранд. Дар
байни мамлакатҳои рӯ ба инкишоф Њиндустон зиѐдтар ангишт истихроҷ менамояд.
Аз даҳ як ҳиссаи ангишти истихроҷшуда ба бозори ҷаҳонӣ асосан бо роҳи баҳрӣ
бароварда мешавад.
Электроэнергетика - Ин соҳаро яке аз қисмҳои асосии “авангарди сегона” меноманд.
Неруи барқро дар истгоҳҳои олавӣ (алоҷӣ, оташӣ), обӣ ва атомӣ истеҳсол мекунанд. Қисми
асосии истеҳсолаш ба ҳиссаи истгоҳҳои олавӣ рост меояд. Њиссаи истгоҳҳои обӣ низ
назаррас аст, алалхусус дар олами рӯ ба инкишоф, ки қувваи обиии онҳо 65 дарсадди қувваи
25
обии ҷаҳонро ташкипл медиҳад. Вале ин захираҳо ҳоло кам истифода шудаанд (дар Африќо
5 дарсад, дар Амрикои Љанубӣ 10 дарсад). Дар истифодаи қувваи обӣ ИМА, Норвегия ва
Русия аз ҷиҳати истеҳсоли он ба ҳам сар аҳолӣ дар ҷаҳон дар ҷойи авваланд.
Ба ҳиссаи энергетикаи атомӣ 17 дарсади ҳиссаи истеҳсоли ҷаҳонии нерӯи барқ рост
меояд. Истгоҳҳои барқии атмоӣ дар 31 мамлакати дунѐ амал мекунанд. А рӯйи миқѐси
мутлақи истеҳсоли неру дар истгоҳҳои атомӣ ИМА, Фаронса, Љопон, Олмон, Русия пешсаф
мебошанд. Солҳои охир энергетикаи атомӣ дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф низ пайдо шуда,
инкишоф меѐбад.
Афзудани талабот ба нерӯи барқ дар замони ИИТ боиси ба истифодабарӣ ҷалбкунии
сарчашмаҳои ғайрианъанавӣ (алтернативӣ) гардид. Инҳо қувваи Офтоб, шамол, мадду ҷазр,
гармии дохили Замин ва ғайраҳо буда, истгоҳҳои қувваи Офтоб (гелиостансия) дар ИМА,
Фаронса, Русия; геотермалӣ дар Канада, Чин; Филиппин, Италия; мадду ҷазрӣ дар Фаронса,
Канада, Чин; шамолӣ – дар ИМА, Дания амал мекунанд.
Географияи нерӯи барқ фарқиятнок аст. Ба 20 дарсади аҳолии мамлакатҳои
тараққикарда беш аз 75 дарсади тамоми неруи истеҳсолшуда рост меояд.
Энергетика соҳаи ҳаѐтан муҳимми хоҷагии ҷаҳон буда, дараҷаи тараққиѐти он ба ИИТ,
сифати ҳаѐти одамони мамлакату қаламравҳои гуногун вобаста аст.
МАВЗӮИ 11. АСОСҲОИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ СОЊАИ КИШОВАРЗӢ.
ЗИРОАТКОРӢ ВА СОҲАҲОИ ОН
НАҚША:
1. Маълумоти мухтасар оид ба соҳаи кишоварзӣ ва хусусиятҳои фарқкунандаи он аз
соҳаи саноат.
2. Пойгоҳи моддию техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ.
3. Таъсири мавқеи географӣ ва шароити табиӣ ба кишти растаниҳои маданӣ дар соҳаи
кишовразӣ.
4. Кишти ғалладона ва аҳамияти иқтисодии он дар мисоли гандум, ҷуворимакка ва
биринx.
5. Растаниҳои техникӣ ва аҳамияти хоҷагии он дар мисоли лаблабуи қанд, пахта ва
картошка.
6. Маҷмааи агросаноатӣ ва роли он дар истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии халқ.
Хоҷагии кишоварзӣ дар системаи хоҷагии халқ ҷои асосиро ишғол менамояд. Ин соҳа
яке аз соҳаҳои асосии таъмини озуқаворӣ барои ҷамъияти инсонӣ, хӯроки чорво ва ашѐи хом
барои саноати мебошад. Дар хоҷагии кишоварзӣ олоти асосии истеҳсолот ин замин
мебошад. Дар раванди истеҳсолот дар хоҷагии кишоварзӣ инсон сифатҳои механикӣ,
физикавӣ, кимѐвӣвӣ ва биологии заминро истифода мебарад.
Дар зери маънои пойгоҳи моддӣ-техникии хоҷагии кишоварзӣ ҷамъи олоти меҳнатро,
ки дар хоҷагии кишоварзӣ барои заминдорӣ ва чорводорӣ истифода мебаранд, фаҳмида
мешавад. Ба он фондҳои асосӣ- автомобил, трактор, муҳаррикҳо, таҷҳизотҳо, биноҳо ва
иншоотҳо, коргарон ва ҳайвонҳои маҳсулдиҳанда, тухмӣ, хуроки чорво ва замин олоти
умумии меҳнат дохил мешавад. Дар байни олотҳои табиӣ истеҳсолоти кишоварзӣ xои
асосиро иқлим мегирад. Элементҳои асосии иқлим- ҳарорат, равшанӣ, намӣ мебошад, ки
барои бавуҷудоиии моддаҳои органикӣ дар растанӣ таъсири калон мерасонад. Давомнокии
давраи вегетатсионии растанӣ вобаста ба навъи он аз ҳам фарқ мекунад. Масалан давраи
вегетатсионӣ офтобпараст 90-130 рӯз, картошка-60-160 рӯз, лаблабуи қанд-150-170 рӯз,
пахтакорӣ 130-150 рӯз мебошад.
Яке аз омилҳои асосии иқтисодӣ, ки дар ташаккулѐбӣ ва ҷойгиркунии кишти хоҷагии
кишоварзӣ ба ҳисоб гирифта мешавад, ин таъмин будан бо захираҳои меҳнатӣ мебошад.
Намудҳои алоҳидаи маҳсулоти кишоварзӣ байни ҳам аз ҷиҳати сарфи меҳнат фарқ мекунанд.
Мисол барои истеҳсоли 1 ц маҳсулотҳои асосии кишоварзӣ сарфи меҳнат дар хоҷагиҳо чунин
мебошад. Ѓалла (ба ғайр аз ҷуворимака) 1,2 нафар дар 1 соат. Картошка 2,8, пахтакорӣ- 3,5
лаблабуи қанд 1,3. Дар вақти ҷой додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дастрас намудани
маҳсулоти кишоварзиро ба истеҳсолот ва истеъмол ба назар гирифтан лозим аст. Сарфи
нақлиѐт ба намудҳои алоҳидаи маҳсулот 30% арзиши маҳсулоти сарфшударо ташкил
26
мекунад. Барои расиши растанӣ об, озуқа, ҳаво, равшанӣ ва гармӣ лозим мебошад. Об барои
растанӣ маҳсули якуминдараҷа мебошад, ки он барои ғизогирӣ нигоҳ доштани ҳарорат ва
намии хок роли асосиро мебозад.
Аз рӯи нишондоди К.А. Тимирязев ғизогирии растаниҳо ин раванди доду гирифти
моддаҳо байни муҳити табиӣ ва растанӣ мебошад. Ба танзим даровардани режими озуқаворӣ
бо роҳи таъмини элементҳои ғизодиҳандаи он вобаста аст.
Кишоварзї сохди муњимми иќтисодиѐт аст. Дар дунѐ мамлакате нест, ки ањолии он дар
кори кишоварзї машѓул набошад. Айни њол ќариб нисфи ањолии ќобили мењнати љањон дар
сохди кишоварзї машѓули кор аст. Вале ин раќам барои тамоми мамлакатњои дунѐ як хел
нест. Дар мамлакатњои Аврупои Ѓарбї дар соњаи кишоварзї ба њисоби миѐна 9 дарсад, дар
ИМА-7,0 дарсад, дар Канада-6 дарсад, дар Иттињоди Давлатњои Мустаќил ќариб 20 дарсади
ањолии ќобили мењнат шуѓл дорад. Дар мамлакатњои рӯ ба инкишоф ин нишондињанда 70-80
дарсад ва аз ин њам зиѐдтар аст. Ин њолат ќабл аз њама ба дараљаи механиконии ин соња,
инчунин тахассуси он ва шароитњои табий вобаста аст. Яке аз хусусиятњои хоси соња бештар
ба табиат вобаста будани он аст ва ин вобастаги дар замони ИИТ низ боќї мемонад.
Кишоварзй аз ду соњаи калони (рустанипарварй ва чорводорй) бо њам алоќаманд
иборат буда, таносуби онњо аз мамлакат ба мамлакат (вобаста ба мењнатталабию
маблаѓталабй, хусусияти шароитњои табиию мањаллй) таѓир меѐбад. Дар мамлакатњои
тараќќикарда, ки комѐбињои нави илму агротехникаро васеъ истифода мебаранд, мањсулоти
чорводорї нисбат ба мањсулоти рустанипарварї бартарї дорад. Чунин њолатњо дар баъзе
мамлакатњои рӯ ба инкишоф низ мушоњида карда мешавад (баъзе мамлакатњои Шарќи
Наздику Миѐна), вале сабаби ин норасогии замин (камќувватии хок, иклими хушк) ва мањдуд
будани зироатчиги аст.
Чорводорию зироатчигии замони њозира ба соњањои саноати ба онњо техникадињанда
ва мањсулоташонро кор карда бароянда алоќаи устувору мухталиф доранд. Ин њолати
алоќамандї боиси ташкилѐбии маљмуањои агросаноатии гуногун иќтидоргардида, дар
мамлакатњои рӯ ба инкишоф бошад, ин маљмуањо дар њолати ташкилѐбианд. Дар ин
мамлакатњо тараќќии ИИТ ба пайдоиши “Инќилоби сабз” оварда расонд. Моњияти он чунин
аст, ки тавассути љорикунињои кишти навъњои баланд мањсули зироатњо, њолатњои
механиконию электрикони, химиконї, мелиоратсияи Замин ва истифодаи биотехнология
њосилнокии зироатњо баланд бардошта мешавад. Вале “Инќилоби сабз” танњо дар баъзеи ин
давлатњо (Мексика, Њиндустону Покистон, Филиппинњо) ва заминњои сарватмандони калону
ширкатњои хориљї љої карда шуд. ПИТ дар соњаи чорводорї боиси гузаронидани баъзе
навъњои истењсолот (фабрикањои парандапарварию фермањои чорвои калони шохдор) ба
технологияи индустриявї гардид.
Дар ин соњањо механиконию автоматикунонї ба амал омадааст. Равшанӣ барои
растанӣ ин манбаи асосии қувваи дар раванди фотосинтез мебошад, ки он ба таркиби кимѐвӣ
ва сифати ҳосил таъсири калон мерасонад. Њарорат ин омили асосӣ барои расиш ва
ташаккулѐбии растанӣ мебошад. Самти ҳарорат, ки барои вуҷуд доштани растанӣ ба таври
васеъ таъсир мерасонад, ва –20 аз решаи лӯбиѐгиҳо то +460 барои кишти ҷуворимакка ва ғ-ҳо
мебошад.
Дар он ноҳияҳое, ки норасоии боришот ва намӣ мушоҳида карда мешавад, раванди
обѐрикунонии замин гузаронида мешавад. Дар ноҳияҳои гуногун раванди обѐрикунӣ аз ҳам
фарқ мекунад. Мисол барои кишти гандум нормаи обѐрикунӣ аз 600 то 3000 м3 об дар 1 га,
барои љуворимакка 2000-5000, барои пахтакорӣ аз 3000 то 6000, боғдорӣ – 1000 - 4000, карам3200-7000, лаблабуи қанд – 3000 - 4000, офтобпараст- 2000-2800, картошкапарварӣ 1300-3000
м3 об ба ҳар як гектар лозим мебошад. Кишти растаниҳои ғалладона дар хоҷагии халқ
аҳамияти калон дорад.
Њамаи ғалладонагиҳо аз ҷиҳати хосияти морфологи ва биологиашон ба чаҳор гурӯҳ
тақисм мешаванд.
1. Ѓалладонагиҳое, ки аз онҳо орди муқаррарӣ (нони навъи 1ум) гирифта мешавад ва ба
он гандум, ҷавдор, ҷав дохил мешавад, ки ба иқлими хушк тобовар мебошанд.
2. Ба ин тип ғалладолнагиҳо намуди арзандошта (нони гурӯҳи дуюм) арзан, ҷуворӣ,
ҷуворимакка, биринҷ дохил мешавад.
3. Бой (20 ба ин тип ғалладонагиҳо лӯбиѐгиҳо дохил мешаванд, ки ба он нахӯд, лбиѐ,
мош ва дигарҳо, ки ба оилаи лӯбиѐгиҳо дохил мешаванд, ки таркибашон аз сафеда -35%).
27
4. Ба типи чаҳзанбӯрм дигар намуди ғалладонагиҳо гарчица, амарант ва ғ-ҳо дохил
мешавад. Ѓалладонагиҳое, ки аз он нон мегиранд, ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд- зимистона ва
баҳорона.
Гандум –растании мадании қадима буда, майдони кишти он дар ҷаҳон 230 млн. га-ро
ташкил медиҳад. Гандуми зимистона ба хунукиии мӯътадил тобовар буда, дар ҳарорати –18 20 0С ях мекунад ва 22 намуди гандум мавҷуд мебошад, лекин бисѐр паҳншуда ин ду намуд
мебошад. Гандуми навъи мулоим ва устувор. Гандуми типи мулоим бисѐр паҳншуда буда,
дар дона он 11-24% сафедаи сифтаи баланд дошта мавҷуд мебошад. Дар давлатҳои ИДМ 90%
кишти гандум ба ин навъ рост меояд. Онро асосан барои нонпазӣ ва панирпазӣ кор
мефармоянд. Сифати ин намуди гандум аз сифтаи клейковин вобаста мебошад. Гандуме, ки
дар таркибаш 14% протеин ва 28% клейковин дорад, ҷилоҳи шишамонандро доро буда,
нисбатан харидорталаб 10-15 % ва арзишаш баланд мебошад. Гандуми навъи устувор аз
љиҳати паҳншавиаш дар ҷои дувум истода, дар таркибаш сафедраи зиѐд то 26% мебошад. Аз
гандуми устувор манная крупа, аз ордааш макарон, маҳсулотҳои қаннодӣ кор мефармоянд.
Арзиши ин намуди гандум (барои он ки сафедари зиѐд дорад) аз 30 то 60% нисбат ба гандуми
муқаррарии мулоим зиѐд мебошад. Донаи бисѐр ҳамсермаҳсул навъи гандумҳое, ки дар
ҷанубу шарқии ИДМ парвариш мекунанд, ки миқдори сафедаашон 18-20%, дар ИМА, 1617%, Англия 10-15%, Аргентина-12-13%, Шветсия –14-15% сафеда дорад. Гандуми зимистона
дар Украина, Кавкази Шимолӣ, вилоятҳои сиѐҳзамини марказӣ, Повольже, Қазоқистон,
Молдавия, Осиѐи Миѐна кишт карда мешавад. Дар вақти риоя намудан ба қоидаҳои
агротехникӣ ҳосилнокии гандум то ба 35-40 ц аз 1 га ва дар вақти обѐрӣ намудан то 100ц
гандум аз 1 га гирифтан мумкин аст. Навъҳои беҳтарини гандуми зимистона ин Безостая 1,
Аврора, Кавказ, Краснодарск 46, Краснодарск 39, Миронов 808 мебошад.
Навъҳои гандуми зимистонаи устувор ин Новомичуринка, Рубеж, Одесса ва ғайраҳо
мебошад. Њосили баланди устувор кишти гандумҳои тирамоҳӣ дар он вақт медиҳанд, ки ба
он нуриҳои минералӣ аз ҳисоби нитратҳо 90%, фосфор 60 ва калий 30кг ба 1 га ҳамроҳ карда
шавад. Дар вақти кишт кардан ба мӯҳлати кишт риоя кардан лозим аст, ки ба ин мисол
мешавад. Дар Кавкази Шимолӣ аз 15 - 20 сентябр то 10 октябр, ноҳияи ғайрисиѐҳзамин 10-25
август, дар ноҳияҳои сиѐҳзамини Марказӣ аз 20 август то 5 сентябр. Дар Осиѐи Миѐна моҳи
ноябрро дарбар мегирад. Дар вақти киштгардон тухмӣ дар чуқурчаҳои 4-10 см гӯр шуда,
ҳисоби кишти тухми гандуми тирамоҳӣ 220-240 кг/га, ҷави тирамоҳӣ 170-190 кг ва љавдор
150-180 кг ба 1 гектра мебошад.
Ҷуворимакка - растани мадани буда баҳои баланро дар байни ғалладонагиҳо доро
мебошад. Маҳсули онро дар саноати хӯрокворӣ ҳамчун хӯроки чорво барои коркарди
техникӣ васеъ истифода мебаранд. Ҷуворимаккаро дар Молдавия, Ҷанубии Украина дар
зонаи сиѐҳзамини Марказӣ, Шимоли Кавказ, Поволбжеи поѐнӣ, Осиѐи Миѐна васеъ кишт
карда мешавад. Ҳамчун хӯроки чорво ва тайѐр кардани силос ҷуворимакка дар минтақаи
шимолӣ дар шимолии Украина. Белзанбeрсия, дар зонаи ғайрисиѐҳзамин, Прибалтика, Урал
ва Сибир кишт карда мешавад. Ҷуворимакка- ғалладонаи серҳосил буда дараҷаи миѐнаи
ҳосилнокӣ 30,0 ц /га-ро ташкил медиҳад. Ҷуворимакка ба оилаи хӯшадорон дохил мешавад.
28
Ин растании яксолаи гармидӯст буда, аз рӯи шакли ҷойгиршавии донаҳояш ҳафт зернамуди
онро аз ҳам фарқ мекунанд. Ин- дандонамонанд, зардтоб, паррадор, қандӣ, крахмалӣ, зарди
паст ва қабат-қабат. Дар давлатҳои ИДМ ҷуворимаккаи навъи аъло наздик 20% ва
гибридшуда наздик 80% кишт карда мешавад.
Бисѐр ҳам паҳншудатарин чунин навъҳои гибридшуда мебошад: ВИР 42 МВ; 156 ТВ,
Краснодарский 436 М, Краснодарский 440 МВ, Краснодарский 303 ТВ, Краснодарский 1/49,
Одесский 50М, Кишинѐвский 167, Южный 3.
Биринҷ - Давлате нест, ки дар озуқаи худ маҳсулотҳои биринҷиро истифода набарад. Аз
донаи биринҷ, ордаи биринҷ крахмал, спирт ва партави онро ҳамчун хӯроки чорво ва ба
сифати ашѐи хом барои коркарди витамин В1 физин ва дигар перепаратҳо кор мефармоянд.
Дар давлатҳои ИДМ биринҷ дар кишваври Краснодар, Шарқи Дур, Осиѐи Миѐна,
Қазоқистон ва дар ҷануби Украина кишт карда мешавад. Биринҷ растании яксола буда, ба
оилаи хӯшадорҳо дохил мешавад. Биринҷ растании намидӯст, гармидӯст буда, тухми он аз
ҳароратҳои 11- 120 то25-30 0 нағз ҳосил медиҳад. Давраи нашъунамои он 105 –130 рӯз.
Хусусияти асоси биологӣ аз он иборат, ки онро дар майдони бо об пур кардашуда парвариш
мекунанд. Нормаи кишт –18-20 ҳаз. м3 ба 1 га. Аз навъҳои бисѐр ҳам паҳншудатарин ин:
Кубан 3, Краснодар 424, Дубровск 129. Навъҳои ҳосили баланддиҳанда дохил мешавад:
У3РОС 269, Уз РОС 7-13, Дон- 63, Алакул, Сантахез 52 ва г-ҳо мебошад. Кишти биринӯ дар
охири апрел ва аввали моҳи май то он вақт, ки хок дар чуқурии 10 см то 10-14 0 ҳарорат
дошта бошад, ба ҳар 1 га 210-230 кг тухмӣ кишта мешавад. Кишти биринҷ дар ҳолати замин
хушк будан болоии онро бо 10-20 см об пӯшонида мешавад. Вақте ки тухмӣ расиш мекунад,
месабзад, пас аз 4-5 шабонарӯз қабати обро паст мекунанд, барои он ки тухмӣ нафас кашад.
Пас аз тухмӣ сабзида ба рӯи замин қад мекашад, баъд рӯи онро бо об пур мекунанд. Ҳамин
тавр то тайѐр шудани ҳосил вобаста ба қад кашидани биринҷ оби онро хушк мекунанд. Агар
80-90% донаи биринҷ пухта расад баъд ба ҳосилғундорӣ оғоз менамоянд.
Растаниҳои техникӣ. Растаниҳои техникӣ ин ашѐи хом барои саноати озуқаворӣ ва
саноати сабук мебошад. Партови он барои хӯроки чорво истифода бурда мешавад. Бисѐр
растаниҳои техникӣ дар замини шудгоршаванда кишт карда мешавад ва корҳои
агротехникии зиѐдро талаб мекунад
Яке аз растаниҳои маданӣ, ки барои гирифтани қанд истифода бурда мешавад, ин
лаблабуи қанд мебошад. Дар решамеваи лаблабуи қанд то 10-24 % қанд мавҷуд мебошад ва
дар якҷоягӣ бо он кислотаҳои органикии витаминҳои С, В1, В2 вомехӯрад. Аз партовҳои
лаблабуи қанд, спирт, глицерин, клеи пектинӣ, дрож гирифта мешавад. Лаблабуи қандро
ҳамчун растании хӯроки чорво низ истифода мебаранд. Майдони асосии кишти лабалуи қанд
ин Украина –48%, ноҳияи сиѐҳзамини марказӣ, кишвари Краснодар- 43%, мебошад.
Лаблабуи қанд растании дусола буда, дар соли аввал он решамеваро ҳосил мекунад, дар соли
дуюм решамева расиш намуда, тухмӣ медиҳад. Лаблабуи қанд растании гармдeст буда,
тухмии он дар ҳарорати 8-10 0С расиш мекунад. барои кишти лаблабуи қанд чунин навъҳои
онро истифода мебаранд: бисѐртухма- Рамонск 06, Рамонск 23, Рамонск 100, Верхиячая 020,
Верхиячая 031, Верхиячая 038, Улаводская 096 ва ғ-ҳо; яктухма- Ялтушковск, Белоцерковск,
Бийск 12, Қирғизӣ, Рамонс-9, уладовск 20. Нимгибридҳо-Белоцерковск 1, Кубанск 9,
Первомайск 10, Қирғиз 18 ва ғ-ҳо. Кишти лабалуби қандро пас аз кишти ғалладонагиҳо ва
лӯбиѐгиҳо гузаронида мешавад, ки хок дар чуқурии 5 см то 6-70 гарм шавад. Тухмиҳоро то
чуқурии 3-5 см то 28-20 кг ва навъи бисѐртухма то 15-18 кг кишт карда мешавад.
Пахтакорӣ. Пахта яке аз асоситарин ашѐи хоми кишти ресандагӣ дар кураи замин буда,
он 35 млн га замини киштро дарбар мегирад. Майдони зиѐди кишти пахта дар ИМА,
Ҳиндустон, Поксидтон. Мисри Араб, Хитой ва бисѐр давлатҳои Африка ҷойгир шудааст.
Ноҳияҳои пахтакори ИДМ ин Осиѐи Миѐна ва Озарбойҷон мебошад. Нахи пахта ин
ашѐи хоми пурқиммат дар саноати бофандагӣ буда, аз он матоъъҳои пурбаҳои пахта тайѐр
карда мешавад ва он ба таври васеъ дар саноати автомобилсозӣ, авиатсионӣ, электротехникӣ
ва дигар соҳаҳои саноат истифода бурда мешавад. Пахта дар ноҳияҳои тропикӣ растании
бисѐрсола буда, баландии он 3-6 м мешавад. Дар давлатҳои ИДМ он ҳамчун растании 1 сола
кишт карда шуда, баландиаш 60-150 см мешавад. Аз 20 навъи пахта дар давлатҳои ИДМ
асосан 3 намуд кишт мекунанд.
2. Пахтаи муқаррарӣ ва ѐ дарознах.
3. Навъи пахтаи маҳиннах.
29
4. Пахтаи яксолаи алафӣ.
Навъи пахтаи муқаррарӣ ва ѐ дарознах даври нашъунамои он аз 115 то 140 рӯз
мебошад. Ин намудро бори аввал дар Мексика барқарор карда буданд, бинобар он онро
пахтаи навъи америкоӣ низ меноманд. Ин намуд то 70% маҳсулоти пахтагии xаҳонро
медиҳад. Ин растании яксола 1-1,5 м баландӣ дошта, баргашон 3-5 дандонадор, ранги гулаш
сафеди зардчатоб, қуттичааш 3-5 хонадор, 35-40 % нахи сафеди дарозии 35 мм медиҳад.
Навъи пахтаи дарознах бо тез шукуфтани худ фарқ мекунад. Пахтаи маҳиннахро пахтаи
мисрӣ низ меноманд. Барои он ки дар Миср он майдони зиѐдро дарбар мегирад. Растании
мадании 1 сола баландиаш аз 1 то 3 м, гулаш калони зарди лимонмонанд, дар қуттичааш 3-4
то хона дорад, 35-40 % нах медиҳад. Сифаташ олӣ, дарозиаш 40-50 мм шоҳимонанд, дар
истеҳсолоти xаҳонӣ наздик 15 %-ро ташкил медиҳад. Дар давлатҳои ИДМ чунин навъи
дарознах кишт карда мешавад 109 –Ф, 149-Ф, 153-Ф, С-4727, 138-Ф, Ташкент- 1,23. Аз
маҳиннах паҳншудатарини ин навъи С-6030, 6465 –В ва 5595 –В, 5904-И,8763-И, 9078-И, 9647И, С-6002 ва ғ-ҳо мебошад.
Барои кишт тухмиҳои навъҳои аъло гирифташударо дар аввал пеш аз кишт кардан бо
об тар мекунанд ва дар ҳарорати на камтар аз 120 С кишт мекуннад. Кишти пахта дар
ноҳияҳои асосии Осиѐи Миѐна аз- 20 март то 15 апрел гузаронида мешавад. Дар вақти кишт
ба ҳар як га аз 30 то 100 кг тухмӣ кишт карда мешавад.
Картошка яке аз паҳншудатарин маҳсулоти хоҷагии кишоварзӣ мебошад. Таркиби
картошка аз крахмал бой буда, то 12-25 % ва дар таркибаш миқдори зиѐди витаминҳо С, В1,
В2, РР, В6 мавҷуд мебошад. Картошка аз ҷиҳати озуқавори хосияти ғизогириашон бисѐр
арзиши баланд дорад. Онро нони дувум меноманд. Картошка ба таври васеъ ҳамчун
маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳамчун ашѐи хом барои гирифтани крахмал, спирт, глюкоза ва дигар
маҳсулотҳо истифода мебаранд. Ноҳияҳои асосии кишти картошка ин ноҳияҳои назди
Балтика, Белзанбeрссия, Сиѐҳзамини марказӣ, Волга-Вятка ва Сибири Ғарбӣ мебошад.
Навъҳои паҳншудаи картошка ин картошкаи барвақтӣ приекултс, Раняя Роза, Уляновск,
Эпрон, барвақти дараҷаи миѐнадошта, (давраи нашъунамо 80-90 рӯз), Агрономӣ, Волжанин,
Дружнин, Курер, Приобский, навъи нашъунамои миѐнадошта (даври нашъунамо 110-120
рeз), Ангар, Кабардин, бевақтии миѐнадошта (120-130 рeз) Берлихинген, Кареневский, Лорк
ва картошкаи деррасишкунанда (даври нашънамо 135-150 рeз) Волтман, Павлинка мебошад.
Кишти картошка дар ҳарорати хокӣ дар чуқурии 10-12 см дар ҳарорати 6-80 байни қаторҳои
60-70-90 см ва масофаи байни қатораҳо 25-30 см кишт карда мешавад. Миқдори сарфаи
тухмчаи картошка 2,5-3 т ба 1 га мебошад.
Револютсияи илмӣ-техникӣ дар хоҷагии кишоварзӣ баробари аз ҷиҳати техникӣ
мусаллаҳ намудани он ба тағйироти соҳаҳои ташкилии истеҳсолот, баландшавии соҳаҳои
мутахассисшавии байнисоҳавӣ ва дохилисоҳавӣ таъсири калон мерасонад.
Бо ҳам алоқамандии муассисаҳои мутахассисгардида барои бавуҷудоии маҷмааҳои
аграрӣ, маҷмааҳои агросаноатӣ ва иттиҳодияҳои агросаноатӣ сабаб мешаванд. Якум
маҷмааҳои аграрӣ ин xамъи хоxагиҳое мебошанд, ки ба xиҳатҳои алоҳидаи истеҳсолот дар
дохили хоҷагии кишоварзӣ мутахассис гардидааст. Дуюм иқлими агросаноат ин ташкили
ҷамъи муассисаҳои хоҷагии кишоварзӣ ва алоқамандии он бо истеҳсолоти саноатӣ мебошад.
30
Сеюм иттиҳодияҳои агросаноатӣ дар асоси бо ҳам алоқакунии якчанд муассисаҳои
агросаноатии якхела ва корхонаҳои давлатӣ ба вуҷудомаданд. Вобаста аз шакли бо
ҳамалоқаманди, вобастакунии иқтисодӣ ба майдони алоҳида, шакли шахсикунонии таркиби
соҳаҳо метавонад ба чунин гурӯҳо тақсим шавад: комбинаткунонӣ, кооперативонӣ,
микромаҷмааҳо, ташкилотҳои байнихоҷагивӣ, байниноҳиявӣ, зонавӣ, давлатӣ, омӯхта,
яксоҳавӣ, соҳавӣ ва байнисоҳавӣ мебошад.
Ташкилотҳои территориявии истеҳсолӣ блоки дуюми маҷмааи аграрӣ буда, дар
ноҳияҳое xой дода мешванд, ки пойгоҳҳои байнихоxагӣ дошта бошад. Ба ин мисол мешавад,
марказҳои истеҳосоли қанд, спирт ва ғайраҳо.
Ба агромаљмааҳо инчунин муассисаҳои байнихоҷагии растанипарвар дохил мешавад,
ки дар асоси муносибатҳои кооперативӣ бо боғдории байниколхозӣ, гармхонаҳо дар
алоқамандӣ ба вуҷудмеояд. Дар оянда маҷмааи агросаноатӣ муносибатҳои байнисоҳавӣ
саноат ва хоҷагии қишлоқро мустаҳкам карданаш лозим аст. Барои он ки ҳалли муаммои
баланд бардоштани даромаднокии хоҷагии кишоварзӣ инро талаб мекунад.
МАВЗӮИ 12. СОЊАИ ЧОРВОДОРЇ ВА ИСТИФОДАБАРИИ МАЊСУЛОТИ ОН.
Соҳаи чорводорӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии кишоварзӣ буда, дар ҳаѐти xамъиятии
инсон роли асосиро мебозад. Аз рӯи нишондодҳои илмӣ 60-70%-и ғизоноки хӯроки инсонро
маҳсулоти чорво ташкил кирданаш лозим аст. Ба хосияти биологии чорво дохил мешавад:
маҳсулноки хосияти ирсиятнокиаш, сернаслӣ, зудрасиашон ва ғайраҳо. Хосиятҳои
маҳсулнокӣ, серширӣ, гӯштдиҳандагӣ, пашмдиҳандагӣ ва тухмдиҳандагии чорворо низ аз
ҳам фарқ мекунанд.
Нишондоди ҳосилнокии гӯшти ҳайвонот ба массаи зиндаи он массаи гӯшт, равған ва
дигар маҳсулотҳо вобаста мебошад. Маҳсулнокии мӯина на фақат ба миқдори мӯи
гирифташуда ба сифати он – ҷилоҳ, устуворӣ, дарозии мӯй ва дигар хосиятҳояш зич
алоқаманд мебошад. Вобаста ба истифодабариашон чорворо ба чорвои нахдиҳанда ва
чорвоҳои истифодабаранда (маҳсулотӣ) ҷудо мекунанд.
Пойгоҳи хӯроки чорво равиш ва ташаккулѐбии чорводориро муқаррар мекунанд.
Хосияти физиологии ҳайвонот ва ҳолати маҳсулнокии он аз ғизонокии хӯроки чорво вобаста
аст. Ѓизонокӣ аз таркиби кимѐвӣ ғизонокӣ ва дигар хосиятҳои он вобаста мебошад. Дар
бадани ҳайвонот ва растаниҳо гурӯҳи ба ҳам монанди омехтагиҳои кимѐвӣ, ки ба он наздик
100 элементҳои кимѐвӣ дохил мешавад дида мешавад, ки аз он карбон, оксиген, гидроген ва
нитроген 95 % ва дигар элементҳо 5 %-ро ташкил медиҳанду халос. Миқдори об дар хӯроки
чорво 5-95 %-ро ташкил медиҳад. Моддаи хушки хошок аз моддаҳои органикӣ ва
ғайриорганикӣ иборат мебошад.
Њамаи хӯроки чорворо аз ҷиҳати пайдоишашон ва таркиби кимѐвиашон ба хӯроки
наботӣ пайдоиши ҳайвонӣ дошта, минералӣ, витаминӣ ва сунъӣ ҷудо мекунад.
Хошоки растанигӣ ѐ наботӣ ба гурӯҳи растании кабуд, ширадор, дағал ва
консентратсиякунонидашуда ҷудо мешавад. Хошоки кабуд аз заминҳои кишт ва инчунин бо
роҳи табиӣ ва сунъӣ гирифта мешавад. Дар растаниҳои кабуд 60-85% об ва дар моддаҳои
хушк то 20-25% протеин, то 30 % хӯшаҳои хушк, 4-5% равған мавҷуд мебошад.
Ба хӯрокҳои ширадор силос, решамеваҳо ва меваҳои боғдорӣ дохил мешаванд. Хошоки
дағал ба ин дохил мешавад-хошокҳое, ки дар таркибашон миқдори зиѐди хӯшаҳои
растанигиро доро мебошад. (зиѐда аз 19%): алаф, орди алаф, каҳ ва ғайраҳо. Гурӯҳи
боқимондаи хӯроки чорворо боқимондаҳои маҳсулотҳои техникӣ ташкил медиҳад, ки ба он
боқимондаи маҳсулотҳои равғанкашӣ, ордкашӣ, спиртистеҳсолкунӣ, қандистеҳсолкунӣ,
крахмалистеҳсолкунӣ ва боқимондаҳо дохил мешаванд.
Парвариши чорвои ширдиҳанда. Чорвои ширдиҳанда-ин яке аз соҳаҳои асосии
кишоварзӣ мебошад. Дар шири чорво зиѐда аз 120-то моддаҳои зарурии арзанда мавҷуд
мебошад: сафеда, равған, карбон, моддаҳои минералӣ ва ғайраҳо.
Чорводорӣ ба заминдорӣ алоқаи зич дошта, маҳсулоти заминро чорво истифода
мебарад ва ба он ҳамчун нурии минералӣ бармегардонад. Зиѐда аз 53%-и маҳсулоти ширӣ
дар саноати ширӣ равған, панир ва дигар соҳахо истифода бурда мешавад. Ба ҳиссаи
чорводорӣ зиѐда аз 40%-и истеҳсоли гӯшт рост меояд. Дар давлатҳои ИДМ наздик 50 навъи
чорвои калони шохдорро аз ҳам фарқ мекунанд.
Гӯсфандпарварӣ – яке аз соҳаҳои асосии чорводории ҷумҳурии Осиѐи Миѐна ва Паси
Кавказ мебошад. Аз гӯсфанд пашм, пӯст ва гӯшти серғизо, равған ва шир мегиранд. Дар
31
хоҷагии халқ пашми онро барои истеҳсоли матоъи мӯинагӣ, қолин, пeшокиҳои зимистона
истифода мебаранд. Гӯсфандпарвариро дар ҳамаи иқлими гуногундошта парвариш кардан
мумкин аст. Давомнокии хаѐти гӯсфандон 10-12 сол ва аз ин зиѐд мебошад. Дар давлатҳои
ИДМ наздик 50 намудҳои гӯсфандро парвариш мекунанд ва аз чиҳати насл ва
ҳосилдиҳиашон онро ба якчанд гурӯҳ ҷудо мекунанд.
Гӯсфанди маҳинпашм. Ин навъи гӯсфандҳоро барои гирифтани махсулоти маҳини
пашм истифода мебаранд, ки ба он ҷинсҳои мериносӣ, аскалий, кавказӣ, олтой, ставраполӣ,
қазоқӣ, красноярӣ дохил мешавад. Яке аз паҳншудатарин ин ҷинси мериносӣ мебошад, ки то
10-12 кг аз 1 гӯсфанд пашм мегиранд, ки ин намуд дар даштҳои Кавкази шимолӣ, Сибири
Ѓарбӣ ва Шарқӣ, Қазоқистон, Поволжье ва Украина парвариш карда мешавад.
Гӯсфанди дараҷаи миѐнаи пашми маҳин дошта. Ин намуди гӯсфандҳоро барои
гирифтани мӯи якхела ва гӯшт парвариш мекунанд. Яке аз намудҳои паҳншудатарини он ин
гӯсфанди цигайн мебошад, ки яке аз намудҳои қадимаи гӯсфанди Осиѐи Хурд мебошад.
Ноҳияҳои паҳншудатарини он Ќрим, ҷануби Украина, вилояти Ростов ва Саратов, кишвари
Краснодар ва Молдавия мебошад.
Гӯсфандҳои дараҷаи миѐнаи мӯинаи дағалдошта, ки пашми онро барои қолинбофӣ
истифода мебаранд, ки ба он гӯсфандҳои навъи тоҷикӣ дохил мешавад.
Гӯсфандҳои пӯстдиҳанда, ки яке аз навъи беҳтарини он пӯсти қароқeлӣ ва навъҳои
соколӣ ва решиталовӣ дохил мешавад. Ареали асосии паҳншудатарини он ин Осиѐи Миѐна
ва ҷанубии Қазоқистон мебошад.
Гӯсфандҳои гӯшту равғандиҳанда. Ба ин навъи гӯсфандҳо гӯсфанди ҳисорӣ, эдилбеи ваҷ
мисол мешавад. Маҳсулоти асосии ин навъ – гӯшт, равған ва думбаи он мебошад. Думбаи он
10-12 кг баъзан то 40 кг мешавад. Ин намуд дар Осиѐи Миѐна ва Қазоқистон васеъ паҳн
шудааст.
Паррандапарварӣ- дар соҳаи кишоварзӣ мавқеи муҳим дошта, он асосан барои тухму
гӯшт парвариш карда мешавад. Дар зардаи тухм то 31,7% равған, 16,4 % протеин, 1,1%
моддаҳои минералии витаминҳои А, В, D, Е ва дар сафедааш 12,7% протеин, 0,9% моддањои
минералӣ мавҷуд мебошад. Гӯшти парранда тамъи ба худ хос дорад. Барои он ки дар
таркиби он 20-22% протеини сабук ва 10-12% равған мавҷуд мебошад. Чӯҷаҳои хурди
якшабонарӯза ҳамагӣ 400 г вазн дошта бошад дар 60- 70 рӯз вазни он 1,2-1,4 кг мешавад.
Паррандапарварӣ қариб дар ҳамаи ноҳияҳо ва асосан дар Украина, Кавкази Шимолӣ,
Молдавия, Поволже ва ноҳияҳои марказии Федератсияи Руссия, Белзанбeрсия нағз тараққӣ
кардааст. Намудҳои паррадагон вобаста ба ҳосилнокии мурғ ва ӯрдак ба тухмдиҳанда ва
гӯшту тухмидиҳанда ҷудо мекунад ҳамаи намудҳои ғоз ва мурғи марҷон ба гӯштдиҳанда
ҷудо мешаванд.
Барои зиѐд намудани миқдори паррандагон роли асосиро тарзи сунъии тухмгузорӣ ва
гирифтани сех дар инкубаторҳо роли асосӣ мебозад. Инкубатсияи тухм дар инкубаторҳои
тамғаи “Универсал 45”,” Универсал 50”, “Универсал 65”, “Рекорд 42” гузаронида мешавад.
Ба чӯҷаҳо крупа, гандум, тухми ҷӯшонида ва твороги тоза дода мешавад. Ҷӯҷаҳои дар
5-30 рӯзагӣ дар як шабонарӯз 18 г омехтаи хушки донро ва 31-80 рӯзагӣ 65 г дода мешавад.
Дар як шабонарӯз 4 маротиба дон медиҳанд. Вазни ум умии дон дар 1 шаонарӯз ба мурғи
калон шуда 160-170 г ба ҳар як сар ва агар тухми бисѐр диҳад 200 г, ки аз ин 40-50 г донро ба
комбикорм тар карда медиҳанд ва то 60-80 г дигар намудҳои витаминҳоро медиҳанд. Барои
бой гардонидани хӯроки парранда ба он намакҳои (мис, оҳан, цинк, марганес, кобальт, йод)
доштаро ва намудҳои гуногуни витаминҳоро дар намуди равғанмонанд ва ордашуда кор
мефармоянд.
Харгӯшпарварӣ. Гӯшти харгӯш гӯшти парҳезӣ буда, дар 5 моҳагӣ он бордор мешавад,
ки он як моҳ давом мекунад ва он 8-10 то харгӯш медиҳад. Аз як харгӯш дар як сол бо роҳҳои
бордоркунӣ то 60-70 кг гӯшт гирифтан мумкин, ки нисбат ба вазни худаш 15-17 баробар зиѐд
мебошад. Харгӯшро барои гирифтани гӯшт ва пӯсташ парвариш мекунанд, ки навъҳои
гуногуни он мавҷуд мебошад, ки асосан ба он шиншилаи советӣ, сафеди бузург, сиѐҳи
тиратоб, нуқрагин, кабуди венагӣ дохил мешавад. Навъи шиншилаи советӣ вазнаш 5 кг,
дарозии танааш 62-70 см ташкил медиҳад.
Ѓизои харгӯш донаи лӯбиѐгӣ ва маҳсулоти он, растаниҳои алафӣ, решамеваҳо аст.
32
Занбӯри асалпарварӣ. Дар зонаҳои табии давлатҳои ИДМ оилаи занбӯрпарварӣ чунин
ҷойгир шудааст: дар ҷангалзорҳо 39%, бешадашт 34%, дашт 16 %. Дар дигар зонаҳо 10%
оилаи занбӯрпарварӣ тараққӣ кардааст.
Занбӯрҳои асалдиҳанда бо оилаашон зиндагӣ мекунанд. Њар як оила аз 20 то 70 ҳаз.
занбӯрҳои корӣ ва як матка иборат мебошад. Занбӯрҳои корӣ оилаи худро мехӯронанд,
нектар ҷамъ мекунанд, ҷой месозанд, ба ҳарорат, намии лонаашон назар мекунанд. Тозагиро
нигоҳ дошта, онро муҳофизат мекунад. Занбӯрҳои баҳорӣ ва тобистона 35-40 рӯз ва
тирамоҳа то баҳор 9-10 моҳ ҳаѐт мегузаронанд.
Трутни-ин намуди мардонаи занбӯр вазифааш бордоркунии модазанбӯр мебошад.
Онҳо дигар кор намекунад. Трутнаҳо нисбат ба занбӯрҳои корӣ калонњаҷм. Дар оилаи
занбӯрҳо трутнаҳо дар нимаи дуюми май ба вуҷудомада, то бордоркунии охирин яъне т о 515 август ҳаѐт мегузаронанд, пас аз он занбӯрхои корӣ онҳоро аз ҷои зисташон меронанд ва
онҳо мемиранд. Занбӯр бо ҳаѐтгузаронии растаниҳо алоқаи зич дорад, барои он нектари
растаниҳо, ки он аз фруктоза-глюкоза омехтаи қанддошта миқдори муайяни сафеда ва
омехтаи минералҳо иборат мебошад. Нектари растаниҳоро гирифта, онҳо ба гардолудшаваӣ
иштирок мекунад. Нектарро аз саҳро оварда дар хоначаҳои алоҳида тақсим мекунанд ва агар
миқдори об дар он кам шавад 18-20 % занбӯр онро бо моеи ширадор мепeчонанд. Агар
нектар ва асал гизогии карбонии онро таъмин кунад, сафеда ва витаминро он аз гард
мегирад. Дар замони ҳозира чунин роҳҳои истеҳсолиро истифода мебаранд. Занбӯрпарварӣ
барои гирифтани асал ва маҳсулоти он, ки дар ноҳияи кӯҳӣ- ҷангалии Шарқи Дур, шарқии
Қазоқистон, Сибир, Урал дида мешавад.
2.Занбӯрпарварии барои гардролудкунӣ ва асалгирӣ дар ноҳияҳои заминҳои корам,
Кавкази Шимолӣ, ноҳияи сиѐҳзамини Марказӣ, Украина, Поволже, ки дар бисѐри ин
районҳо ҳардон, офтобпараст, боғдорӣ ва дигар соҳаҳо тараққӣ кардааст, ба роҳ монда
шудааст.
3.Занбӯрпарварӣ, ки барои гардорлудкун парвариш карда мешавад, дар он ҷойҳое, ки
бодарингпарварӣ дар гармхонаҳо гузаронида мешавад
4.Занбӯрапарварӣ, ки барои зиѐд намудани оилаи он истифода бурда мешавад Паси
Кавказ, Осиѐи Миѐна ва Кавкази Шимолӣ.
5.Занбӯрпарварии маҷмааӣ дар он ноҳияҳое парвариш мекунанд, ки шароити ташкил
ва ғизогирии маҷмааиро доро бошад, ки ин шароит дар қисми ноҳияҳои ҷанубии ИДМ
мавҷуд мебошад.
МАВЗӮИ 13.
НАҚЛИЁТ ВА РОБИТАҲОИ ИҚТИСОДИИ БЕРУНА
Нақша:
1. Нақлиѐти хушкигард
2. Нақлиѐти обӣ
3. Нақлиѐти ҳавоӣ
4. Нақлиѐт ва муҳити атроф
5. Алоқаҳои иқтисодии байналмилалӣ
Нақлиѐт асоси тақсимоти географии меҳнат, образнок карда гӯем, сохтори “гардиши
хун” –и организми хоҷагии ҷаҳон аст. Аз рӯйи нишондиҳандаҳои ҳаҷму таркиби боркашонӣ
дараҷаю таркиби иқтисодиѐт ва аз рӯйи географияи шабакаи нақлиѐтӣ ҷойгиркунии
қувваҳои истеҳсолкунандаро муайян кардан мумкин аст. Нақлиѐт ба ҷойгиркунӣ таъсир
расонида, ба махсусгардонию кооператсиякунонии корхонаҳо, соҳаҳо, ноҳияю мамлакатҳо
таъсир мерасонад. Аз ин ҷиҳат, нақлиѐтро давоми ҳама гуна ҷараѐни истеҳсолот меноманд.
Њамаи роҳҳои нақлиѐтӣ, муассисаҳои нақлиѐтӣ ва воситаҳои нақлиѐт дар якҷоягӣ
шабакаи нақлиѐти ҷаҳониро ташкил медиҳанду ҳаҷми он бузург аст.
Дар нақлиѐти ҷаҳонӣ беш аз 100 млн нафар одамон шуғл доранд. Дарозии умумии
шабакаи нақлиѐтии ҷаҳон аз 50 млн километр зиѐд буда, ҳар сол тамоми навъҳои нақлиѐт
беш аз 100 млрд тонна бор ва қариб 1 трлн одам мекашонанд.
Мисли дигар соҳаҳо ИИТ ба нақлиѐт таъсири назаррас расонидааст, ки мо онро дар
якбора зиѐдшавии суръати ҳаракат, борбардорӣ, мураккабшавии таркиби боркашонӣ
мебинем. Имрӯз роҳҳои ҳавоӣ аз Ќутби Шимолӣ мегузаранд, тунеллҳои зериобӣ ҷазираҳои
33
ҷудогонаи Ҷопонро бо ҳам пайвастаанд, қубурҳои газу нафткашон, симҳои телефонӣ аз
қаъри уқѐнусу баҳрҳо мегузаранд, суръати ҳаракати қатораҳо дар як соат ба 200 километр
расидааст, киштии баҳрии мусофиркашон уқѐнуси Атлантикро дар 3,5-4 шабонарӯз тай
мекунад, танкерҳо (киштиҳои бузург) ба ҷойи 40-50 ҳазор тонна ҳоло 200-500 ҳазор тонна
борро меғунҷонанд.
Хусусияти хоси нақлиѐти мамлакатҳои алоҳида ба ҳаҷм ва азхудкунии қаламрав,
дараҷаи иқтисодӣ ва дохилшавӣ ба тақсимоти байналмилалии меҳнат вобаста аст. Нақлиѐти
мамлакатҳои тараққикардаю рӯ ба инкишоф тафовутдор мебошанд. Нақлиѐти мамлакатҳои
тараққикарда сохтори мураккаб дошта, тамоми навъҳои ҳозира (обӣ, хушкӣ, ҳавоӣ, канатӣ,
қубурӣ)-ро дорад. Ин мамлакатҳо аз рӯйи ҳамаи нишондиҳандаҳои кори нақлиѐтӣ низ
пешсафанд. Дараҷаи аз ҳама болои нақлиѐтро ИМА, Љопон, Олмон, Фаронсаю Британиѐ,
Италия ва Канада доро мебошанд.
Нақлиѐти мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва ИДМ аз рӯйи зичии роҳҳо, сифатнокӣ ва
боркашонӣ нисбатан суст тараққӣ кардааст.
Дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф системаи нақлиѐтӣ акнун дар ҳолати ба шаклдаро аст.
Дараҷаи таҷҳизонии техникии нақлиѐт паст буда, дар баъзе онҳо (Афғонистон, Непал, баъзе
мамлакатҳои Шарқи Наздик, давлатҳои ҷазиравии Океания ва баҳри Кариб) роҳи оҳан
мавҷуд нест.
Дар байни тамоми навъҳои нақлиѐти имрӯза аз рӯйи боркашонӣ нақлиѐти баҳрӣ дар
ҷойи аввал аст. Њисоби миѐнаи масофаи боркашонӣ аз ҳама зиѐд (8-10 ҳазор километр) аст.
Нақлиѐти хушкигард - асоси ин навъро нақлиѐтҳои роҳи оҳан, автомобилӣ ва қубурӣ
ташкил медиҳанд.
Нақлиѐти роҳи оҳан дар беш аз 140 мамлакта сохта шуда, нисфи он ба ҳиссаи даҳ
мамлакату минтақаҳо: ИМА, мамлакатҳои ИДМ, Канада, Њиндустон, Чин, Австралия,
Аргентина, Фаронса, Олмон ва Бразилия рост меояд. Аз рӯйи зичии роҳ ба ҳар км2
мамлакатҳои Аврупои Ѓарбӣ пешсафанд.
Нақлиѐти автомобилӣ - аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ ба нақлиѐти роҳи оҳан шабоҳат дорад.
Нисфи дарозии роҳҳои рӯйпӯш ба ҳиссаи ИМА, ИДМ, Љопон рост меояд. Зичии ин роҳҳо
дар Аврупо ва Љопон зиѐд буда, аз рӯи дарозӣ роҳҳои магистралӣ фарқ доранд.
Дарозии роҳҳои оҳану нақлиѐт дар мамлакатҳои ҷаҳон
(ҳазор километр)
Мамлакатҳо
Роҳҳои оҳан
Роҳҳои автомобилӣ (рӯйаӯши
сахт)
ИМА
245
5640
ИДМ
146
1196
Њиндустон
61
832
Чин
53
840
Фаронса
35
717
Олмон
31
426
27
1127
Ҷопон
Нақлиѐти қубурӣ -дар мамлакатҳои истихроҷу истеъмолкунандаи нафту газ инкишоф
кардааст. Аз рӯйи дарозии умумии қубурҳо аввал ИМА, баъд ИДМ ва аз рӯйи боркашонӣ
бошад, ИДМ дар ҷойи авваланд.
Нақлиѐти обӣ- нақлиѐти баҳрӣ 80 дарсади боркашонии байнидавлатиро иҷро намуда,
дар тақсимоти географии меҳнат ва пешрафти хоҷфагии ҷаҳонӣ нақши асосиро бозидааст.
Дар боркашонии баҳрӣ Ҷопону ИМА бартарӣ доранд. Гардиши боркашонии ин навъи
нақлиѐтро флоти баҳрӣ идора мекунад. Ҳаҷми умумии боркашонии он 600 млн тонна аст.
киштиҳои баҳрӣ зери парчами 160 мамлакат шино мекунанд. Рақобати байни мамлакатҳо ва
кӯшиши онҳо баҳри кам кардани хароҷоту зиѐдкунии фоида боиси гузаронидани садҳо
киштиҳои калон зери парчами мамлакатҳои рӯ ба инкишоф гардида, ин парчамҳо номи
парчами “арзон” ѐ “муфид”-ро гирифтаанд. барои он арзон, ки дар ин киштиҳо имтиѐзҳои
андозӣ, қувваи кории арзон, набудани қонуни ҷидии меҳнат ва бехатарии киштӣ амал
мекунанд. Аз ҳамин сабаб, ҳоло давлатҳои Либерия, Панама ва Юнон ба қатори пешсафони
флоти баҳрӣ дохиланд. Ҷопон, Англия, Норвегия, ИМА низ флоти баҳрӣ доранд.
34
Шумораи умумии бандарҳои баҳрии ҷаҳон аз 2,5 ҳазор зиѐд буда, роҳҳои асосӣ аз
уқѐнусҳои Атлантик, Ором ва Њинд мегузаранд. Нисфи боркашонии баҳрӣ ба ҳиссаи
Атлантик рост меояд. Дар ҳар ду соҳили он бандарҳои калонтарини дунѐ –Роттердам
(Голландия), Ню-Орлеан (ИМА), Марсел (Фаронса), Гамбург (Олмон) ҷойгиранд.
Аз рӯйи боркашонии баҳрӣ дар ҷойи дуюм уқѐнуси Ором буда, бандарҳои калони он
Кобе, Нагоя, Иогама (Ҷопон), Сингапур мебошанд.
Уқѐнуси Њинд аз ҷиҳати боркашонӣ ҳиссаи нисбатан маҳдуд дошта, боркашонӣ ҳиссаи
нисбатан маҳдуд дошта, боркашонӣ бештар ба соҳили халиҷи Форс рост меояд.
Каналҳои ҷаҳонии баҳрӣ низ дар боркашонии баҳрӣ мавқеи назаррас доранду
асоситарини онҳо каналҳои Суэтс ва Панама мебошанд. Онҳо роҳҳои байни бандарҳои
Аврупою Осиѐро 2-3 баробар кӯтоҳ мегардонанд. Гулӯгоҳҳои Ламанш, Гибралтар, Ормуз,
Малака, Зунд ва ғайра низ роҳи обии боркашонианд. Аз ин ҷойҳо дар як шабонарӯз
киштиҳои зиѐде (Ламанш-500 киштӣ, Гибралтар-140, Зунд-175) мегузаранд.
Қадимтарин навъи нақлиѐт роҳҳои обии дохилӣ-дарѐӣ мебошанд, ки асосан талаботи
боркашонии дохилиро қонеъ мегардонанд. Калонтарин дарѐҳои киштигарди дунѐ Рейн,
дунай, одер, Элба (дар Аврупо), системаи Мисисипи-кӯлҳои Бузург (ИМА) буда, 5 дарсад
боркашонии обии дохилии ҷаҳонӣ ба ҳиссаи обҳои дохилӣ рост меояд.
Борҳои асосии нақлиѐти обӣ нафт, ангишт, маъдан, ғалла, фосфорит ва ғайраҳо
мебошанд.
Нақлиѐти ҳавоӣ - соҳаи ҷавону тезтараққиѐбандаи нақлиѐт аст. Дар дунѐи имрӯза
мамлакате нест, ки ин соҳа дар он хизмат нарасонад. Агар соли 1950 ба всоитаи нақлиѐти
ҳавоӣ дар тамоми олам қариб 30 млн нафар одам кашонида шуда бошад, пас ин рақам ҳоло
аз 2,5 млрд гузашта аст. Нуқтаҳои такягоҳи ин нақлиѐт 30 ҳазор фурудгоҳҳои калони ҳавоӣ
(аэропот) буда, калонтарини онҳо ҳар сол даҳҳо млн. нафар мусофирро мегузаронанд. Дар
фазои Атлантика дар як вақт на кам аз 100 тайѐра парвоз мекунад. Тайѐраҳои тамғаи “Боинг474” (ИМА), “Ил-86” (Русия), “Аэробус” (Олмон-Фаронса-Англия) ғунҷоиши то 500 нафарро
доранд. Барои баъзе ноҳияҳои дунѐ нақлиѐти ҳавоӣ ивазшаванда аст.
Давлатҳои калонтарини ин нақлиѐт ИМА, Ҷопон, Англия, Фаронса, Канада, Русия
буда, дар бисѐр мамлакатҳои рӯ ба инкишоф он навъи муҳимми нақлиѐт гаштааст.
Нақлиѐт ва муҳити атроф - нақлиѐт ҳам аз бисѐр ҷиҳатҳо ба шароитҳои табиӣ вобастагӣ
дорад. Баробари тараққии ИИТ ин вобастагӣ тақозои нав пайдо кардааст. Барои тараққиѐти
35
нақлиѐти хушкигард ҳоло кӯҳу дарѐҳо, биѐбону ҷангалҳои тропикӣ, ҳатто гулӯгоҳҳои баҳрӣ
моне шуда наметавонанд. Иншоотҳои калони сунъӣ ба тараққии нақлиѐти обӣ мусоидат
мекунанд.
Дар баробари ин, таъсири нохуши нақлиѐт ба вазъи муҳити атроф зиѐд шудааст.
Ифлоскунандаи зиѐди табиат нақлиѐти автомобилист (парки ҷаҳонии автомобилӣ беш аз 500
млн мошин дорад). Нақлиѐти ҳавоӣ ва роҳи оҳан низ бо воситаи дуду газ ҳаворо ифлос
мегардонанд. Обҳои ҷаҳониро ифлос намудани киштиҳои калони нафткашон, заминҳои
коршоямро ишғол намудани нақлиѐти хушкӣ ба кӣ маълум нест? Имрӯзҳо бисѐр
мамлакатҳои ҷаҳон баҳри ҳифзи муҳити атроф аз ифлосшавиҳои нақлиѐтӣ чораҳои ҷиддӣ
андеишда истодаанд, ки тавассути онҳо миқдори сурб дар сӯзишвории автомобилӣ кам
мегардад. Истифодаи электромобилу сӯзишвориҳои газӣ ва гидрогенӣ оғоз ѐфтааст, дар
Уқѐнуси ҷаҳонӣ “минтақаҳои санитарӣ”-и махсус таъсис дода мешаванд.
МАВЗӮИ 14.
КОМПЛЕКСИ СОЊАИ САНОАТИ БОФАНДАГӢ
ВА ОЗУҚАВОРӢ
НАҚША:
1. Маълумоти мухтасар ба маҷмааи саноати бофандагӣ ва озуқаворӣ.
2. Ашѐи хом, технологияи коркард ва истифодабарии он дар саноати бофандагӣ.
3. Саноати озуқаворӣ ва роли он дар байни соҳаҳои саноати вазнин ва сабук.
4. Гурӯҳҳои истифодабарии ашѐи хом дар саноати хӯрокворӣ.
5. Технологияи коркарди маҳсулотҳои асосии саноати хӯрокворӣ.
Саноати бофандагӣ соҳаи асосии саноати сабук буда, он коркарди маҳсулотҳои мӯина
гирифтани матоъ ва нах аз маҳсулотҳои табиӣ ва кимѐвиро дар бар мегирад. Дар дохили
саноати сабук саноати бофандагӣ 70% ҷамъи маҳсулотро медиҳад.
Дар саноати бофандагӣ се намуди ашѐи хомро истифода мебаранд, ки ба он ашѐи хоми
пайдоиши растанигӣ дошта (пахта, зағир, чут, канаб ва ғ-ҳо) пайдоиши чорвоӣ дошта
(пашми гӯсфанд, буз, шутур, пилла) ва нахҳои кимѐвӣ (нахҳои сунъӣ) дохил мешавад. Љои
асосиро дар баланси ашѐи хом пахта иҷро мекунад. Аз рӯи дарозии нах се намуди пахтаро
фарқ мекунад: дарознах – 30 мм, миѐнанах 20-20мм ва нахҳои кӯтоҳдиҳанда камтар аз 20 мм.
Аз 1 т пахта ба ҳисоби миѐна 8 ҳаз. м матоъъ (барои 1 м ба ҳисоби миѐна 125 г пахта сарф
мешавад), гирифта мешавад.
Пашм аз ҷиҳати ғафсиаш ба пашмҳои маҳиннах, пашмҳои дағал ва дағалии миѐнадошта
ҷудо мешавад. Аз 1 тонна пашми тозакардашуда то 2 ҳаз м матъо (ба 1 м матоъъ 0.4-0,5 кг
пашм сарф мешавад) гирифта мешавад.
Саноати коркарди пахта ва истеҳсоли матоъи пахтагӣ. Зинаи якуми коркарди пахтаҳамчун ашѐи хом ин тоза карда ва ҷудокунии тухмӣ мебошад. Пас аз коркарди пахта нисбат
ба вазни он 35-40% нахи пахта, 50-60 % тухмӣ, 3-5 % пухи пахта ва 1 % дигар омехтаҳо
гирифта мешавад. Тухмиро барои гирифтани равған ба заводи равғанкашӣ ва қисми
дигарашро барои тухмӣ нигоҳ медоранд. Пари онро, ки дар таркибаш целлюлоза мавxуд аст,
ба заводи химиявӣ фиристода мешавад. Давоми коркарди он се зинаро: ресандагӣ,
бофандагӣ ва рангубордиҳиро дар бар мегирад.
Ресандагӣ - барои пахтаро ба калоба гардонидан якчанд зинаҳои коркарди онро
гузаронидан лозим аст, ки ба он тоза кардан, шонакунӣ мисол мешавад, ки баъдан аз он
катон мегиранд. Катонро ба меҳвари металӣ мечаспонанд ва ба мошинаи шонакунӣ сар
медиҳанд, ки аз он нахҳои ресмонмонанд ҷудо мешавад, ки аз он нах ба мошинаи лента
дохил мешавад, ки онро борик мекунад, аз лента ба мошинаи тобандагӣ мегузарад ва аз он
ба сехи калобакунанда мегузарад. Дар як соат бо роҳи тобдиҳӣ то 1000 м мепечонанд.
Бофандагӣ - аз ресмони калобашуда дар сехи бофандагӣ матоъи дағал мегиранд.
Раванди бофандагӣ дар дастгоҳи бофандагӣ, бо роҳи автоматикунонӣ гузаронида мешавад.
Дар вақти дастгоҳ ресмон пасту баланд шуда, матоъ, нахҳо дар як дақиқа то 200 маротиба
xои худро иваз намуда, бофтаи устуворро ҳосил мекунанд.
Рангубордиҳии матоъ - дар сехи бофандагӣ матоъи дағали ҳоло барои истифодабарии
нотайѐрро мегиранд. Барои матоъро коркарда баромадан крахмал, глицерин, собунро
истифода мебаранд. Барои тоза кардан онро дар оби гарм 10 соат тар карда мемонанд.
36
Равған ва шираи онро бо соддаи каустикӣ тоза мекуннад. Пас аз он матоъро бо ѐрии обаи
оҳак, хлор ва ѐ гипохлорити натрий сафед мекунанд. Матоъро мешeянд, хушк карда ранг
медиҳанд. Дар вақти рангу бор намудан онро бо нақшҳои гуногун бо роҳи тамға задан ва ѐ
қолаб задан ороиш медиҳанд. Пас аз нақш задан онро тоза карда хушк, дарзмол карда
мепечонанд ваба сехи фурeшандагӣ мефиристонанд.
Саноати коркарди пашм -коркарди якумини пашм дар фабрикаҳо ин шуста тозакунии
пашм, ки дар маҳалҳои ашѐи хом мавxуд буда, гузаронида мешавад. Пашми шусташуда ҷудо
карда, дар мошинаҳои махсус дар маҳлули ишқорнок ва ѐ соддадошта шуста мешавад. Барои
дур кардани боқимондаҳои растани маҳсули 4-5% кислотаи сулфат ҳамроҳ мекунанд, ки он
ба пашм таъсир намерасонад.
Чунин растаниҳои мадании лифдиҳанда низ мављуд мебошад, ки аз он нах гирифта
мешавад. Се навъи мадании лифдор мављуд мебошад, ки наххои он маҳин, қаиш ва дағал
шуданаш мумкин аст, ки ба ин растаниҳои зағири дарознах, куљут, канаб мисол шуда
метавонанд. Дар байни нахҳои лифдиҳанда беҳтаринаш зағир мебошад. Зағирро ба бочкаи
махсусе, ки об дорад тар карда мемонанд, ки дар натиҷа моддаи пектиндоштаи он бо
таъсири бактерияҳо вайрон мешавад.
Пас аз 10-14 рӯз он вайрон шуда, нах аз тана ҷудо мешавад. Онро гирифта хушк
мекунанд ва майда карда, дар мошинаи наддофӣ ғоз медиҳанд ва аз он xо ба фабрикаи
зағирбарорӣ мефиристонанд.
Саноати пиллакашӣ- саноати пиллакашӣ дар ноҳияҳои кирмакпарвар тараққӣ кардааст.
Гирифтани нах аз пилла дар оби гарм ва ѐ моеи ишқордор ба вуҷудмеояд. Дар вақти дар оби
гарм тар кардан моддаи часпандаи он ҷудо мешавад ва пилла мулоим мегардад. Нахи
мулоимшударо дар ғалтаки махсус печонида гирифта мешавад. Муассисаҳои пиллакашӣ дар
ноҳияҳои ашѐи хомдошта Осиѐи Миѐна ва Паси Кавказ xой дода мешаванд.
Саноати озуқаворӣ - саноати озуқаворӣ аз як тараф ба соҳаи кишоварзӣ алоқаи зич
дошта бошад, аз дигар тараф тараққиѐти он ба саноати вазнин вобаста аст, ки он вайро бо
дастгоҳҳои ҳозиразамон таъмин мекунад.
Саноати озуқаворӣ ба гурӯҳҳои озуқавории хуштаъм, гӯштӣ, ширинӣ ва моҳидошта
ҷудо мешавад, ҳар яки ин соҳаҳо боз ба зергурeҳҳои гуногун тақсим мешавад.
Саноати озуқаворӣ аз xиҳати истифодабарии ашѐи хом ба се гурӯҳ ҷудо мешавад: 1.
Соҳаҳое, ки ашѐи хоми растанигиро кор карда мебароянд. 2. Соҳаҳое, ки маҳсулотҳо ва ашѐи
хоми он маҳсулоти чорводорӣ мебошад. 3. Соҳаҳое, ки маҳсулотҳои ғайрисоҳаи
кишоварзиро истифода мебаранд (биологӣ- моҳӣ, ҳайвонҳои ваҳшӣ, намак, обҳои минералӣ).
Соҳаи ордкашӣ ва ярма - соҳаи ордкашӣ ва ярмакунӣ ин соҳаи коркарди ғалла ва
истеҳсоли орд ва ярмаро дарбар мегирад. Ба соҳаи ордкашӣ сохторҳои ғалланигоҳдорӣ
таxҳизотҳои ғаллатозакунӣ, мошинҳои пeсти гандумро тозакуннада ва ғайраҳо дохил
мешаванд.
Дар сехи ордкунӣ ва осиѐҳои махсус гандумро то ҳадди ба орд мубаддал шуданаш
майда мекунанд. Ордро ба халтаҳо андохта ба анбор ва ѐ заводи нонпазӣ фиристода
мешавад. Сарфаи гандум ба 1 т орд 1280-1380 кг-ро ташкил медиҳад, ки ин аз сабeсе, ки аз
орд мебароянда вобаста аст.
Ярмаҳои љав, марљумак, биринљи љавдорро дар сехҳои ярмакунӣ бо роҳи тоза кардани
қисми пӯстлохи он гирифта мешавад. Сарфаи дона ба 1 т ярма наздик 1600 кг-ро ташкил
медиҳад.
Нонпазӣ - барои истеҳсоли нон асосан орди гандумро истифода мебаранд ва ба он
инчунин орди љавдор, љуворимакка, хамиртуруш, намак, сода низ ҳамроҳ мекунанд. Барои
тайѐр кардани хамир ба орд оби гарм, миқдори муайяни дрож, намак ва дигар
компонентҳоро ҳамроҳ карда омехта мекунанд ва дар ҳарорати 2 5-300 мемонанд. Барои
варам кардани он сода ҳамроҳ мекунанд. Пас аз хамир тайѐр шудан онро ба қисмҳо тақсим
намуда, намудҳои гуногуни нонро тайѐр мекунанд ва дар оташдонҳои ҳарорати 240-280 0С
дошта мепазанд. Дар вақти хунук шудани нон вазни он 6-13% кам мешавад. Лекин аз ҳисоби
об, намак, сода ва дигар моддаҳои ҳамроҳшуда он 130-140% зиѐд мешавад.
Истеҳсоли қанд - ќанд яке аз маҳсулоти асосии озуқаворӣ буда, ашѐи хом барои
истеҳсоли он ин лаблабуи қанд ва найшакар мебошад. Заводҳои қандтайѐркунӣ миқдори
зиѐди электроқувваи ва буғи обро талаб мекунад. Заводи қандистеҳсолкунанда асосан аз
моҳҳои сентябр то январ кор мекунад. ҳаxми ягнонаи заводҳои қанд истеҳсолкунанда аз 1,5
37
ҳазор тонна то 7,5 ҳ.т лаблабуи қанд кор карда мебароянд. Лаблабуи қанд баробари ба завод
дароварда шудан онро тоза мекунанд, бо ҳаҷми 0,5 то 1 мл майда мекунанд ва онро дар
асбоби махсуси силиндрӣ (даврамоннад), ки онро (дифузор) меноманд ҷой дода, онро бо оби
гарм, ки ҳарорати 70 0 фишор дода шарбати лаблабуро мебароранд.
Лаблабуи қанд дар дифузори якумин 28%-ро ташкил медиҳад. Онро ба дифузори 2-юм
ва 3-юмин мегузаронанд. ҳамин тавр аз лаблабуи қанд то 99,8 % қанди онро мегиранд ва
ҳамагӣ 0,2 %-и он ба берун хориҷ карда мешавад. Шарбати аз дифузор гирифта шударо тоза
мекунанд. Шарбати тозашударо буғ мекунанд, ки дар натиҷа шарбати тозае ҳосил мешавад,
ки дар таркибаш то 60% қанд ва 5 % маҳсулоти ғайриқандӣ дорад. Баъд аз он ин шарбати
ҳосилшударо ба асбоби махсус, ки центрофуга ном дорад, равона мекунанд. Дар центрофуга
қандро аз дигар маҳлулҳои кабуд тоза мекунанд ва онро буғ мекунанд, ки дар натиҷа
маҳлули сафеде ҳосил мешавад. Маҳлули сафедро ба кристалл табдил медиҳанд, ки аз он
қанди зардчатоб ҳосил мешавад. Ва онро ба саноати қаннодӣ мефиристонанд. Маҳсулоти
қаннодиро барои истеҳсоли спирт ва хeроки чорво мефиристонанд. Барои истеҳсоли 1 тонна
шакарқанд ба ҳисоби миѐна то 10 тонна лаблабуи қанд сарф мешавад.
Саноати равғанкашӣ -барои саноати равғанкшаӣ ашѐи хом тухми растаниҳои
равғандиҳанда –офтобпараст, зағир, пахта, кедр, рапс, чормағзи заминӣ, кунҷитро истифода
мебаранд. Дар тухми офтобпараст 35-50% равған мавҷуд мбеошад. Дар тухми пахта 17-22%,
зағири дарознах 36-43%, рапс 36-40%, чормағзи заминӣ 38 % равған мавҷуд мебошад.
Технологияи асосии гирифтани равған ин ба тухми растаниҳо фишор оварда, дар асбоби
махсуси фишордиҳанда мебошанд. Дар замони ҳозира усули электракционӣ истифода бурда
мешавад.
Ин усул аз он иборат, ки равғани тухмиро бо ҳалкунанда ишқоронида мешавад. Пас
равғанро аз ҳалкунанда ҷудо мекунанд. Бо ин роҳ 98% равғнаи тухмӣ гирифта мешавад. Пеш
аз электракция ва ѐ фишор дода тухмиро хушк мекунанд, тоза карда пӯсташро гирифта
мепартоянд. Тухмиро дар мошинаи валсевӣ майда карда, маҳсулоти мулоими ғиҷимшударо
ҳосил мекунанд. Маҳсули ғиҷимшударо лар ҳарорати 100-1200 бирѐн мекунанд, ки он як соат
давом мекунад дар натиҷа тифли онро мегиранд ва онро барои фишор дода равғанашро
гирифтан, усули электракциониро кор мефармоянд. Партови ҳосилшударо барои хeроки
чорво истифода мебаранд. Равғани растании гирифташударо тоза мекунад ва равғани
рафинадӣ гирифта мешавад. Сарфаи тухми офтобпараст ба 1 т равған 2240 кг ва барои пахта
5512 кг тухмӣ истифода бурда мешавад.
МАВЗӮИ 15.
КОМПЛЕКСИ САНОАТИ МОШИНСОЗЇ
НАҚША:
1. Мошинаҳо-механизмҳои ҳаракаткунанда ва вазифаи онҳо.
2. Синфҳои асосии соҳаи мошинасозӣ.
3. Технологияи соҳаи мошинасозӣ–ашѐи хом барои соҳаи мошинасозӣ.
4. Сехҳои рехтагарӣ, қолибсозӣ, кафшергарӣ, харротӣ, дастгоҳҳои пармакунанда ва
рандакунанда дар соҳаи мошинасозӣ.
5. Таснифаи соҳаи мошинасозӣ.
Мошина- ин механизм ва ѐ ҷамъи механизмҳо мебошад, ки ба таври озод ин ѐ он
ҳаракатро ба ҷой меорад, ки натиҷаи он ин барқарор намудани қувваи ва ѐ иҷрои ин ва ѐ он
корҳои фоидаовар мебошад.
Њамаи мошинаҳоро ба ду синфи асосӣ ҷудо мекунанд. Мошинаҳо ва муҳаррикҳо, ки
вазифаашон ҳалкунии намудҳои қувваи мебошад ва мошинаҳои кор иҷро кунанда ва ѐ
мошина ҳамчун олот, ки бо ѐрии он ба маводи меҳнат таъсир намуда, ин ѐ он вазифаро иҷро
менамояд.
Мошинаҳои муҳаррикӣ дар навбати худ ба муҳаррикҳои якумдараҷа ва дуввумдараҷа
ҷудо мешаванд. Муҳаррикҳои дараҷаи якум барои кор карда баромадани захираҳои
энергетикии табиӣ сарф мешавад. Мисол. сӯзишворӣ, қувваи обӣ, қувваи атомӣ, қувваи
шамолӣ. Вобаста ба манбаи истифодабариашон қувваи муҳаррикии якуминдараҷа ба қувваи
гармидиҳанда, гидравликӣ ва шамолӣ ҷудо мешавад. Муҳаррикҳои дараҷаи дуввум қувваи аз
38
гурӯҳи якум ҳосилшударо аз нав коркарда мебароянд, ба он дохил мешавад; муҳаррикҳои
барқи, пневматикӣ, гидропроводӣ ва ғ-ҳо.
Олоти машинӣ вобаста аз аҳамияти истеҳсолиашон ба технологӣ, нақлиѐтӣ,
технологияи коркарди метал, дастгоҳҳои кӯҳӣ, дарахтбуррӣ, бофандагӣ ва ғайраҳо ҷудо
мешавад.
Ба мошинаҳои нақлиѐти дастраскунандаи борҳо мошинаҳои мусофиркашон дохил
мешаванд.
Ашѐи хом барои истеҳсоли мошинаҳо металҳои ранга ва сиѐҳ мебошанд. Дар шароити
ҳозира заводҳои металургия ба заводҳои мошинасозӣ садҳо намуди пӯлодро медиҳанд, ки
дорои хусусиятҳои гуногун мебошанд. Инчунин дар саноати мошинасозӣ намудҳои гуногуни
металҳои ранга, оинаҳо, пластмасса, резина ва ғайра кор фармуда мешаванд. Муҳаррикҳои
реактивӣ, трубинаҳои газӣ, реакторҳои атомӣ, аппаратҳои ба фишори баланд тобовар
намудҳои нави истеҳсолоти мошинасозӣ ба шумор мераванд.
Яке аз тарзҳои асосии тайѐр намудани маҳсулот дар саноати мошинасозӣ ин гирифтани
метали шакли махсус дошта мебошад. Шакли махсусро бо роҳи об карда рехтан ва
гирифтани шаклҳои алоҳида мегиранд. Рехтагарӣ тақрибан 50% ва баъзан 80% вазни асосии
мошинаҳоро ташкил медиҳад.
Сехҳои рехтагарӣ дар заводи мошинасозӣ аҳамияти калон дорад. Қисмҳои зиѐди
асбобҳои рехтагарӣ аз чӯян иборат мебошанд. Ашѐи хом барои истеҳсоли рехтагарии аз чӯян
ин пулакчаҳое, ки аз аррамайда заводҳои металлургӣ мегиранд. Ѓайр аз чӯянҳои аз
пулакчаҳо гирифташуда дар шихта инчунин пораҳои чӯян, тароша ва дигар партовҳои
коркарди металро гирифта, дар раванди ҳалшавии зич мекунанд, то ки аз он брикетҳоро
гиранд.
Рехтагарӣ бо баробари чӯян аз хӯлаҳои металҳои ранга низ истеҳсол карда мешавад.
Гудозиши чӯянро дар қeраҳо, ки он ба конструксияи оташдонҳои домнави, лекин ҳаҷмашон
хурд мебошад гузаронида мешавад. Қӯраҳо шакли цилиндриро дошта қутри дохилии
шахтаҳо аз 0,5 то 3 м баландиашон 3,5-5,5 м мешавад. Истеҳсолнокии қӯраҳо вобаста ба
ҳаҷми он 1.5 то 10 т ва аз ин зиѐд метали моеъро дар як соат ташкил медиҳад.
Ѓайр аз кӯраҳо дар рехтагарӣ дигар намудҳои оташдонҳои гудозанда ва оташдонҳои
барқиро низ кор мефармоянд. Барои гирифтани маҳсулоти рехтагарӣ чeянро ба қолиби
муайян мерезанд. Маҳсулоти қолибрезӣ ин омехтаи қумҳои кварсӣ ва гилҳои ба оташ
тобовар мебошанд, ки дар баъзе ҳолатҳо ба он миқдори муайяни ордаи майдашудаи
ангиштсангро ҳамроҳ мекунанд, ба он равғани растанӣ, мазут ва дигар моддаҳоро ҳамроҳ
мекунанд. Маводи қолибгирандаро пешакӣ хушк мекунанд.
Барои кам намудани сарфи меҳнат ва метал дар рехтагарӣ ҳоло ба таври васеъ усули
аниқи рехтагариро кор мефармоянд. Барои гирифтани маҳсули рехтагарии аниқ ва тоза
метали моеъро бо фишор ба қолаби ҳаракаткунанда мерезанд, ки он шакли аниқро бо
пуррагӣ дар худ инъикос менамояд. Аз хeлаи металҳои ранга бо ин роҳ чунин маҳсулотҳоро
гирифта мешаванд, ки онҳо то садҳо миллиметр аниқ мебошанд. Дар сехҳи оҳангарӣ ва
рехтагарӣ металҳоро ба шаклҳои муайян тайѐр мекунанд.
Дар саноати мошинасозӣ садҳо намудҳои гуногуни дастгоҳҳои металлургиро кор
мефармоянд, ки инҳо дастгоҳҳои харротӣ, датсгоҳи пармакунӣ, дастгоҳҳои рандакунӣ,
датсгоҳи тарошанда, дастгоҳи сайқалдиҳанда, xилоҳдиҳанда, дастгоҳҳои универсалӣ ва
махсусанд. Fайр аз усулҳои дар боло номбаршуда коркарди метал ва тайѐр намудани
асбобҳои мошин дигар усулҳоро низ кор мефармоянд, ки яке аз ин усулҳо ин кафшеркунии
метал мебошад. Ду тарзи кафшеркунии метал мавxуд мебошад- кафшеркунии газӣ ва барқи.
Кафшеркунии газӣ (автогенӣ)- бо ѐрии гази сeзанда (омехтаи цетилен ва оксиген), ки алангаи
сӯзанда –3000 0С медиҳад гузаронида мешавад. Кафшеркунии барқи, ки оҳан бо дуғаи барқи
об карда мешавад, ки дар ин вақт ҳарорати ба 60000 мерасад.
Вазни қисмҳои кафшершаванда дар бисѐр мошинаҳо дар замони ҳозира 50-80% вазни
умумиро ташкил медиҳанд. Усули металлокерамика аз он иборат, ки аз ордаи метал бо
фишор намуди лозимаро мегиранд. Намуди гирифташударо дар ҳарорати баланд
мечаспонанд, ки метал шакли устуворро мегирад ва суфта намуда, истифода мебаранд.
Барои парма намудан шарораи барқи ва барои тоза кардани қисмҳои нобудшудаи асбобҳо аз
металҳои ранга ва кафшеркунии металҳои ранга усули ултросадои васеъ истифода бурда
мешавад.
39
Таснифи соҳаи мошинасозӣ.
Маҳсулоти мошинасозӣ намудҳои гуногунро дорост. Бинобар он вобаста ба намудҳояш
онро ба гурeҳҳои гуногун ҷудо мекунанд.
Вобаста ба истифодабариашон соҳаи мошинасозӣ ба чунин гурeҳҳои асосӣ ҷудо
мешавад:
Мошинасозии энергетикӣ, нақлиѐтӣ, хоҷагии кишоварзӣ, дастгоҳсозӣ, мошинаҳое, ки
барои соҳаҳои гуногуни саноат, сохтмон ва дигар соҳаҳо мошинаҳо истеҳсол мекунанд
(барои саноати кeҳӣ, металлургӣ, кимѐвӣ, коркарди чeб, бофандагӣ, озуқаворӣ) ва ғайраҳо.
ҳар як намуди мошинасозӣ дар навбати худ ба намудҳои алоҳидаи истеҳсоли маҳсулот дохил
мешавад. Мисол дар мошинасозии энергетикӣ ҷудо мешавад, лeласозӣ, дизелсозӣ дар
хоҷагии кишоварзӣ, тракторсозӣ, комбайнсозӣ ва ғ-ҳо.
Аз нуқтаи назари иқтисодӣ-географӣ ва иқтисодӣ-техникӣ мошинасозхиро, ки ба
ҷойгиршавии ин сохаҳо таъсир мерасонанд, тасниф менамоянд.
Соҳаҳое, ки дар онҳо ашѐи хом бисѐр сарф мешаванд ин соҳаҳои мошинсозии вазнин
буда, дар онҳо истеҳсоли дастгоҳҳои вазнин, металургияи вазнин ва таxҳизотҳои оҳангарӣ ба
роҳ монда шудааст. Ингуна соҳаҳо дар ноҳияҳое сохта ба истифода дода мешаванд, ки
манбаи ашѐи хом наздик бошад.
Соҳаҳои истеҳсоли дастгоҳҳои мураккаб, муҳаррикҳо авиатсионӣ, мошинаи
ҳисоббарор, таxҳизоти техникӣ ва ғайраҳо ба соҳаи истеҳсолии меҳнатталаб дохил
мешаванд. Арзиши маҳсулоти мошинасозии дақиқ нисбат ба мошинасозии вазнин 1,5 – 2
баробар зиѐд буда, сарфи метал кам мебошад.
МАВЗӮИ 16.
МАСЪАЛАҲОИ УМУМИЉАҲОНИИ ИНСОНИЯТ
НАҚША:
1.Мафҳуми масъалаҳои умумиҷаҳонӣ
2.Яроқпартоӣ ва муҳофизати сулҳ
3.Масъалаҳои экологӣ
4.Масъалаҳои демографӣ
5.Масъалаҳои хӯрокворӣ
Охирҳои асри ХХ дар назди аҳли башар масъаҳое пайдо гардиданд, ки ҳалли онҳо на ба
як ѐ гурӯҳи алоҳидаи мамлакатҳои ҷаҳон, балки ба тамоми аҳли башар, қатъи назар аз
гуногунии дин, миллат, шакли ҳокимиятдорию хоҷагидорӣ дахл дорад. Аз ин ҷиҳат, ин
масъалаҳо номи умумиҷаҳонӣ (глобалӣ) гирифтаанд.
40
Масъалаҳои умумиҷаҳонӣ (глобалӣ) ҳамон масъалаҳое номида мешаванд, ки тамоми
оламро фаро гирифта, ҳалли онҳо барои имрӯзу фардои инсоният муҳим ба шумор меравад.
Ин мутаҳид намудани қувва ва амалиѐти якҷояи ҳама давлатҳоро талаб менамояд.
Тамоми масъалаҳои умумиҷаҳонӣ бо таъсири муттақобилаи худ як секунҷаи томро ба
вуҷуд меоранд: аҳолӣ, иқтисодиѐт ва муҳити атроф.
Аз рӯйи хусусияти худ масъалаҳои умумиҷаҳонӣ мухталифанд, ки муҳимтаринашон
инҳоянд: 1) яроқпартоӣ ва муҳофизати сулҳ;
2) масъалаи экологии муҳити табиӣ; 3) масъалаи демографӣ;
4) масъалаи хӯрокворӣ; 5) масъалаҳои ашѐи хом ва энергетика;
6) барҳам додани қафомонӣ; 7) масъалаи Уқѐнуси ҷаҳонӣ.
1. Яроқпартоӣ ва муҳофизати сулҳ - аз рӯйи ҳисоботҳои олимон дар дунѐ 15 ҳазор ҷанг шуда
гузаштааст, вале ҳеҷ гоҳ мисли имрӯза чунин миқдор яроқи қатли ом ҷамъ нашудааст. Њоло
ба ҳар сари аҳолии дунѐ ҳамон қадар моддаи тарканда рост меояд, ки ба воситаи онҳо
мавҷудоти зиндаро якчанд маротиба нобуд кардан мумкин аст. Ҷанги имрӯза ҷанги ядроист.
Оқибати вай пайдо шудани “зимистони ядроӣ” буда, иқлими кураи Замин тағйир меѐбад.
Дар он иқлим ягон мавҷудоти зинда ҳаѐт ба сар бурда наметавонад. Дар арафаи асри XIX
масъалаи яроқи кайҳонӣ ба миѐн омад ва он “ҷанги ахтарӣ” ном гирифтааст.
Яроқпартоӣ, инчунин барои инсон зарур аст боз аз он ҷиҳат ки хароҷоти соҳаи ҳарбӣ
дар як сол аз 1 трлн доллар зиѐд аст. Дар қушунҳои ҳарбӣ беш аз 30 млн нафар аҳолии дунѐ
ва дар тамоми соҳаҳои ба ҳарбӣ таалуқдошта қариб 100 млн аҳолӣ банд аст. Тасаввуур
кардан душвор нест, ки агар ин миқдор воситаю захираҳо ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ
равона карда мешуданд, тамаддуни имрӯза то ба кадом дараҷа мерасид. Њамаи ин
яроқпартоии умумиро талаб менамояд.
Барои он ки ба ин мақсад ноил шавем, бояд сиѐсати ҳамзиштии осоиштаро пеш гирем.
2. Масъалаҳои экологӣ - асоси ин масъаларо муносибати инсон ба табиат ва
муҳофизати муҳити атроф ташкил менамояд. Њанӯз академик В.И. Вернадский гуфта буд, ки
таъсири фаъолияти хоҷагидории инсон ба муҳити географӣ нисбат ба таъсири ҳодисаҳои
геологии дар кураи арз руйдиҳанда афзалият пайдо намудааст. Аз ҷумла “Мубодилаи
модда”-ҳо байни табиату инсон пайдо гаштааст. Инсон соҳиби техникаю технологияи
пуриқтидор гардида, ба табиат чунин зиѐн овард, ки мувозинат хеле коста гашта, хусусияти
глобалӣ табиатро халалдор намуд. Аз нимаи дуюми асри ХХ сар карда, дар муносибати
мутақобилаи инсону табиат ҷаҳиши наве ба вуҷуд
омад. Зиѐдшавии аҳолӣ,
индустриякунонию урбанизатсияи босуръат қобилияти худтозакунии системаҳои экологиро
суст намуданд. Тавассути ин давргардии табиии моддаҳо дар биосфера тағйир ѐфта,
саломатии насли имрӯза бо ояндаи инсонро зери хатар гузоштааст. Уқѐнусшиноси намоѐни
фаронсавӣ Жак де Кусто гуфтааст, ки пеш табиат инсонро ба воҳима меандохт, ҳоло бошад
инсон табиатро. Ин гуфтаҳо асос доранд. Дар баъзе мамлакату ноҳияҳо вазъи экологӣ ҳатто
ба дараҷаи “Бӯҳрони экологӣ” расидааст. Ин аз ифлосшавии муҳити атроф гувоҳӣ медиҳад.
Имрӯзҳо зиѐни он ба миллиардҳо доллар баробар аст.
41
Самтҳои асосии бадшавии сифати муҳити атроф пеш аз ҳама нобудкунии бешазор,
биѐбоншавии заминҳо, ифлосшавии об, тамосфера ва дигарҳо мебошанд. Њар сол бештар аз
11 млн га ҷангалҳои тропикӣ бурида шуда, қариб 8 млн га заминҳои кишоварзӣ аз
маҳсулдиҳӣ мебароянд. Аксар мамлакатҳои дунѐ аз норасоии обҳои нӯшокӣ танқисӣ
мекашанд. Дарѐҳои Дунай, Рейн, Сена, Мисисипи, Волга, Днепр, кӯлҳои Ладога, Балхаш ва
ғайра хеле ифлос шудаанд. Миқдори партовҳо аз моддаҳои заҳрноки ба муҳити атроф
зиѐнрасон зиѐда аз 40 млрд тоннаро ташкил медиҳад. Ифлосшавӣ бо гази дуоксиди сулфур
боиси “Боронҳои кислотагӣ” шуда, хок, обанбор, олами набототро заҳролуд мегардонад.
Чунин боронҳо дар ИМА ва Аврупои Ѓарбӣ қариб 30 млн га дар майдони ҷангалзор сироят
кардааст.
Хатари дигар табиӣ пайдоиши “Эффекти парникӣ”- вайроншавии қабати озонии
стратосфера мебошад. Сабаби асосӣ зиѐд истеҳсолкунию истифодабарии фреонҳо (моддаҳои
фтор, хлору углерод) буда, онҳо қабати озониро сӯрох менамоянд, ки тавассути он нурҳои
ултрабунафш зиѐдтар ба сатҳи Замин расида, ба организмҳои зинда зарар мерасонанд.
Конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Вена (соли 1985) ва Рио-де-Жанейро (соли 1992)
мамлакатҳои ҷаҳонро ба камтар истеҳсол ва истифодабарии моддаҳои химиявии ба ҳаѐт
зиѐновар даъват намуд. Созмони Милали Муттаҳид низ оид ба масъалаҳои экологӣ
ҳуҷҷатҳои мувофиқ тартиб додааст, ки муҳимтарини он “Стратегияи умумиҷаҳонии ҳифзи
табиат” мебошад. Ин ҳуҷҷат барномаи амалиѐти ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро оид ба ҳифзи
табиат ифода намудааст.
3.Масъалаҳои демографӣ - пайдоиши ин масъала ба афзоиши зиѐди аҳолии кураи
Замин ва таъмин намудани он ба воситаи зиндагӣ вобаста аст.
Роберт Малтус дар охири асри XVIII назарияи барзиѐд нуфузии аҳолиро пешниҳод
карда буд. Мувофиқи он афзоиши аҳолӣ нисбат ба воситаҳои зиндагӣ бештар меафзояд, ки
ин сабаби паст шудани сатҳи зиндагӣ ва қашшоқии одамон мегардад.
Ин аз вазъияти демографии кунунию норасоии воситаҳои
зиндагии аҳолии
мамлакатҳои рӯ ба инкишоф гувоҳӣ медиҳад. Воҳимаи барзиѐднуфузиро худи афзоиши
демографӣ не, балки шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҳозира (пеш аз ҳама дар мамлакатҳои
рӯ ба тараққӣ) ба миѐн овардаанд. Бо мақсади ҳалли масъалаи демографӣ СММ “Нақшаи
умумиҷаҳонии соҳаи нуфузнокӣ” –ро қабул намудааст. Чунин барномаҳо барои ба танзим
овардан ва муътадил гардонидани афзоиши аҳолию беҳтар намудани сатҳи диндагӣ
мусоидат мекунанд.
42
4.Масъалаи хӯрокворӣ - њоло дар сайѐраи мо беш аз 1 млрд одамон аз гуруснагию
нимсерӣ азият мекашанд. Аз ин сабаб, масъалаи бо хӯрок таъминкунии аҳолӣ яке аз
масъалаҳои муҳимми глобалӣ мебошад.
Аз он ҷумла вазъияти хӯрокворӣ дар мамлакатҳои рӯ ба инкишофи Африка, Љанубу
Шарқии Осиѐ ва Амрикои Лотинӣ мураккаб аст.
Аҳолии мамлакатҳое, ки гуруснагию нимгуруснагиро аз сар мегузаронанд, ҳамагӣ 1/3
ҳиссаи ғалладонагиҳо ва танҳо 15 дарсади гӯшту шир ва тухми ҷаҳонро истеҳсол менамоянд.
Моҳияти масъалаи хӯрокворӣ ан дар он аст, ки дар дунѐ озуқаворӣ нокифоя аст, балки
дар он аст, ки географияи истеҳсолу истеъмоли хӯрокворӣ бо ҳам мувофиқ нестанд.
Аз он ҷумла ИМА, Канада, Австария, Русия, Аврупои Ғарбӣ аз талаботи худ хеле зиѐд
хӯрокворӣ истеҳсол менамоянд. Мамлакатҳои рӯ ба инкишоф бошанд, аз норасоии он
душворӣ мекашанд.
Сабаби он дар муддати тӯлонӣ зери мустамлика қарор ѐфтани қисми мамлакатҳои рӯ ба
инкишоф мебошад, ки он ба тарзи хоҷагидории онҳо таъсири калон расонидааст.
Ин дар норасоии нуриҳои менералӣ, техника ва усули хоҷагидории мамлакатҳои рӯ ба
инкишоф мушоҳида карда мешавад. Дар ҷаҳон инчунин усулҳои пешқадами рустанипарварӣ
ва чорводорӣ вуҷуд доранд, ки онҳо низ барои давлатҳои рӯ ба инкишоф дастрас нестанд.
Аз ин ҷиҳат барои ҳалли ин масъала истфиодаи усулҳои пешқадами истеҳсолот зарур аст.
Пеш аз ҳама агротехникаи пешқадам ва селексияи ҳозиразамонро истифода бояд бурд.
5.Масъалаҳои энергетикӣ ва ашѐи хом - ин масъалаҳо ба маҳдудияти сарватҳои
минералӣ алоқаманд буда, оқилона истифода бурдани онҳоро талаб менамояд. Дар акси ҳол,
дар муддади начандон тӯлонӣ инсоният ба камшавӣ ва норасоии ашѐи хом ва сарватҳои
энергетикӣ дучор мегардад. Барои аз ин вазъият баромадан сарватҳои минералиро бояд бо
технологияи бепартов истифода бурд. Инкишофи энергетикаро барои истифода бурдани
сарватҳои энергетикии тамомнашаванда равон намуд. Аз ин нигоҳ, ҳоло дар бисѐр
мамлакатҳои ҷаҳон баҳри сарфаю сариштаи энергия ва ашѐи хом чорабиниҳои зиѐдеро
мегузаронанд. Њоло 1/3 ҳиссаи металлҳои истифодашаванда, ба монанди алюминий, мис,
сурб ва қалъагӣ аз партовҳо ва ашѐи хом такроран истеҳсол карда мешаванд.
Дар баъзе давлатҳо ба истифода бурдани энергияи Офтоб, шамол, мадду ҷазр, обҳои
гарми геотермалӣ асос гузоштанд.
6. Барҳамдиҳии қафомонии мамлакатҳои рӯ ба инкишоф – миқѐси қафомонии
мамлакатҳои ҷаҳони сеюм хеле бузург аст. Барои муайянкунии дараҷаи қафомонӣ асосан
нишондиҳандаи даромад ба ҳар сари аҳолиро истифода мебаранд. Мисол, таносуби ин
нишондиҳанда байни ИМА ва Њабашистон (Эфиопия) 100:1 баробар аст. Аҳолии
мамлакатҳои рӯ ба инкишоф бошанд, нисбат ба мамлакатҳои тараққикарда 3 баробар зиѐд
аст, вале онҳо 6 баробар кам маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунанд. Ин ба ҳисоби ҳар сар
аҳолӣ аз давлатҳои мутараққӣ 15-16 баробар кам аст. Чаду Комбоҷа бошанд, аз Норвегия
ҳазорҳо маротиба неруи барқ кам истифода мебаранд. Дарозумрӣ дар ҷаҳони тараққикарда
70-75 сол, дар олами рӯ ба инкишоф: дар Њабашистон (Эфиопия) - 42, дар Сомалӣ- 44, дар
Њиндустон- 55, дар Сера Леоне- 32 солро ташкил медиҳад.
Ќафомонии мамлакатҳои рӯ ба инкишофро масъалаи қарзи берунии онҳо афзунтар
намудааст, ки он ҳоло аз 1 трлн доллар зиѐд аст.
Ќафомониҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳои рӯ ба инкишоф бори гаронест, ки
барҳам додани он маблағгузории зиѐдро талаб менамоянд, ки он барои мамлакатҳои рӯ ба
инкишоф ниҳоят мушкил аст. Ин аз он мамлакатҳо гузаронидани бозсозиҳои иҷтимоию
иқтисодиро талаб менамояд.
Шарти дигари барҳам додани қафомонии давлатҳои рӯ ба инкишоф, ин дар ҷаҳон ба
миѐн овардани тартиботи нави муносибатҳои одилонаи иқтисодӣ байни мамлакатҳо, кам
кардани хароҷотҳои соҳаи ҳарбӣ ва истифодаи онҳо барои пешрафти иқтисодиѐти
мамлакатҳои рӯ ба инкишоф мебошад.
7. Масъалаи истфиода бурдани Уқѐнуси ҷаҳонӣ - Уқѐнуси ҷаҳонӣ ҳамеша барои
инсоният аҳаммияти бузург дошт. Алалхусус, дар алоқаи мамлакатҳо ва халқҳои сайѐра
воситаи муҳимме ба ҳисоб меравад. То миѐнаҳои асри ХХ Уқѐнус фақат 1-2 дарсади
даромади умумии хоҷагидории инсониятро медод. Баробари тараққиѐти инқилоби илмӣтехникӣ таҳқиқот ва азхудкунии Уқѐнуси ҷаҳон тамойули дигарро гирифт.
43
Аз ҷумла, тезу тундшавии талаботи ҷаҳонӣ ба энергияю ашѐи хоми боиси пайдоиши
истихроҷи маъдани кӯҳӣ, коркарди химиявии баҳрӣ ва истеҳсоли энергияи он гардид.
Пешравиҳои ИИТ боиси боз ҳам зиѐдшавии истихроҷи нафту газ, оҳан ва дигар ашѐҳои
минералӣ мегардад. Инчунин, барои сохтани иншоотҳои бузурги барқӣ (мадду ҷазрӣ),
истифодаи қувваи ҷараѐнҳои баҳрӣ ва ширинкунии оби баҳрӣ имконият медиҳад. Дар қатори
ин аз Уқѐнуси ҷаҳон инсоният тақрибан 12-15 дарсади сафедаи ҳайвонотро мегирад. Доираи
ба хоҷагӣ ҷалбкунии сарватҳои уқѐнусӣ васеъ гардида, истифодаи он хусусияти глобалӣ
пайдо намуд. Ин боиси торафт ифлосшавии оби сатҳи Уқѐнуси ҷаҳонӣ ва паст гардидани
ҳаҷми истеҳсоли ашѐи хоми биологӣ гардида истодааст.
Солҳои охир ҳаҷми боркашонии баҳрӣ ниҳоят зиѐд гардида, борғунҷонии киштиҳо то
ба 200-500 ҳазор тонна расид. Ин ба зиѐд гардидани хоҷагии баҳрӣ мусоидат намуд. Дар як
вақт барои бештар ифлосшавии қисми соҳилии Уқѐнуси ҷаҳон замин гардид.
Ба замми ин, солҳои охир дар ҷойҳои хушманзараи баҳру уқѐнус сохтани муассисаҳои
рекреатсионӣ (истироҳатию табобатӣ) хеле авҷ гирифт, ки ин ҳам аз сабаби бештар
гардидани ифлосшавии обҳои қисми соҳилӣ гардид. Ҳодисаҳои ифлосшавӣ бештар дар
баҳрҳои канорӣ: баҳрҳои Шимолӣ, Балтика, Миѐназамин, халиҷи Форс ва ғайраҳо хеле ба
чашм мерасанд.
Пешгӯйи ва ба низом овардани ин ҳодисапҳо ҳамкории мамлакатҳои баҳриро талаб
менамояд. Барои ба амал баровардани ин ғоя конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (соли
1982), ки ҳамчун “Хартияи баҳрҳо” эътироф шудааст, аҳамияти калон дорад.
8.Азхудкунии кайҳон. Кайҳон ҳамчун муҳити глобалии умумиинсонӣ барои ҳамаи
мамлакатҳо дастрас дониста шудааст. Азхудкунии он кори на чандон осон аст. Ин ҳамкории
техникӣ, иқтисодӣ, ақлии бисѐр мамлакатҳои ҷаҳонро тақозо менамояд. Аз ин нигоҳ,
азхудкунии кайҳон яке аз масъалаҳои муҳимми умумиҷаҳонӣ гардидааст.
Ин аз давлатҳои ҷаҳон истифодаи осоиштаи кайҳонро талаб менамояд, яъне фазои
кайҳонӣ бояд аз ҳама гуна яроқ ва озмоишҳои он соқит бошад.
Ѓайр аз масъалаҳои дар боло номбаргардида дар назди инсоният ҳифзи саломатӣ ва
зарурати фаҳмиши бо ҳам алоқамандӣ барин масъалаҳои глобалӣ истодааст.
44
Скачать